casino malaysia
casino malaysia
Фарзанди башар

wrapper

 
Дар арсаи фарҳангу адаб ва илми тоҷик ворид гардидан кори саҳл нест, зеро дар ин арса донишварону зуфунуноне будаанду ҳастанд, ки аз илму фарҳангашон натанҳо миллати тоҷик баҳравар гардида, балки башарият баҳравар гардидааст ва баъдҳо низ аз он дарёи маърифат нуш хоҳанд кард. Аз ин рӯ, арсаи илму фарҳанги тоҷик ҷойе нест, ки ҳар кас тавонад тасодуфӣ вориди он гардад, агар ворид, ки гардид касе бояд бидонем, ки он шахс чӣ зарфиятҳои бузурге дар худ доштааст, ки тавониста ба ин даргоҳи офаридгорӣ бипайвандад.
Ин нуктаҳоро, ки зикр кардем, албатта, бесабаб нест, зеро дар арсаи адабу илми тоҷик устоди тавоно Назрӣ Яздонӣ солҳост хидмати боиставу бузург анҷом медиҳад. Устод Яздонӣ меросбари ин арсаи илму фарҳанги ниёконаш аст ва дар ин росто, устод тавониста осори гаронмояеро халқ кунаду ба миллат инъом намояд.
Ба ҳар кас муяссар намегардад, ки чун устод Назрӣ Яздонӣ дар ду ҷабҳа- адабиёт ва илм бори маънӣ бикашаду биофарад, аммо устод Яздонӣ ҳам дар адабиёт ва ҳам дар илм эҷоди арзишманде офаридааст, ки ҳосили онро мо аз осораш дидаем.
Устод Яздонӣ дар адабиёти муосири тоҷик яке аз шоирони тавоно шинохта шудааст ва дар эҷодиёташ меҳри ватану ватандориро бо як сабки ба худаш хос дар риштаи назм кашида, ба дили хонанда ҷой кардааст. Таронаи “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон”-и Назри Яздонӣ хотираҳои аҷиб дорад, устод худ қисса мекунад, ки як марди солдида дар роҳ ба ӯ арзи эҳтиром карда, гуфтааст, ки “маро дар муҳоҷират аз як гӯшам хоки Ватан мекашид ва аз гӯши дигарам суруди “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон”. Аз ин гуфтори хонанда ҳувайдост, ки сухани шоир ба нишони худ расида ва рисолаташро ончунон анҷом дода, ки қасдаш ҳам “беватанро оварад сӯи ватан” буд.
Яке аз осори гаронмояи устод Назрӣ Яздонӣ ин «Ҳикмати озодагон» мебошад, ки ин аз китобҳои муътабари устод маҳсуб меёбад ва дар ҷомеаи навини тоҷикон мавриди мутолиаи аҳли илм ва аз ҷониби олимони тоҷик баҳои баланд гирифтааст.
Ин осори устод дар жанри эссеи фалсафӣ таълиф гардида, ба тадбиру тақдири ҳувияти миллӣ ва фарҳангу маънавиёти тоҷикон бахшида шудааст. Дар ин осор устод Яздонӣ ба арзиши маданияти тоҷик, мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ, хусусиятҳои асолати миллӣ, моҳияти иҷтимоӣ, сиёсати ваҳдати миллӣ диййати махсус дода, онҳоро мавриди пажуҳишу таҳқиқ қарор додааст.
Хидматҳои устод Яздонӣ дар худшиносиву худогоҳии миллӣ бузург аст, чи тавре, ки дигарон ҳам аз ин хидматҳои устод васф кардаанд: хидмати шоёни дигари Назри Яздонӣ аз ин иборат аст, ки муваффақ гардидааст, то лоиҳаи силсилаи китобҳои гузаштагонамонро таҳти унвони “Тоҷнома” амалӣ созад. Бале, андешаи маҳз ӯ буд, ки чунин силсилаи китобҳо коркард шуда, ба нашр мерасанд. Китобҳое, ки саҳми тоҷиконро дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо санаду ҳуҷҷатҳои дақиқ нишон диҳанд, мавқеи миллати тоҷикро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан кунанд, ҳамеша як орзуи ӯ буд.
Лоиҳаи силсилаи китобҳои “Тоҷнома”, ки бо ибтикори Назри Яздонӣ пешниҳод шудааст, аз “Авасто” шурӯъ гардида, аз “Мероси хаттии бостон”-у “Ҷовидонхирад” ва дигар китобҳо иборат аст ва феълан дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Тавре худи устод мегӯяд: “Хушбахтона, соате шуд, ки ин ақида аз тарафи академик Носирҷон Салимӣ ба ман гузошта шуд ва соати саодат будааст, ки маслиҳати ба амал овардани ин орзу дастгирии воқеӣ ёфт. Ба назари ман, ин лоиҳа ҳам дар самти худшиносии миллӣ ва ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сарбаландона хостани истиқлолият ва мавқеи миллати хеш бисёр муҳим аст. Агар мо тавонем, ки солҳои наздик ин силсиларо пурра ба нашр супорем, ин муваффақияти давлати мо мешавад. Албатта, ин амал саҳлу сода нест ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Ва тибқи лоиҳа, ин силсила феълан аз 50 китоб иборат аст ва баъдан мувофиқи барнома, ҳамаи китобҳои силсилаи “Тоҷнома” бояд ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба англисӣ тарҷума ва нашр шаванд. Инчунин ба хати форсӣ баргардонидани онҳо аз манфиат холӣ нест ва шояд ба забони арабӣ ҳам нашр гарданд”.
Аз ин гуфтору пиндори устод рушан аст, ки баҳри пойдориву ҷовидонагии миллат омода аст, ҳастиашро фидо кунад ва ин корро дар илму адаби муосири тоҷик анҷом ҳам дод. Устод Яздонӣ шоири табъи баланд доштаву олими жарфбин аст ва аз ин рӯ, ба ҳар чизе даст зад онро дар сатҳи олӣ ба анҷом мерасонад.
Шахсияти устод Назри Яздонӣ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ маъруф гардида буд ва бо чеҳраҳои илму адаби он замон ошноӣ дошту аз онҳо дарси камолот мегирифт, ин ҳама омӯзишҳо буд, ки устод Яздонӣ мавқеи устуворро дар риштаи илму адаб соҳиб гардид.
Барои худшиносиву ҳувияти миллӣ аз оғози фаъолият то инҷониб қаламфарсоӣ кардааст ва насли ҷавон аз осори ӯ дарси худшиносиро азхуд кардаанду мекунанд. Устод Яздонӣ дар сабти комили аудиоии “Шоҳнома” ширкат кардааст. Муддати панҷ сол дар Радиои давлатии Тоҷикистон барномаҳои мустақили “Асолати миллӣ” ва “Худшиносии миллӣ”-ро пеш бурдааст.
Ин ҳама хидматҳои устод гувоҳи он аст, ки дар худшиносии миллӣ саҳми бориз дорад. Ҳоло дар баробари эҷоди шеър тадқиқоти фалсафиву фарҳангӣ дар мавзӯъҳои «Ташаккул ва такомули маънавиёти тоҷик дар масири адолатгароён (Пешдодиён), маърифатпешагон (маздоясноӣ), исломӣ, шӯравӣ ва истиқлоли сиёсӣ», «Таъсир ва такомули тарафайни тамаддунҳо, (исломӣ, иудаистӣ, насронӣ, ҳиндӣ)» сурат мегиранд.
Ба гуфтаи устод Назрӣ Яздонӣ дар солҳои 70-уми асри гузашта шуруъ карда, то ин дам дар риштаи илм хидмат мекунад ва бубинед, ки беш аз ним аср устод Яздонӣ дар пайи пажуҳишу ковишҳои илмист, рисолаву осори гаронарзише дар ин миён эҷод карда, ки аҳамияташон солҳову асрҳо боқӣ хоҳанд монд.
Аз чунин фарзонафарзанди худ миллат бояд ҳам бифахраду ҳам биболад, қадрашро низ бояд сари вақт дарёбад, зеро хидматҳои созандаву ҷовидонааш арзандаи ҳар арҷгузориҳост.
Осораш аллкай марзҳои минтақаро убур карда, дар ҷаҳон мавқеи худро пайдо кардаанд ва ин нишони он аст, ки андешаҳои устод аз зовияи миллат баромада, дархӯри башарият гардидааст.
Чунончи, устод Лоиқ дар ин бора фармудаанд:
Фарзанди падар ҳастӣ, ин мояи фахри туст,
То фахр кунем аз ту, фарзанди башар мебош.
Дар воқеъ, устод Яздонӣ бо осори арзишмандаш мақоми фарзанди башар буданро гирифтааст. Ояндагон низ аз осораш ғизои маънавӣ хоҳанд гирифт.
Мо ба устод ҳамин гуна пуркориву пухтакориро беш аз пеш таманно мекунем ва ба туфайли хидматҳои ин фарзанди накӯ миллат ҷовидонатар хоҳад гардид. Поядангиву сарфарозиву тансиҳатии Шумо устод орзуи ҳамешагии мост.
Бобоҷон САМИЕВ,
Зебо ЗИЁЕВА,
Зоҳири САЙФУЛЛО,
Садаф ҶАНГИБЕКОВА

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia