casino malaysia
casino malaysia
Таассубу хурофот ва зиёдаравӣ  - монеаи асосии пешрафти ҷомеа  

wrapper

  9 марти соли 2024  мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардид.
  Новобаста аз корҳои фаҳмондадиҳиву бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолиии мамлакат, ҳолатҳои суйистеъмоли меъёрҳои динӣ, ҳурофоту зиёдаравӣ ва таасcуб дар ҷомеа аз ҷониби шахсони аз меъёрҳои аслии дини мубини Ислом бехабар, ҷой дорад. 
  Шоистаи зикр аст, ки эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини эътиқоди динии шаҳрвандон ва бунёди муассисаҳои динӣ, инчунин олимони соҳаи мазкур  нақши бузург бозид. Дар мулоқот Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон дар арсаи байналмилалӣ аз арзишҳои исломӣ ҳимоя намуда, дини мубини Исломро аз туҳмату бадбинӣ ҳифз намуда, онро ҳамчун дини сулҳу дустӣ ва башардустӣ муаррифӣ менамояд.
     Дар мулоқот Пешвои миллат дар бораи аҳамияти  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8  июни соли 2007 ёдовар шуданд. Мавриди тазаккур аст, ки то қабули қонуни мазкур расму ойни динӣ аз руи таассубу зиёдаравӣ бар хилофи меъёрҳои дини мубини Ислом гузаронида шуда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат хисороти зиёди молиявиву иқтисодӣ мерасониданд.
Пешвои миллат дар суханрониашон 11 майи соли 2017 қайд намуда буданд, ки «... бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ... торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардониданд».
    Бо мақсади пешгирии чунин зуҳуроти номатлуби беасос  дар мамлакат Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ба ибораи дигар гўем, инсоният ба асри нав – асри 21 қадам ниҳода, бо пешрафти фаҳмиш, шуур, ҷаҳонбинӣ, ҳамчунин тақозои рушди ҷомеа зарурати бозбинии анъана ва ҷашну маросимҳо ба вуҷуд омада, ин иқдом ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва некуаҳволии ҳаёти шаҳрвандони мамлакат амалӣ карда мешавад.
Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Қабули меъёри мазкур давоми мантиқии дар амал татбиқ гардидани бандҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили давлати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон,  арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, баробарии ҳама дар назди қонун ва ғ. мебошад. 
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо аҳли ҷамоатчигии  мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳи миллӣ ҳанўз 24 майи соли 2007 қайд намуда буданд, ки «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
  Ҳамин тариқ, қонуни мазкур дар танзими масъалаи дафну азодорӣ ва туйҳои бенизому миёншикан, аз байн бурдани ҳурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ нақши бузурге гузошт.Новобаста аз дастовардҳои зиёди қонуни мазкур, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот иброз доштанд, ки  дар давраи солҳои 2014 – 2023 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур 5 620 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Аз ин иқтибос хулоса баровардан мумкин аст, ки то ҳол ашхоси ҷудогона нисбат ба иҷрои талаботи қонуни мазкур беэътиноӣ зоҳир намуда, ба зиёдаравиву худнамоӣ роҳ медиҳанд. Мутаассифона чунин ашхос аз меъёрҳои дини мубини Ислом тасаввуроти дахлдор надоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот аз суханони Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад иқтибос оварданд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».
    Аз  ин рӯ, ҳамаи шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки  аз нигоҳи қонун ва аз нигоҳи шариати Ислом мамнуъ будани исрофкориву зиёдаравиро дарк намуда, зимни  баргузории маросими худ, аз чунин амалҳо худдорӣ намоянд.
    Масъалаи дигаре, ки дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, ин ба таври оммавӣ ба ҳаҷи умра рафтани шаҳрвандони мамлакат мебошад. Мавриди зикр аст, ки рафтан ба ҳаҷи умра яке аз намудҳои сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, мунтазам ба чунин саёҳат рафтани шаҳрвандон ба як навъи мусобиқаву таассуб табдил ёфтааст. Чи тавре, ки қайд гардид, ҳаҷи умра ба таассуби зиёди шаҳрвандони мамлакат оварда расонида, ҳатто баъзе ашхос барои замонаи дунё ва чашми ҳамсояву ҳамдеҳа гуфта, ба чунин саёҳат мераванд, ҳол он ки дар оилааш оддитарин шароити зиндагиву таълиму тарбияи фарзанд мавҷуд нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот қайд намуданд,ки «Мо бояд як нуктаи муҳимро дар хотир дошта бошем: дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сару либос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи Ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд». Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе аз шаҳрвандони мамлакат баъди бозгашт аз Арабистони Саудӣ барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф намуда, оила ва хешовандони худро дар вазъи мушкили молиявӣ қарор медиҳанд.Ҳол он ки дар Қуръон такрор ба такрор гуфта мешавад, ки «Аллоҳ ҳеҷ касро аз тавоноияш зиёдтар вазифадор наменамояд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот қайд намуданд, ки баъди аз ҳаҷ баргаштан тағйирот дар сару либос, карру фар дар рафтор, оростани маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбону ҳоҷибинон, ана дар ҳамин аст, тафриқаандозӣ, намоишкорӣ, худро дар ҷомеа фарқкунанда нишон додан, ки гӯё аз дигарон бартарӣ дорам, яъне шуҳратталабӣ дида мешавад. Чунин ҳолатро аксаран шаҳрвандони мамлакат дар зиндагии ҳаррўза мебинанд ва эҳсос мекунанд, вале мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо аҳли ҷомеа каме бетарафӣ мекунанд. Ба назари мо хуб мешуд ҷомеа барои пешгирии чунин амалҳо дар баробари мақомоти давлатӣ ниҳоят фаъол бошад.
       Ақидаҳои воқеъбинонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ҷонибдорӣ намуда, иброз менамоем, ки бар ивази ташрифи мунтазам ба Арабистони Саудӣ ва баргузор намудани маъракаҳои серхарҷ, маблағи мазкур барои ободонии кучаву деҳот, муассисаҳои таълимӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд, инчунин ҳамчун кадри ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ҷавобгў будани онҳо  масраф гардад. Зеро, аз ин амал на танҳо шахси ҷудогона, балки ҷамъияту давлат ва инсоният баҳра мебарад.
 
Файзалӣ Идизода 
ходими калони илмии Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқ дотсент.                                                                         
 
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia