casino malaysia
casino malaysia
Истиқлол тантанаи ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ ва худшиносист

wrapper

Ҳар як вожа ва истилоҳ дар забон, мантиқ, фалсафа ва илмҳои гуногун маънои хос, аломату нишонаҳои вижа ва муҳимеро дорост, ки бе омӯхтани мӯшикофона ва тааммул дар ҳақиқаташ наметавон ба пуррагӣ аз маънои воқеии он хабардор шуд. Чунин вожа ва истилоҳоти муҳиме, ки дар зиндагии рӯзмарраи инсонҳо ҷойгоҳи хоса доранд ва кайфияту чигунагии ҳаёти онҳоро нишон медиҳанд, зиёданд. Дар иртибот бо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ва умуман моддию маънавӣ вожа ва истилоҳи Истиқлол мавқеи хосаро ишғол мекунад. Тавре ки аксари муҳаққиқон ва муаллифони роҷеъ ба масъалаҳои истиқлолият мақола ва ё маърӯза омоданамуда қайд кардаанд, истиқлолият ҳаммаъно бо вожаи олмонии «суверенитет», («Souveränität») буда, комилан вобаста набудани давлат аз давлатҳои дигар дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии худашро ифода мекунад; истиқлолияти миллӣ бошад, маҷмӯи ҳуқуқҳои миллат (халқ) ба озодӣ дар интихоби сохти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, тамомияти арзӣ, новобастагии иқтисодӣ ва ғ.-ро дар бар мегирад.
Истиқлолияти давлатӣ сифати ҳуқуқии ҷудоинопазири истиқлолияти давлат аст, ки рамзи мухторияти ҳуқуқӣ-сиёсӣ, масъулияти олӣ доштан буда, ҳамчун арзиш субъекти аввалини ҳуқуқи байналхалқӣ аст ва волоияти ҳокимияти давлатӣ, итоат накардан ба кишварҳои дигарро мефаҳмонад. Бинобар ин, эҳтиром намудани истиқлолияти як кишвар аз ҷумлаи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аст. Тавре дар боло зикр намудем, дар ҳуқуқи байналмилалии муосир, ба ғайр аз истиқлолияти давлатӣ, мафҳумҳои истиқлолияти миллӣ, истиқлолияти мардумӣ низ истифода мегарданд, ки ҳар кадом дар мавридҳои хос ба кор мераванд.
Вожаҳои «истиқлол», «соҳибихтиёрӣ», «новобастагӣ» ва «озодӣ» ба якдигар ҳаммаъно буда, бо тобишҳои хоси маъноӣ ва луғавӣ барои такмили ҳамдигар ёрӣ медиҳанд. Дар тамоми даврони таърихӣ мардуми озодихоҳ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ин вожаҳои муқаддас бо онҳо ҳамроҳ бошанд ва барои дастёбӣ ба чунин орзую омоли воло садҳо ҳазор фарзандони фарзонаи миллату қавмҳои гуногун ҷони худро нисор ҳам кардаанд.
Саволе ба миён меояд, ки аввалин ва аслитарин вожаҳое, ки истиқлолро имконпазир месозанд кадомҳоянд? Беихтиёр дар ҷавоб вожаҳои муҳими ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ пеши назари инсон ҷилвагар мешаванд. Бо каме тааммул ва пайвандсозии мантиқӣ дармеёбем, ки аслитарин пояҳои истиқлоли як давлату миллат, як ҷомеа ҳамин вожаҳои дар боло зикршуда ҳастанд. Дар навбати худ, истиқлол аст, ки барои таҳкими ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ шароит фароҳам меорад, то ки таъсири мутақобилаи ин падидаҳо то ҳадди имкон безавол гардонидани ҳам истиқлолу озодӣ ва ҳам ваҳдату худшиносӣ ва бар асоси онҳо зиндагии орому осоишта ва тинҷу амнро имконпазир созад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми худ истиқлолият ва аслҳои асосии давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин баён менамояд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ин интихоби мардуми Тоҷикистон буда, маҳз демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлати мо нишонаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти мост. Барои ҳифзу пойдории он моро зарур аст ҳамеша бо зиракии сиёсӣ ва огоҳона принсипҳои ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва ғ.-ҳоро риоя ва арҷгузорӣ кунем.
Бори дигар ёдовар шуданӣ ҳастем, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолталабӣ арзиши олӣ барои ҳамаи инсонҳо, халқҳо, миллату давлатҳо мебошад ва барои ба даст овардани ин мақом дар тули асрҳои гуногун мардуми миллатҳои гуногун миллионҳо нафар муборизаҳо бурдаанд, дар ин роҳ қурбон шудаанд, қаҳрамониҳо нишон дода, истодагариҳо кардаанд ва ғ. Мо низ ҷоннисориҳо, заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллатамонро барои ҳифз ва таҳкими истиқлоли миллиамон набояд фаромӯш созем. Зеро истиқлолияти давлатии мо низ ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ҳифзи он дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо нафар ҷони худро қурбон кардаанд. Тавре Зокиров Н. қайд намудааст: «Давлатдорӣ нишонаи асосии ҳолати рушди як миллат, мардум аст, ки давлати худ ва низоми ҳуқуқии миллиро таъсис додааст… Ба даст овардани давлатдории миллӣ аз масъалаҳои асосии таърихи муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин дастоварди бузургро доираҳои манфиатхоҳи баъзе кишварҳо дидан намехостанд ва мехостанд, ки ба тамомияти арзии кишвари мо халал ворид намуда, ба тақсими он муваффақ шаванд». Пас аз ҷаҳду талошҳои зиёде барои ба ҳам овардани миллати тоҷик, ки дар натиҷаи хиради азалии мардуми мо дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имконпазир шуд ва пас аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат, ҷараёни баҳамоӣ ва сулҳу ваҳдат маҷрои тозае касб кард. Пас аз ин иҷлосияи таърихӣ Тоҷикистон ба давраи нав ворид шуд ва роҳи раҳоии кишвар аз нобудӣ падид омад. Бо муҳайё гардидани замина барои музокироти сулҳи тоҷикон то 27 июни соли 1997 ҳашт давраи музокирот ва 21 мулоқоти расмӣ дар байни тарафҳои даргир баргузор гардид. Пофишориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ниҳоятан мардуми тоҷик ба сулҳу субот ва зиндагии осоишта баргашт. Маҳз пас аз барқарор шудани сулҳи комил, ваҳдат ва ҳамдилӣ Тоҷикистон ба марҳилаи баъдии рушду тараққӣ ворид гардида, тӯли як даҳсола ба дастовардҳои азим дар тамоми соҳаҳои ҳаёти маишӣ ноил шуд.
Маҳз бо назардошти ҳамин вазъ, муқоисаи ҷангу сулҳ, носозгорию ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 22 декабри соли 2016 чунин иброз намуда буданд:
«Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».
Волотарин хизмате, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон кардааст, ин таъмини сулҳ ва суботи кишвар аст, ки дар саҳифаҳои таърихи миллатамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад ёфт.
Дар қатори ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дар оянда таъмин намудани зиндагии шоиста пешбинӣ ва таҳия гардидаанд, се ҳадафи асосӣ ҷои намоён доранд, ки бо ҷаҳду талошҳои ҳамарӯзаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастёбӣ ба онҳо наздиктар шуда истодаем. Дар баробари таъмини зиндагии шоиста ин се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ барои таъмин ва тантанаи воқеии ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ мусоидат мекунанд.
Ҳоло мехоҳем бубинем, ки ҳар яке аз ин ҳадафҳои стратегӣ то чӣ андоза дурбинона таҳия шудаанд ва то чӣ андоза барои таҳкими ваҳдату худшиносӣ метавонанд хизмат намоянд:
  1. Дар стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар баробари тарҳҳои гуногуни таъмин намудани кишвар дар тамоми чор фасли сол бо неруи барқ ва гармӣ бузургтарин тарҳ – ин сохтумони НБО Роғун мебошад, ки барҳақ иншооти аср аст. Баробари пайванд сохтани шабакаҳои ягонаи барқи ҷумҳурӣ ва содир намудани барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов, аз ҳоло раванди бунёди ин НБО мардуми ҷумҳуриро ҳам аз ҷиҳати ҳадафу ормонҳои ягона, ҳам аз нуқтаи назари он ки коргарону ширкатҳои сохтумонии вилояту ноҳияҳои гуногуни кишвар дар он машғули кор ҳастанд, ба ҳам оварда барои боз ҳам наздиктар кардани қалбу дидаҳо хизмат расонида истодааст.
  2. Пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ки қариб сад дар сад ин ҳадаф амалӣ гардид мардуми кишварро боз ҳам ба ҳам наздик кардааст. Тавре ки мегӯянд, роҳҳо рагҳои хунгарди ҳар як кишваранд. Ҳар қадаре ки онҳо васеътару ободтар, ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ бошанд, ба ҳамон андоза интиқоли молу коло, иртиботи байни хешу табор, робитаҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ байни гушаву канорҳои мамлакат меафзояд, шароити хуб барои рушди сайёҳии дохилӣ ва хориҷи ба вуҷуд меояд, ки ҳамаи ин муаррификунандаи табиат, фарҳанг, одобу ҳунар ва дигар хусусиятҳои мардуми минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Роҳҳо пайвандгари мардум ҳастанд.
  3. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ низ имрӯзҳо мардуми моро водор сохтааст, ки барои таъмини ин ҳадаф аз таҷрибаи бою ғании мардумони гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ ба таври васеъ истифода намуда, онро махсусан дар бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ, ҷамъоварӣ ва хушк намудани меваҳо, парвариши молу чорво, омӯзиши ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, пухтани ғизоҳои гуногуни миллӣ ба таври васеъ истифода намоянд. Албатта, чунин табодули таҷриба, рафтуомадҳои зиёд ва ҳамкориҳои дохилӣ низ барои таҳким ва тақвияти ваҳдат, ҳамдилӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ мусоидат карда истодаанд.
Барои худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде дар самти эҳёи фарҳанги миллӣ анҷом дода шудааст. Баргузории ҷашнҳои 1000-солагии Носири Хусрав, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии Рӯдакӣ, 645-солагии Камоли Хуҷандӣ, 960-солагии Умари Хайём, 545-солагии Беҳзод, 1310-солагии Имом Абуҳанифа, ҷашнвораҳои Б. Ғафуров, С. Улуғзода, Туғрал ва ғ.-ҳо, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии Авесто, 2700-солагии ш.Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва ғ., эҳё намудани ҷашну идҳои миллӣ ва ғ. намунаи андаке аз корҳои азими анҷомшуда дар ин самт мебошанд. 
Ба ҳамаи ин пешравиҳою дастовардҳои азими даврони истиқлол нигоҳ накарда, баъзе нафарони ноогоҳ, дур аз эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ, ки аксаран аз доираи насли ҷавон ва бетаҷрибаи зиндагӣ ҳастанд, ё нафарони фурухташуда ва бадхоҳу хоини миллат гоҳ-гоҳ бо дасисаву ғаразҳои доираҳои муайяни хориҷӣ ба сӯи давлату миллати соҳибистиқлоли мо санги маломат мепартоянд. Чашми чунин нафарон дар ҳама ҳолатҳо танҳо тарафи манфии масъаларо мебинад ва дастоварду пешравиҳо бошад ба чашми онҳо ҳамчун хор мехалад. Вале, миллати тоҷик дигар он миллати солҳои аввали даврони касби истиқлолият нест, ки дубора ба дасисаву харзагӯиҳои душманони миллат бовар намуда, ҳаёти орому осудаи худро ноорому нотинҷ кунад. Зиракии сиёсӣ, ташвиқу тарғиби асли сиёсати созандаю дунявии давлат, паҳлу ба паҳлуи ҳамдигар будани ҳукумат ва мардум, доштани огоҳиҳои зарурӣ аз вазъ ва нақшаҳои геополитикии бозингарони сиёсии ҷаҳон, мунтазам боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва дониши қишрҳои гуногуни ҷомеа то имрӯз тавонистааст ваҳдату сулҳ, оромишу амнияти кишвари маҳбубамонро дар чунин даврони пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба таври устувор нигоҳ дорад. Мо аминем, ки зери сиёсати созанда, хирадмандона ва сулҳпарваронаи Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатии мо таҳкими бештар ёфта, мақому манзалат, обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ тавассути сиёсати хирадмандона ва башардустона дар роҳи ҳалли масъалаҳои глобалӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Зиндаву ҷовид бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
 
 
 
Виркани Музаффар, ходими калони
 илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia