casino malaysia
casino malaysia
Андешаҳои динӣ ва дунявӣ дар масири ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ

wrapper

Тафовути куллии ҷомеа аз дигар низомҳои ҷамъиятӣ дар он аст, ки воқеияти иҷтимоии он на танҳо ҷузъҳои моддӣ, балки ҷузъҳои маънавиро низ дар бар мегирад. Робитаи неъматҳои моддӣ ва маънавӣ дар ҷомеа як масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳаллу фасли он масъалаи мушаххаси фалсафаи иҷтимоӣ мебошад. Чунин самтгирӣ ҳанӯз дар даҳсолаи аввали эъломи соҳибистиқлолӣ ва сохторёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар баромадҳои Президенти Тоҷикистон чун асоси бунёдии ҷомеаи ҷадиди дунявӣ ва талаботи маънавии созандаи ҷомеаи тоҷикистонӣ қайд шуда буд: «Мо бояд ҳадафу мақсадҳои рушди маънавии Тоҷикистонро дар шароити нав муайян сохта, дар ин ҷода барномаи мушаххас дошта бошем»
.
Соҳибистиқлолӣ хусусияти давлат ва шарти асосии субъекти ҳуқуқии байналмилалӣ будани он мебошад. Дар солҳое, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид, кишвар ба пояҳои давлатдории худ ва, пеш аз ҳама, ба пешбурди сиёсати берунӣ рӯ овард, ки мувофиқи он сиёсати ҷаҳонии муносибатҳои байни кишварҳо дар пояи риояи ҳуқуқи башар сохторёбӣ шуда, ба ҳар кас ҳуқуқи озодии виҷдон ва ақидаро кафолат медиҳад. Машҳуртарин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии дорои хусусияти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян мекунанд, «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» (1948), «Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (1966), «Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (1966), инчунин, «Ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии инсон» (1950), «Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон» (1995) мебошанд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо, инчунин, ҳуқуқи ҳар касро ба озодии виҷдон ва дин эълон мекунанд.
Хусусиятҳои асосии конститутсионии кишвар дар моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, ба расмият ва ҳукми қонун дароварда шудаанд, ки тибқи ин муқаррароти конститутсионӣ «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълом шудааст». Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ такмилу танзими ҳуқуқии ташкилии низоми ҳаёти ҷамъиятиро дар шароити тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ бо истифодаи васеи арзишҳои фарҳанги ҳуқуқии миллӣ муқаррар намуд. Ба ин мақсад Консепсияҳои сиёсати давлатии ҷумҳурӣ дар соҳаи дин ва сиёсати ҳуқуқӣ кор карда шуда, муқаррароти онҳо, тадриҷан, бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва озодиҳои шаҳрвандон дар қаламрави кишвар густариш мегардад.
Шинохти дунявият дар сатҳи сиёсии давлатӣ дар қатори хусусияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва ягонагӣ – яке аз вижагии расмии давлати миллии соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ки яке аз нишонаҳои муҳимми он риояи ҳуқуқи башар ва озодии виҷдон дар қаламрави кишвар мебошад. Яъне, шаҳрвандон метавонанд озодона ба дину мазҳаб пайравӣ намоянд ва ё баръакс ба он пайравӣ накунанд. Тибқи ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии давлат ва сиёсати он ҳеҷ як идеологияи динӣ давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад. Принсипи ҷудо кардани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат афзалияти муҳими давлати дунявӣ мебошад, ки мувофиқи он иттиҳодияҳои динӣ субъектҳои фаъолияти сиёсӣ нестанд ва, зимнан, дар идоракунии давлатӣ ва ташкили мақомоти давлатӣ иштирок намекунанд. Хуруҷи давлат аз таҳти таъсиру назорати дин ва калисо дар пайгирии дунявият ҳамчун омили пешрафти ҷомеаи муосир ба амал омад. Баррасии дунявият дар арсаи сиёсӣиҷтимоӣ аз мавқеъҳои мухталифи ғоявию методологӣ боиси дарки моҳият ва мавқеи андешаҳои дунявӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ гардид.
Дунявият ба истилоҳи илмӣ - «секуляризм» - маънои дунявӣ - инҷаҳониро дошта, ба дунёи воқеӣ ва олами моддӣ мансуб будани чизеро ифода мекунад. Дар фалсафа он маънои аз таҳти таъсири дин ва ҷаҳонбинии динӣ озод будани шуури ҷамъиятӣ ва фардии шаҳрвандони кишвар мебошад. Он, маъмулан, дар муқобилгузорӣ ба «клерикализм» - диният (динӣ будан) истифода карда мешавад. Клерикализм як равияи сиёсиест, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши пешбарии калисо ва руҳониёнро меҷӯяд.
Дунявият аз фаҳмиши материалистии таърих ба сифату хусусияти зеҳнию тафаккури инсон низ ишора мекунад. Одами дунявӣ шахси равшанфикр ва озодандеш аст. Шуури вай аз хурофоту таассуби динӣ озод асту мароми вай бештар ба зиндагии воқеӣ равона мегардад. Хусусияти аслии андешаҳои дунявӣ на фақат озодандешӣ ва истиқлолияти фикрӣ доштан, балки мутлақ надонистани назарияи илоҳӣ мебошад. Дунявият ба маънои аслиаш шинохти дунёи воқеӣ, ки дар он ҳуқуқи башар ва он ғояҳое, ки ба рушди ҷомеаи инсонӣ мусоидат мекунанд, арзёбӣ мешаванд. Давлати дунявӣ давлатест, дар он дин аз ҳокимияти давлатӣ ҷудо буда, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳаёти воқеии мардум дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ, ки дар заминаи талаботҳои иҷтимоии инсон ва манфиатҳои умумибашарӣ ба танзим дароварда шудааст, ҷараён мегиранд. Дунявият дар фарҳанги миллии мо мафҳуми навэҷоди имрӯза нест. Истифодаи ин вожа ба ҳамин маъно ҳанӯз дар адабиёти классикии асримиёнагии форсу тоҷик, ки яке аз тӯлонитарин замонҳо дар ташаккули тафаккури таърихии инсоният ба ҳисоб меравад, мушоҳида мешавад.
«Маънии аслии вожаҳои «Дунёӣ \\ Дунявӣ» дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо намунаҳои равшан чунин шарҳ дода шудааст: «Дунёӣ \\ Дунявӣ – мансуб ба дунё, ҷаҳонӣ, моддӣ будан аст: Матлубе, ки ба даст афтад, хоҳ аз матои дунявӣ, хоҳ аз ёрони маънавӣ..., ҳар он чи аз аз даст биравад, ба таманно боз наёяд. Анвари Суҳайлӣ. Агар ҳама аҳли ҳақ бошанд ва аҳли охират, кори дунявӣ ба таъхир ва таъвиқ уфтад. Аҳмади Дониш». Аз намунаҳои боло чунин бармеояд, ки вожаи «дунёӣ» - калимаи маъмулии забони адабии форсу тоҷик буда, ҳанӯз дар давраи асримиёнагӣ хеле васеъ истифода мешуд. Вожаи мазкур, мазмунан, дар муқоиса бо дину мазҳабу кеш истифода шуда, дар зимн, он хусусияти фитрии ашхосро инъикос менамуд. Зоҳиршавии ин вижагӣ ҳангоми интихоби роҳу тариқати зиндагии афроди ҷомеа дар муносибатҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад. Диният ва дунявият чун ду падидаи фитрӣ, воқеан, ду тарзи ҳаёт ва ду навъи муносибати ҷамъиятии одамонро, ки мувофиқи ҷаҳонбинӣ ва сатҳи шуури ҷамъиятии афрод ташаккул меёбанд, ифода намуда, дар асрҳои миёна роҳу тариқати зиндагии онҳоро мушаххас таъин месозад.
Маълум аст, ки зиндагӣ ҳамеша, қонеъгардонии талаботҳои моддӣ ва маънавиро тақозо мекунад, аммо мавҷудияти инсон, пеш аз ҳама, ба қонеъ гардидани талаботҳои моддӣ вобаста аст. Ҳастӣ – шуурро муайян мекунад. Бинобар ин ҳаёт ҳамеша, иҷборан, инсонро барои ба даст овардани василаи рӯзгору мояи зиндагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб мекунад, ки дар ин ҷода вай беихтиёр ба моддиёт рӯ меоварад. Моддиёт асосбунёди маънавиёт мебошад ва он амнияту ҳастии ҷамъиятии одамонро дар зиндагӣ, воқеан, таъмин мекунад. Бе ташкили фаъолияти истеҳсолоти моддӣ ва қонеъ гардондани талаботи моддӣ, ки ғизову пӯшоку манзил унсурҳои ҳатмии он мебошанд, мавҷудияти инсон имконнопазир аст. Андешаҳои дунявӣ чун дастоварди маънавии инсоният шинохта шудаанд, ки ҳар яке аз онҳо дар мавриди рушди ҷомеаҳо мақому манзалати худро пайдо намуда, афродро ба роҳи ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва арзёбии арзишҳои волои маънавии умумибашарӣ ҳидоят мекунанд.
Маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш низ дар намунаи боло маҳз ба ҳамин хусусияти андешаҳои дунявӣ ишора карда, таъкид мекунад, ки агар ҳама фақат ба кори дину фикри охират машғул бошанд, кори дунё ба таъхиру таъвиқ афтода, ҳаёти воқеии ҷомеа пешрафт намекунад. Мафкураи динӣ-мазҳабӣ ва шариату тариқати исломӣ, ки аз аввали асри VII вориди зиндагии мардуми Шарқ гаштааст, дар тӯли чандин асрҳо низоми ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии давлат ва ҷомеаро идора мекард. Дин маънавиятро ҳамчун талош барои камолоти шахс, ки ҳудуди он Худост, ташаккул медиҳад. Ихлос ва умед ба Худованд ва раҳмати Ӯ, дар муносибатҳои ҷамъиятии давлату ҷомеа, аз он ҷумла, дар рафторҳои иҷтимоии мардум ба хотири адолату ҳақиқати пойдор ва подоши он сабру таҳаммулпазирӣ, бепарвоиро нисбат ба моли дунё талқин намуда, бар зидди ангезаҳои нафс мубориза бурданро тарбия мекарданд. Чунин навъ эътиқодоту қарордодҳои намунавии исломӣ бо мурури замон ба фарҳанги миллии мардумони Шарқ, аз он ҷумла, тоҷикон, дохил шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги миллии онҳо хусусият бахшиданд. Ислом чун динҳои дигари ҷаҳонӣ як навъ масъулияти иҷтимоӣ буд, на имтиёзе. Мусулмонон дар партави дину оини исломӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ бо ҳам баробар буда, дар мавриди риояи равобити дунявӣ, афродро на фақат аз рӯи динашон, балки аз рӯи амалҳои иҷтимоии воқеияшон баҳо медоданд.
Чуноне ки олимон қайд мекунанд, «ҷавҳари тамоми динҳои ҷаҳон он чизест, ки дар тӯли қарнҳо онҳо арзишоти бузурги маданӣ-ахлоқӣ, беҳдошти эстетикиро на барои шоҳон, балки барои мардуми оддӣ, нодору бепаноҳ чун такягоҳи маънавӣ, воситаи таскину тасалло ва ҳимоягари беғаразу одил ба вуҷуд оварданд, ки ба он ҳам беморон ва ҳам одамони тансиҳат ҳини ғаму шодӣ, ҳини камбағалию сарватмандӣ муроҷиат карда метавонанд».
Воқеан, дин ва андешаҳои динӣ дар асрҳои миёна на фақат дар арсаи сиёсӣ ҷавҳари мафкураи давлатиро ифода мекард, балки он ҷанбаи маънавии ҳаёти ҷамъиятиро низ забт карда, дар муқобили дунявият ва андешаҳои дунявӣ мустаҳкам қарор гирифт. Дин ба таври мушаххас шууру маърифатнокии аҳли ҷомеаро фаро гирифта, тамоми анъанаҳои фарҳанги миллиро ба оини исломӣ аз нав кор карда, мақоми худро дар зиндагии мардум мустаҳкамтар сохт. Мувофиқи далелу хусусиятҳои дар боло зикршуда, омили калидии устувор будан ва аз байн нарафтани дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ, ба ақидаи мо, ин, пеш аз ҳама, мавҷудияти халои маънавии илмӣ, яъне, набудани ҷаҳонбинӣ ва дониши кофии илмӣ мебошад, ки ташаккули он ба сатҳи рушди илмҳои дунявӣ марбут буда, барои ҳаллу фасли мушкилоти моддии ҳаёти воқеӣ, чун зербинои ҳаёти маънавӣ хизмат мекарданд.
Азбаски дин дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёту фаъолияти ҷамъиятӣ афзалият дошта буд, андешаҳои динӣ ҷойгузини ҳамагуна андешаҳои иҷтимоӣ шуда, тамоми фаъолиятҳои аҳли ҷомеаро саросар роҳандозӣ менамуданд. Андешаҳои динӣ маънавиётро пахш намуда, яке аз муасиртарин ҷузъи таркибии фарҳанги маънавӣ гардиданд. Аз ин рӯ, ба ақидаи мо, маънавиёт, дар асрҳои миёна, ба ҳайси як суннат ба динният нисбат дода мешуд. Дар шароити сиёсӣ-иҷтимоии асримиёнагӣ, ки ҳанӯз илмҳои дунявӣ ба таври кофӣ рушд наёфта буданд, зеҳну шуури мардумон таҳти таъсири назарияҳои илоҳӣ дар зери таассуби дин қарор доштанд. Андешаҳои динӣ ҳамчун як абзори сиёсӣ барои мавқеи мустаҳкам пайдо кардани дин дар ҷанбаи сиёсат идоракунии давлат ва раванди ҳаёти ҷамъиятии афроди ҷомеаро, куллан, «аз гаҳвора то ба гӯр» таъин менамуданд. Уламо ва рӯҳониён дар сатҳи сиёсию фарҳангӣ муқаррароту риояи расму оинҳои диниро тавассути густариш додани андешаҳои динӣ ҷорӣ намуда, афкору ақидаҳо, рафтору амалҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии мардумро сахт назорат менамуданд.
Ҷаҳонбинии динӣ муносибати инсонро нисбат ба олами ашё ва зуҳуроти олам чунон ташаккул додааст, ки мӯътақидони дин эътимоднокӣ ва ҳақиқати офариниши оламу одамро аз тарафи қувваи илоҳӣ бешакку шубҳа, бе чуну чаро ва бе далелҳои назариявию амалӣ қабул месозанд. Яке аз вазифаҳо ва масъалаи асосии дин - таъмини ғизои маънавӣ ва дар сатҳи эҳсосоту тафаккур аз авзои ногувор наҷот бахшидани мӯътақидонаш мебошад. Зимни ин ақида, назари олими муосири Ғарб Эрих Фромм хеле ҷолиб аст. Вай табиати шахси мутаассибро таҳқиқ намуда, муайян мекунад, ки «ӯ як шахси худшефтаи наздик ба равонранҷурӣ мебошад, ки мисли ҳар шахсияти равонӣ, аз ҷаҳони беруна барканор асту бо он комилан робита надорад. Аммо шахси мутаассиб дар ин робита барои худ илоҷеро меҷӯяд, то ки худро аз равонранҷурии ошкоро наҷот диҳад. Бинобар ин вай дар ин ҷода барои худ сабаберо меҷӯяд, хоҳ он сабаби сиёсӣ, хоҳ динӣ ва ё чизи дигар бошад. Сабаберо дарёфта, онро муқаддас дониста, асбоби парастиши худ мекунад. Вай ин асбоби парастишро ба бути худ табдил медиҳад, зеро онро ба хеш монанд мекунад ва бо таслим шудан ба он бут вай худро мешиносад. Ин бут ҳаёти ӯро шавқовару ҷолиб намуда, ба он маънӣ мебахшад. Рамзи шахси мутаассиб мисли «яхи сӯзон» аст. Вай чун оташи сӯзон пуршӯр асту ҳам мисли ях сард. Ӯ аз олами воқеӣ барканор асту дар айни ҳол бо шӯру шавқ ба Мутлақ итоат мекунад». К. Маркс динро як рӯбинои он заминаи иқтисодие мешуморад, ки бо ташаккули муносибатҳои хоси истеҳсолиаш онро ба вуҷуд овардааст. Вай пайдоиши динро ба ташаккули муносибатҳои таърихӣ-иҷтимоие, ки ҷамъияти синфиро ба вуҷуд оварда, истисмори одамро аз тарафи одам ҷорӣ намуданд, марбут мешуморад. Ба ин васила вазифаи иҷтимоии дин аз он иборат аст, ки вай муносибатҳои мавҷударо ба тарзи муайян тафсир медиҳад, аммо онҳоро истеҳсолу 55 истеҳком намекунад.
Дин як мазҳари худшиносӣ ва эҳсоси шахс ё гурӯҳҳоест, ки то ҳол хешро пайдо накардаанд, ё қаблан онро дубора аз даст дода, асолати худро гум кардаанд. Дар асл, ба ақидаи К.Маркс, «дин – ҳавои мавҷуди мазлум ва қалби дунёи беотифа, рӯҳи низоми берӯҳ ва тарёки мардум мебошад. Дин - ин «бегонагии шуур» аст, ки дар заминаи бегонашавии иқтисодии шахс ба вуҷуд омадааст». Андешаҳои динӣ, ки сирф ирфонианд, бо таассубу фишороварӣ ба зеҳну шуури мардум ба пешрафти ҷамъиятӣ монеаи бузургеро эҷод мекунанд. Ақоиди таассубомезу андешаҳои динӣ оиди офариниши оламу одам, ки ба имкониятҳои нерӯии инсон ва рушди маънавии вай маҳдудиятҳо меофаранд, воқеан, шуури одамонро дар ҳолати рукуду тобеият нигоҳ медоранд.
Дунявият ва андешаҳои созандаи дунявӣ дар шароити асримиёнагии таассуби динӣ бештар на дар ҷанбаи сиёсӣ, балки дар ҷанбаи фарҳангӣ муқаррар ва муназзам гашта, дар омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва табиатшиносӣ чун абзори маърифатӣ амиқ густариш ёфта, ба фарҳанги исломии асримиёнагии мардумони Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла тоҷикон, симои тозаи маънавӣ бахшиданд. Маҳз ҳамин падида омили пешрафту шукуфоии илмҳои дақиқу табиӣ, табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ дар Шарқ гардид. Гарчанде ки тамоюлҳои маънавӣ ба сӯи дунявият ва арсаи сиёсӣ барои андешаҳои дунявӣ танг буд, ин андешаҳо мавқеи худро бештар дар сатҳи фарҳангӣ дарёфта, дар осори адибону мутафаккирони равшанфикри Шарқ арзёбӣ мешуданд. Аз ин рӯ, ҳанӯз дар асрҳои миёна мутафаккирони шарқӣ тавонистанд, ки бархе аз кашфиётҳои оламшумули илмиро пешбинӣ намуда, бозёфтҳои барҷастаи илмии хешро ба ҷаҳониён ҷилвагар созанд. Илм дар асри тиллоии ислом (750-1258) ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Ҷунбиши тарҷумонӣ, ки дар Маркази «Байтулҳикмат»-и Бағдод қарор дошт, осори илмии ҳиндӣ, эронӣ ва юнониро ба арабӣ тарҷума мекард. Ин тарҷумаҳо ба рушду инкишофи илмҳо ва андешаҳои дунявӣ такони бузурге бахшиданд. Дарвоқеъ, дар ҳамон шароити асримиёнагии ҳукумати дин андешаҳои дунявӣ, дар қолаби ақидаҳои бебоконаи озодандешӣ, ба ҳайси як майлон ва тамоюли фикриву ғоявӣ (риндӣ, бидъат, ақлгароӣ, шуубия) ва тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи табиатшиносӣ, тиб, фалсафа, ҷомеашиносӣ, илми ахлоқ, сиёсат, мантиқ ва илмҳои дақиқ, на фақат аз ҷиҳати назарӣ, балки амалан таҷриба шуда, «ҳамчун мухолифат бо ҳаргуна афкори иҷтимоии шахшудамондадогматикии ҳоким ва консервативӣ меъёри арзёбии онро низ гуманизм, ақлгароӣ ва мусоидат ба рушди ҷомеаи инсонӣ бояд фаҳмид», дар осорҳои мутафаккирони классикии форсу тоҷик густариш меёфтанд.
Дар замони муосир, ғояи дунявият ба сатҳи сиёсӣ расида, дар зимн, коркарди сохторёбии давлати дунявӣ дар пояи ҳуқуқӣ ва риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ-иҷтимоии умумибашарии инсон густариш меёбад. Ҳоло, тавсифи илмию моҳияти ғояи андешаҳои дунявӣ ва мафҳуми «дунявият» васеъ густариш ёфта, дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҷабҳаи ҳуқуқиро истеҳком мебахшад. Дарку эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ моро ба донистани эътиқодоте, ки рӯҳия, талаботи моддӣ ва маънавии мардум моро дар раванди сохторёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ бо густариши васеи андешаҳои дунявӣ муайян месозанд, хеле зарур аст.
Дунявият ҳамчун принсипи сохтори сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлат, имрӯзҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар марҳилаи ташаккулёбии давлати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар раванди мутобиқшавӣ ба воқеияти муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Ҷумҳурӣ дар марҳилаи таърихи навтарин дар партави андешаҳои дунявӣ дар ҳаёти ҷамъиятии мардуми кишвар басе муносибатҳои ҷамъиятиро ба таҷриба расонд. Аз қабили андешаҳои дунявӣ, ки имрӯзҳо дар фазои пасошӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ густариш меёбанд, - ин 56 давлати миллӣ, идеяи миллӣ, демократия, истиқлолияти миллӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ, маърифати илмӣ, озодии виҷдон, бисёрандешӣ, муносибатҳои бозорӣ, иқтисоди бозорӣ, ҷаҳонишавӣ, фарҳанги ҷаҳонбинӣ ва ғайра мебошанд, ки дарки амиқу илмии моҳияти ин андешаҳоро дар равобит бо андешаҳои динӣ тақозо менамоянд. Чунки ин ду навъи андешаҳо дар масири таърих ҳамеша, гоҳ бо ҳам печида, гоҳ дар бархӯрд бо ҳамдигар дар амалу рафторҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ бо шаклгириҳои нав ба нав тазоҳур ёфта, мутаносибан, дар ҷомеа боиси ҷоннок гардидани падидаҳои мақбул ё номатлуби иҷтимоӣ мешаванд. Ҳам худи ин ду вожа ва ҳам дарки пайгиронаи он дар даврони пасошӯравӣ, дар шароити халои мафкуравии ғайримарксистӣ, дарвоқеъ, як масъалаи мураккаби марбут ба якдигарфаҳмӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии одамон ва гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ бо ҳамдигар дар баробари мутобиқшавӣ ба тағйироти нави сиёсӣ-иҷтимоӣ хеле мушкилафзо буд. Адиб Халид дар он ақида аст, ки «Ҳокимияти Шӯравӣ дар давоми мавҷудияти худ оиди сохтори ҷомеаи коммунистӣ ба ҳамаи ҳадафҳояш нарасида бошад ҳам, аммо ба ҳар ҳол, он тарзи ҳаёти иҷтимоии халқҳои Осиёи Миёнаро, ки асрҳои тӯлонӣ ба дину оини ислом такя менамуданд, нисбатан тағйир дод». Пас аз пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ якбора ивазшавии сохтори сиёсии давлатӣ дар шароити халои бузурги мафкуравӣ дар фазои пасошӯравӣ дини ислом ва андешаҳои динӣ ҷоннок шуда, вазъи сиёсӣиҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлолро муташанниҷ ва ноором сохта, дар муқовимат бо андешаҳои дунявӣ бархӯрд намуда, даъвои қудрати сиёсӣ кард.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон аз чорчӯбаи мафкураи расмии коммунистӣ раҳоӣ ёфта, зиндагии худро дар маҷрои нав дарёфта бошанд ҳам, воқеан, ба бӯҳрони бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шуданд. Ҳаёт як мазраест, ки дар он робитаҳои моддию маънавии фард ва ҷомеа ба ҳам печида, пайвандҳои ногусастанӣ пайдо мекунанд, ки боиси ҳаракатҳои мухталифи иҷтимоӣ ва бархӯрди афкору ақидаҳои гуногун мардум гардида, ҷомеаро ба ҷараёни ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ мекашад. Мардуми Тоҷикистон дар даврони соҳибистқлолӣ як қадами бузург ба пеш гузошта бошанд ҳам, ду қадами дигар ба ақиб ниҳодаанд. Ҳомилони ду навъи андешаҳои иҷтимоӣ – динӣ ва дунявӣ дар набарди густаришёбӣ дучори муқовимати маънавӣ гашта, давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистони навтаъсису соҳибистиқлолро ба коми ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашида, қариб буд, ки ба нобудӣ баранд.
Ақидаҳои аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаро паҳншаванда ба шуури афроди алоҳида таъсир расонида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш дод. Таҷриба нишон дод, ки зоҳиршавии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ба сабаби набудани захираҳои муайяни сармояи иҷтимоӣ ва нерӯи инсонӣ, ки аз рӯи ҷаҳолат ва паст будани сатҳи маърифатӣ, шуурнокӣ ва худшиносии мардум сар мезананд, ба вуқӯъ меоянд. Падидаҳои номатлуб, инчунин, на фақат тангии маишӣ ва вобастагии иқтисодӣ аз неъматҳои моддӣ мебошад, балки онҳо аз ҷаҳонбинии хурофотӣ ва таассуби динӣ, суст будани низоми тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ҳамраъйӣ, ҳуввияти миллӣ ва шаҳрвандӣ, дарки масъулиятшиносӣ ба вуқӯъ меоянд. Ҷоннокшавии ин тамоюлҳои номатлуби зеҳнию равонӣ инчунин аз камфурсатӣ ва таъсири шиддатгирии муносибатҳо ва равобитҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ миёни кишварҳои абарқудрат ва мутараққӣ дар миқёси ҷаҳон, ки бештар аз каҷравиҳо дар фарҳангу аҳлоқи баъзе сарварони кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз коҳиш ёфтани маънавиёт низ ба ҷараён мегирад. Аз чунин вазъи нобаҳангом ва муташанниҷ фақат ақли солим, маърифатнокии мардум ва диди дунявӣ нисбати воқеият аҳли башарро наҷот мебахшад.
Робитаи иҷтимоӣ ва алоқамандии шахс ва аҳли ҷомеа бо муҳити иҷтимоии беруна яке аз муҳимтарин василает барои хештаншиносӣ, худнигаҳдории шахсият ва фаъолшавии мардум дар роҳи бозсозиҳо – гузариш аз андешаҳои пуртаассуби динӣ ба андешаҳои созандаи дунявӣ мебошад. Чи тавре ки таҷрибаи таърихӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, мушкилоти солимии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа бар асари тағйиротҳои нави иҷтимоӣ дар теъдоди афроди ‚мутобиқнашуда ва ноомадагии онҳо ба дигаргуниҳои тавҳиномез маҳфуз аст, на дар ‚ноустувории‛ эҳтимолии худи ҷомеа. Бар асари ин омилҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур тадбирҳои дар доираи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 андешидашударо натиҷагирӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди ин масъала барои давраи нав муайян намуд. Дар он ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои Стратегияи мазкур пешбинӣ шуданд. Бинобар ин дар Стратегияи мазкур тадбирҳои иловагӣ доир ба баланд бардоштани фарҳанг ва саводнокии динии аҳолӣ, таҳкими фазои таҳаммулгароӣ дар муҳити иҷтимоӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон дар ҷомеа як силсила маводи иттилоотию роҳнамоикунанда дар ин соҳа ба табъ расонида шуданд. Ҳанӯз ҳам кам будани таҷрибаи кофии иҷтимоӣ дар соҳаи рушди иқтисодии кишвар, ки он зербинои маънавиёт мебошанд, сари вақт ташхису бартараф шудани тамоюлҳо ва падидаҳои номатлуби иҷтимоиро мушкил месозанд.
Оиди ин вазъият дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23.12.2022) қайд мекунанд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ин мушкилот бо роҳи «дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.... бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад». Дар ин бобат «сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ» яке аз роҳҳои мушаххаси ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта мебошад. Рушди устувори сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «6» феврали соли 2018, №1005 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶТ сс. 2018-2028 тасдиқ шудааст, ки тибқи он «бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иҷтисодӣ, ташкилӣ мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ роҳандозӣ мешавад».
Самаранокии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалисозӣ ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар амал вобастагӣ дорад. Тамоил ба бозсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ бо кӯмаки омӯзишу баррасии моҳияти андешаҳои дунявӣ ва меъёру ҷойгоҳи андешаҳои динӣ дар ҷанбаи фарҳангии аҳли ҷомеаи тоҷикистонӣ тавассути маҳви ҷаҳолату бесаводӣ, бартарафсозии хурофотпарастӣ, дастрас намудани иттолооти амиқу муфид, ки моҳияту зарари инфиродӣ ва иҷтимоии ифротгароӣ, тундравиҳо ва даҳшатофариҳоро бар аҳли ҷомеа, хусусун, наврасону ҷавонон, муяссар мегардад, ки ин иқдомҳои дастҷамъона маҳаки густариши дунявият ва сиёсати 58 солеҳи замони муосир дар тамоми ҷаҳон ба шумор мераванд. Расидан ба ин ҳадафҳо тавассути фаъолияти дастҷамъонаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои хурди хусусӣ ва давлатӣ, соҳибкорон дар ташкили шуғли аҳолӣ ва ҷалб кардани кулли мардум ба кору фаъолияти пурмаҳсули фардӣ ва ҷамъиятӣ, таъмини онҳо ҷойҳои нави корӣ дар ҷомеа муяссар мегардад. Танҳо шуғли пурмаҳсулу муфид ва бомаърифат, ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва робитаҳои бисёрҷанбаи иҷтимоии шахсро бо ҷомеа мустаҳкам намуда, афкори аҳли ҷомеаро ба беҳдошти рӯзгору зиндагии кулли мардум ва ҷомеа равона сохта онҳоро аз побанди мустаҳками хурофотҳо ва таассуби динӣ наҷот бахшад.
 
Орифҷонова Н. Р. - н.и.ф.,дотсент, ходими
калони илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia