casino malaysia
casino malaysia
Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ  

wrapper

 

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус, Пешвои равшанзамири миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ки мо ба ҷавонон ҳамчун ба ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷӯҳ карда, барои амалӣ намудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо пайваста кӯшиш менамоем. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо, аз қабили паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои  давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ  ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни инҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад. Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти эҷодии онҳо, муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи  барномаҳои  инноватсионӣ  тадбирҳо андешида мешаванд.
         Ҷавонон як қишри муҳими ҷомеаи мо мебошанд. Саҳми онҳо дар таҳкими  Истиқлоли давлатӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад.
         Ватани азизи мо – Тоҷикистон имсол  33-умин  солгарди  Истиқлоли давлатиро таҷлил менамояд. Ба хотир овардани ин санаи фархундаи таърихиро аз он лиҳоз зарур мешуморем, ки бори дигар ба гузаштаи начандон дури ҳаёти ҷомеа, ба роҳи тайнамудаи халқи азизамон баъди дарёфти Истиқлолият, ба зарурати таҳкими Истиқлол назарее андозем. Ва ҳамин роҳи тайнамударо  ба ҳодисоту воқеа ва рӯйдодҳои ҷаҳони зуд таѓйирёбанда қиёс намоем.
         Ҷаҳони имрӯзаи башарӣ – ҷаҳони бархурди  манфиатҳову тамаддунҳо, ҷаҳони аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ѓасб кардани  кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодиву фарҳангӣ ақиб монда, ҷаҳони мубориза тавассути васоити иттилоотӣ ва шабакаи интернетӣ аст. Ҷаҳонест, ки сияҳкорон бо таблиѓи ҳамагуна  идеологияи  таҳрифкорона ва хурофотии худ миёни инсоният ҳисси бадбинӣ, нафрат, маҳалгароиву миллатгароӣ ва қадр накардани арзишҳоро ба вуҷуд оварда, ҷомеаи инсониро носолим мегардонанд, ҳуқуқҳоро поймол месозанд.
Хамагон огоҳанд, ки дар чанд соли охир як қатор кишварҳои исломӣ, яке пас аз дигаре гирифтори шуришу эътирозот, ба гуфти худашон инқилобҳои ранга гардиданд. Дар асари ин ҷангу моҷароҳо ҳазорон инсонҳои бегуноҳ қурбон шуданд, хисороти  ҳангуфт  ба иқтисодиёти онҳо ворид гардид, мардуми овораву гуреза ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Дар чунин шароит мо наметавонем дар фикри истеҳком бахшидан ба сулҳу озодӣ ва истиқлоли миллию давлатӣ ва ягонагии кишварамон набошем.
Ин аст, ки саволе ба миён меояд, ки оё мо чӣ будани истиқлолро шинохтаем? Оё мо қадру қиммат ва моҳияти онро медонем? Омилҳои таҳкими Истиқлол кадомҳоянд? Ва аз ҳама муҳим он аст, ки оё насли наврас қадру қиммат ва озодию истиқлолро мефаҳманд?
Чи гуна бояд арзиши ин неъмати бузургро ба ҷавонон фаҳмонд?
Истиқлолият – озод ва новобастагӣ аз ҳар гуна қувваи қудрати беруна, сифату хусусияти ҳар як давлати комилихтиёр аст. Истиқлоли давлатӣ рамзи мустақилияти сиёсиву ҳуқуқии  давлат буда, дорои болотарин  масъулият ва арзиш чун субъекти  авали ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад ва тобеъ набудан ба ҳокимият ва давлати дигареро ифода мекунад.
Сабаби  таваҷҷӯҳи хосаи давлат ба масъалаҳои ҷавонон дар он аст, ки Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз давлатҳои ҷавонтарин буда, синни миёнаи сокинони он 24 солро ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҳадафи асосии мо дар доираи сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҷавонон муттаҳид намудани нерӯи созандаи насли ҷавон ба хотири бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ва пешрафта мебошад. Зеро ояндаи нек ва фардои ободи Ватани азизамон аз сатҳу сифати  донишу малака ва таҷрибаву маҳорат, ахлоқи ҳамида, омӯхтан ва ҳарчи бештар азхуд кардани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияи замонавӣ, инчунин ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҳар кадом ҷавон вобастагии зиёд дорад.
Аз ин рӯ, ҷавонони кишвар бояд рисолати  таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиамон сафарбар созанд. Ва онҳо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ин вазифаи ҷониву муқаддас ва қарзи имониву шаҳрвандии ҷавонон дар назди  Ватан-Модар  аст.
Истиқлол ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамчун неъмати бебаҳои таърих дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон нақши босазо гузошта, барои тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои густурдаи рушду такомули сиёсати  давлатии ҷавонон мусоидат намуд.
Бинобар ин, ҳанӯз дар солҳои авали истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки ин ҳама далели тавҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумат ба масъалаҳои ҷавонон ва соҳиби мақоми шоиста будани онҳо дар ҷомеа мебошад.
Ҷавонон бояд хуб дар ёд дошта бошанд, ки рӯзгори имрӯзаи ободу осуда ва ояндаи саодатманди ҳар як миллату мамлакат аз сатҳи рушди соҳаи илму маориф вобаста аст, ки маҳаки асосии он дониш мебошад.
Ҳар фарде, ки дили худро бо чароѓи донишу маърифат афрӯзад,  пеш аз ҳама дорои ахлоқи шоиста, одоби ҳамида ва соҳиби илму фарҳанг мегардад. Яъне дониш ҷони бедор аст ва бедории ҷон аз ѓизои маънавӣ сарчашма гирифта,  роҳи фардои ҳар як фардро муайян месозад. Аз ин рӯ, бузургтарин асрори бақову ҳастии миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ бо қаламу китоб аст. Бинобар ин, ҷавонон бояд идомадиҳандаи суннатҳои неку писандидаи аҷдодони худ бошандд ва дили худро бо чароѓи илму дониш равшан созанд.
Дар ин ҳолат дар вуҷуди ҳар шахси донишманду соҳибилм, бахусус ҷавонон эҳсоси гарми ватанпарастиву ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳаёти мустақилона омода будани онҳо решадору қавӣ мегардад.
Ин падидаву омилҳо дар марҳаллаи кунунӣ барои мамлакати мо ниҳоят заруранд, чунки маънавиёти умумии мардум сарвату ганҷинаи миллат маҳсуб меёбад.
Ҷавҳари худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ пеш аз ҳама аз дӯст доштани модар, забон, ватан, таърих ва арзишҳои фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсияти дорои ҷаҳонбинии солим боис мегардад.
Дастгирии ҷавонони лаёқатманд, кадрҳову мутахассисони соҳибистеъдоди ҷавон, беҳбудии шароити хизмати ҳарбӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи давлати Тоҷикистон қарор доранд.
Бо назардошти ин, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои таҳсил ва донишандӯзиву касбомӯзӣ ва кору зиндагии ҷавонон тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст ва ба ин васила мехоҳад рушди ҳамаҷониба ва ободиву шукуфоии Ватани аҷдодиямонро таъмин созад.
Имрӯз низ иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони варзидаву соҳибтаҷрибаи соҳаҳои гидроэнергетикаву нақлиёт, сохтмону саноат, алоқаву авиатсия ва молияву бонкдорӣ эҳтиёҷи зиёд дорад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои асосӣ  тарбияи мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо мебошад.
Вобаста ба ин масъала, дар кишварамон то ҳоло корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, вале вазъи имрӯза, яъне афзоиши номутаносиби қувваи корӣ, ба таври зарурӣ рушд накардани саноат ва нарасидани ҷойҳои корӣ моро ба андешидани тадбирҳои иловагӣ водор месозад.
Дар марҳаллаи қонунии тараққиёти мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбанд, ки дар доираи татбиқи онҳо доир ба рушду пешрафти  иҷтимоиву маънавии ҷавонон низ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Бояд зикр кард, ки таъмини истиқлоли энергетикӣ, фароҳам овардани робитаи  доимии нақлиёти тамоми минтақаҳои кишвар ва эҳёи Роҳи бузурги абрешим, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳои  бузурги гидроэнергетикӣ, сарватҳои  зеризаминӣ ва обу замини Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба нерӯи созандаи ҷавонони бонангу номус вобаста аст, ки бо нерӯи тоза ба хотири татбиқи ҳадафҳои  ободонии Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон кӯшишу талош намоем.
 
 
Мирзошоҳрух Асрорӣ – номзади илмҳои фалсафа,
сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи
ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia