Баъзе андешаҳо оид ба иди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945
- Сешанбе, Май 07 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХ бо тағийроти куллӣ дар сиёсату иқтисод, фарҳангу саноат ва махсусан геополитикаву геостратегияи кишварҳои абарқудрат оғоз гардида, се инқилоби дар Русия баамаломада, тағйироти оғози асрро ба таври ҷиддӣ тағйиру такмил дода, рушди инсониятро самти нав ва дар гуопоиликаи ҷаҳонӣ саҳфиаи наверо кушоданд.
Марҳилаи нави геополитикӣ бо шикасти Русия ва ба ҷои он таъсис ёфтани аввалин Ҳокимияти шӯравӣ (сс.1917-1991) дар паҳнои империяи пештараи Русия боз ҳам муносибати байни давлатҳои мустамликадорӣ ва давлати ҷавони Олмонро тезутунд намуд.
Омилҳои гуногун сабаби аз нав милитарикунонии Олмон ва ба роҳи ҷанги баргаштани саноату хоҷагии халқи он мусоидат намуд. Ба сари ҳокимият омадани социалистони миллатчӣ бо сарварии Гитлер ва босуръат рушд ёфтани ин кишвар ба оғоз гардидани ҷанги нави ҷаҳонӣ замина гардид. Кулли кишварҳои ҷаҳон хатари оғози ҷангро эҳсос намуда, бо роҳи гуногун на пеши роҳи ҷангро гирифтан мехостанд, балки зарбаи ҷангро аз худ дур кардан мехостанд. Аз ин фурсат истифода бурда роҳбарияи Олмони фашистӣ тавонист дар муддати кутоҳ ҳамсоядавлатҳои худро тобеъ ва бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг оғоз намояд.
Ҷанг аз 22 июни соли 1941 барои Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гашта бошад, ҳам барои дигар кишварҳо ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 1939 давом дошт.
Ҷанги мазкур бо ғалаби Иттиҳоди Шӯравӣ ва иттифоқчиёни он анҷом пазируфт ва рӯзи имзо шудани шартномаи ғалаба ба Олмони фашистӣ рӯзи Ғалаба бар фашизм эътироф гардид.
Дар ин ҷанг мардуми шӯравӣ талафоти вазнин дода, аксарияти самтҳои хоҷагии халқ хисороти бузург дид. Аз ҷониби дигар талафоти бузурги ҷонӣ аз 27- то 60 млн. нафар дар ин ҷанг ҳалок, ярадор ва маъиби ҷанг гашта буданд. Мардуми тоҷик тибқи омори расмӣ бештар аз 350 ҳазор нафарро ба ҷанг гусел намуда, бештар аз 60 ҳазор нафари онро дар ҷанг талаф дод. Ин талафоти кам набуда, аз се як ҳиссаи мардуми тоҷик ба ҷанг рафта буданд.
Тоҷикон дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ қаҳрамониҳо нишон медоданд, ки дар саҳифаҳои таърихи ҷанг маҳфуз мондааст.
Барои мардуми шӯравӣ 9 май - Рӯзи Ғалаба, рӯзи муқаддас – ғалабаи қаҳрамонона бар душмани ғаддор, ки аксарияти неруи инсонӣ ва техникаи муосири ғарбиро дар ихтиёр дошт ва истифода менамуд, мебошад. Ҷанг нишон дод, ки техникаи беҳтарин низ дар муқобили халқи ягона, мардуме, ки бо ҳокимияташ бовариву эътиқод дорад, барои Истиқлолияту озодӣ мубориза мебарад, ғалаба карда наметавонад.
Мардуми шӯравӣ бар фашизм шикасти халокатовар зад, ки таъсири он давоми зиёда аз 70 сол муассир боқӣ монд. Вале имрӯз дар ҳудуди собиқ шӯравӣ миллатгароӣ то он дараҷа ташаккул ёфтааст, ки Русия бар зидди он дар ҳудуди Украина (ҷумҳурии собиқ шӯравӣ мубориза мебарад). Дар Русия гуруҳҳои неофашистӣ пайдо ва нопадид мешаванд. Амалияти махсуси Русия сабаби дар ҷомеа ба вуҷуд омадани бадбинӣ, таҳқир ва ҳабӣ гаштани мақомоти гуногуни давлатӣ мегардад. Аз ҷониби дигар, дар Аврупо низ як қисми мардуме овоз баланд мекунанд, ки ҷонибдори миллатгароӣ, зидди ислом, яҳудӣ, зидди русҳо, яъне идеологияи неофашистӣ мебошанд. Қатъи назар аз он ки ҳаракатҳо дар заминаи омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба вуҷуд омадаанд, натиҷаи зуҳури онҳо барои инсоният нохушоянд, хатарзо ва оқибатҳои бадтаринро ба бор меоваранд.
Дарки ин оқибатҳо, дарки масъулият барои ояндаи кшивар ва ҷаҳон моро ҳушдор медиҳад, то сабақи ҷанги Бузурги Ватаниро на танҳо фаромуш накунем, балки ба таври мунтазам барои дигарон низ гушзад намоем, то аз хотираҳо зудуда нашавад, чунки насли нав сабаби такрор гаштани он нашавад.
Имрӯз инсоният аз дастовардҳои бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебарад, олимон кашфиётҳое мекунанд, ки талаботи кулли инсониятро метавонад қонеъ намояд, аз ин сабаб, ба ҷанг чун роҳи ҳалли мушкилоти сарбаста эҳтиёҷ нест.
Тоҷикистон низ дар сиёсати берунаи худ бо дарки ин маънӣ, сиёсати сулҳхоҳонаро пеш бурда, ба таври мунтазам барои оромишу сулҳ дар ҷаҳон мубориза мебарад.
Мардуми тоҷик ки оқибати ҷанги шаҳрвандиро медонад, мардуми муқобил ба ҷангу террор, тазъиқу зараррасонӣ бар мардуми дигар буда, хотираи қаҳрамонони худро пос медорад. Зинда нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони Ватан, ки барои озодии он ва Истиқлолият аз фашизм ҷангидаанд, як ваксина барои пешгирӣ аз ҷангҳои нав мебошад, ки метавонад, ба кулли ҷамъият хизмат намуда, дар пешрафти кишвар саҳм гузорад.
Рӯзит ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар кулли иштирокчиёни ҷанг ва мубрриза дар ақибгоҳ, пайвандони онҳо, кулли мардуми Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, хоҳони осмони софу беғубор, муносибати ҳасанаи байни давлатҳо ва ба таври доимӣ даст кашидан аз ҷанг ҳамчун воситаи ҳалли масоили ҷаҳонӣ мебошам.
д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалӣ Бозор
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён
- Арзише ки бисёр азиз аст
- УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид
- Саҳми Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон