casino malaysia
casino malaysia
Об барои рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо

wrapper

  Тоҷикистон ҳамчуни кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, махсусан масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Як қатор иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидаанд, ки обрӯю эътибори давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд гардонида, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд. Айни замон ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 амалӣ мегардад. Ҳамзамон 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” қабул намуд, ки ифтихори ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид Фонди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфтаст.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешвоёни ҷаҳоние мебошанд, ки масъалаи обро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пайваста пайгирӣ менамоянд ва ташабусҳои созандаеро дар ҳалли мушкилоти об дар сайёра пешниҳод менамояд. То имрӯз вобаста ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои об қабул гардидаанд. Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи давлатҳои сайёра мушкилоти об доранд, норасоии об барои нӯшокӣ, полезӣ, беҳдошт, хушксолӣ, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар офатҳои табиӣ монеаҳои асосии рушди устувор ва зиндагии шоёну сазовари аҳолии ҷаҳон гардидаанд. Ҳадафи ташаббусҳои Сарвари давлати мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Ҳадафи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо, андешидани чораҳои қатъӣ барои коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, сарфакоронаю одилона истифода бурдани захираҳои об дар сатҳи глобалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа доир ба истифодаи об дар сатҳи миллӣ мебошад.
Пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёраи мо ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла обҳои Тоҷикистон ба сифати кишвари манбаи обҳои минтақавӣ асосан аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Зери таъсири тағйирёбии иқлим миқдори пиряхҳо торафт кам мешаванд, махсусан, давоми чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд. Маълум аст, ки шумораи аҳолии сайёра босуръат меафзояд, аммо нишондиҳандаи таъмини об ба сари ҳар нафари аҳолӣ сол ба сол камтар мегардад. Агар раванди босуръати обшавии пиряхҳо саривақт пешгирӣ карда нашавад, дар даҳсолаи наздиктарин масъалаи таъмини аҳолии саёра ба оби тоза боз ҳам шиддат мегирад. Тоҷикистон ҳамеша аз истифодаи сарфакаронаву оқилонаи об дар минтақа ва сатҳи ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки “имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “нерӯи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад. Дар ин радиф тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо, чи дар Арктикаву Антарктида ва чи дар қитъаҳои континенталии сайёра, намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад. Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати шумораи аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад... Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст. Тоҷикистон низ ҳамасола аз офатҳои табиии марбут ба об хисороти зиёди молию ҷонӣ мебинад. Ин ҳолат ба талошҳои мо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд”. Дар рафти суханронии хеш Сарвари давлат бори дигар зарурати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои об, идора ва истифодаи об, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ, обшавии пиряхҳо, офатҳои табии ба гармшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо алоқаманд, ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва дигар масъалаҳои ба об алоқамандро таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки торафт зарурати ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи оби тоза шиддат мегирад, зеро обшавии пиряхҳо зери таъсири омилҳои гуногун босуръат афзуда, боиси тағйирёбии муҳити табиӣ ва офатҳои табиӣ мегарданд. Пешгирии обшавии пиряхҳо як раванди ҷиддиест, ки онро бо баргузор кардани чорабиниҳо дар доираи як сол ва ё ҳатто чандсолаҳо пешгирӣ кардан ғайриимкон мебошад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи пиряхҳо бояд талошҳои муштарак намуда, пеш аз ҳама, гармшавии ҳарорати ҳаворо пешгирӣ кардан лозим аст. Ҳадафи дигари ташаббуси Тоҷикистон барои пешниҳоди эълони Соли ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ барои коҳиши ин раванд ва устувор сохтани иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар давоми 20 соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кардаст. Натиҷаи қабул гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2005-2015 – даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои ҳаёт” ва даҳсолаи байналмилалии 2018-2028 “Об барои рушди устувор” мебошанд. Президенти Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об ба манфиати аҳли башар, ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вобаста ба об нигаронида шудаанд, зеро вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан, оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ мегардад.
Хулоса, қабул гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳалли масъалаҳои об бори дигар собит менамояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳони муосир буда, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об, ки аз он соҳаҳои дигари муҳим, мисли ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳо вобастагӣ доранд, саҳми бузург гузошта метавонанд.

Миров Фирӯз Сафаралиевич. 

н.и.ф., дотсент, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia