casino malaysia
casino malaysia
Андешаҳо дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар  

wrapper

 

        Чуноне аҳли илм ва ҷомеаи кишвар огаҳанд 30 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо аҳли илм ва маорифчиёни кишвар мулоқот намуданд.
         Мулоқоти Пешвои муаззами миллат  бо аҳли зиё руйдоди бузург буда, дар замони муосир ҷиҳати беҳ гардидани фаъоляти кору зиндагии олимону кормандони илму маориф такони бузург медиҳад. Зеро Пешвои муаззам дар ҳар як вохурии худ бо олимону маорифпарварон ҳолати рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиши илм, ташаккули тафаккури аҳли илм, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намуда, бобати беҳ гардидани фаъолияти кормандони илму маориф супоришу дастурҳо медиҳанд, ки ин боиси боло рафтани фаъолияти илму маориф мешавад.
       Тавре Президенти муҳтарам таъкид карданд, Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Дар ҳақиқат Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ чораҳои муассир андешидааст, ки ин  барои пешрафти  илм дар ҷомеа мусоидат менамояд.
      Бояд қайд кард, ки дар даврони соҳибихтиёрии кишвар  муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ амал карда истода, пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотӣ ташкил карда шудаанд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи илми тоҷик муҳим буда, барои тарбияи кадрҳои баланихтисоси илмӣ шароит фароҳам меоранд.
Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Аз ҷумла, оид ба ин масъала қайд гардид, ки дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо шудааст ва   сохтори Академияи илмҳо мукаммал гардида, дар навбати худ таҷдиди назарро талаб менамояд.
Илова бар ин бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.
Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд, ки ҳамаи инҳо ҷаҳонишавии кишвар қадамҳои устувор мебошанд.
Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви комилҳуқуқи бисёр муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад ва қайд гардид,  ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд. Дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
Қайд гардид, ки барои рушди илму маориф, таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ ва анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ беш аз 40 нафар олимони Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҷоизаву унвонҳо ва мукофотҳои байналмилалӣ сарфароз гардонида шуда, аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Махсусан қайд карда шуд, ки олимони мамлакат бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.Иҷрои ин корҳо вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки дар ин раванд олимону зиёиёни кишвар низ бояд пешсаф бошанд.
Дар баробари ин,  таъкид гардид, ки   бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест ва  саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман конеъкунанда нест.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.Аз ин лиҳоз, таъкид гардид, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар роҳнамо дар фаъолияти илмӣ ва амалии ҳамаи кормандони илму маориф буда, дастуру супоришҳои дар он ироашуда сармашқи кори ҳаррўзаи он бошад.   
 
 
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн
Қодирзода Тоҳир Қамар
 

 

                                                                    

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia