casino malaysia
casino malaysia
Наврўз - муаррифи тамаддуни  бостонии миллати тоҷик

wrapper

  Новобаста аз он, ки Наврўз ҳамчун ҷашн ҳанўз дар замони Пешдодиён ва шояд пеш аз он ҳам маълум буд, вале аксари олимону коршиносон бар он назаранд, ки асосгузор ва эҳёгари Наврўз Ҷамшед аст, зеро маҳз бо ибтикори ў Наврўз бо тамоми суннатҳояш эҳё гардид ва дар аҳди вай бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешуд. Аз навиштаҳои таърихнигорон ва адибон маълум аст, ки «Наврўзи Сосониён», «Наврўзи Балх», «Наврўзи Суғд», «Наврўзи Бухоро», «Наврўзи Хуҷанд», «Наврўзи Хатлон», «Наврўзи Бадахшон», «Наврўзи Панҷакент», «Наврўзи Самарқанд» ва ғайра вуҷуд дошт, ки имрўзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он дубора эҳё гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон минтақае нест, ки дар он ҷо Наврўзро ҷашн нагиранд. Имрўзҳо Наврўзро дар тамоми олам беш аз 300 миллион нафар ҷашн мегиранд ва аз тариқи воситаҳои ахбори ҷаҳон дар бораи он беш аз як миллиард нафар иттилоъ пайдо менамоянд, ки ин ваҳдату пайванди инсону табиат ва ҳиссаи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифтааст.
  Бо вуҷуди ин, мо бар он назарем, ки Наврўз дар давоми таърихи тўлонии худ ду давраи эҳёшавӣ дорад: якум давраи қадимӣ, ки ба аҳди ҳукмронии Ҷамшед рост меояд ва дуюм давраи муосир, ки ба замони соҳибистиқлолӣ тааллуқ дорад. Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишвари ҳавзаи Наврўз ҳанўз соли 2010 масъалаи ҷаҳонишавии Наврўз ба миён гузошта шуд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар даҳсолаи аввали садаи ХХI ваҳдати фарҳангӣ дар байни кишварҳои ҳавзаи Наврўз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба СММ пешниҳод намоянд. Бо талоши бевоситаи Пешвои хирадманд ва ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Наврўз дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврўз бо 76 унсури ғайримоддии худ ба рўихати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Баъдан 23 феврали соли 2010, дар 64-умин сессияи Генералии Ассамбелияи СММ, дар чаҳорчўби моддаи 49-и рўзномаи ҷаласа, таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон», дар бораи ҳамчун «Рўзи байналмилалии Наврўз» дар 21 март ҷашн гирифтани Наврўз қарор қабул карда шуд. Он аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод гардида буд.Худи ҳамон соли 2010 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврўз”, рўзҳои 21 – 24 мартро – Иди байналмилалии Наврўз эълон намудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010, № 611). Тибқи ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 21-24 март дар Тоҷикистон истироҳат муқаррар шуд.
Воқеан ҳам мардуми тоҷик Наврўзро бо расму суннатҳои ниёгон ҷашн мегиранд. Расму суннатҳои Наврўз дар минтақаҳои Тоҷикистон гуногун буда, дар умум рамзи оғози ташаббусҳои созанда мебошанд. Наврўз ҷашнест, ки ҳар як инсон, новобаста аз синну сол ва касбу кор метавонад онро ҷашн гирад.
Ниёгони мо хони Наврўзиро бо тарзи махсус меоростаанд. Хони Наврўзӣ бо номҳои «Ҳафт син», «Ҳафт шин» ва «Ҳафт мим» ороста мешуд, ки онҳо чунин тасниф мешаванд:
«Ҳафт син»: сипанд, себ, санҷид, сумоқ (меваи турши монанд ба қот, ки барои хуштамъ кардан ба таом меандозанд), сир, суманак, сабзӣ ва ғ;
«Ҳафт шин»: шир, шакар, шароб, шамъ, шаҳд, шамшод (барг аз дарахти ҳамешасабз) ва шоя (навъи мева);
«Ҳафт мим»: моҳӣ, мурғ, мавиз, мост, моқут (ҳалво), май, мева.
Маврид ба ёдоварист, ки номгўйи хўрокҳои хони наврўзӣ вобаста ба табъу завқи инсонҳо метавонист иваз шавад. Муҳим ҳарфи ибтидои ғизо бо «син», «шин» ва ё «мим» шурўъ мегардид. Ин суннати ниёгон низ то замони мо омада расидааст. Аслан, ниёгони мо талош меварзиданд, то хони наврўзиашонро бо «Ҳафт шин» оро диҳанд. Бо фаро расидани Наврўз, ормонҳои наҷиби мардум на танҳо дар хондани суруду таронаҳои наврўзӣ, атрофи деги суманак, балки ба василаи иҷрои расму оин ва суннатҳои хуҷаста, дар шакли рамз ифода меёфт. Тавре зикр кардем, «Ҳафт шин» зеби дастархони наврўзии ниёгони мо буд ва имрўз низ мардуми тоҷик ин суннатро пос медоранду дар рўзҳои ҷашн онро ба иҷро мерасонанд.
Дар хоне, ки бо «Ҳафт шин» ороста шудааст, ҳама анвоъ ранги сафед доранд. Ҳамчунин, таомҳои наврўзӣ сафедранганд, яъне бештар аз ширу биринҷ таҳия шудаанд. Албатта ороиши хони наврўзӣ бо «Ҳафт шин» рамзеро дар худ нуҳуфта дорад.
Аз замонҳои қадим тоҷикон ранги сафедро муборак меҳисобиданд. Онро ҳамчун рамзи покӣ, покдиливу покниятӣ, шодию фараҳ, оромиву осудагӣ, сафедии роҳ, сафедии бахт ва ғайра пазируфта, кўшиш мекарданд то либосу ашё, ғизо ва ороиши хона ранги сафед дошта бошад. Чун Наврўз паёмвари хуррамиву шукуфоӣ ва фараҳу шодмонӣ эътироф шудааст, дар рўзҳои таҷлили ин ҷашн мардум ҳаракат мекунанд либоси сафед ба бар дошта бошанд, деворҳои хонаҳояшон сафед бошад, таомҳои наврўзиашон низ ин рангро ба худ дошта бошад.
Ҷашни бостонии Наврўз, ки ҳувият ва хусусияти миллӣ дорад, рамзи пайванди наслҳо ва қавмҳо мебошад. Мо Наврўзро оғози эҳёи табиат, санаи нашъунамо ва тавлиди наботот мешуморем ва ба ин боварем, ки дар баробари табиат бояд даврони навро низ бо рўҳияи тоза ва пўшидани либосҳои нав оғоз кунем. Яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврўз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дўстона, инчунин ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст, арзёбӣ менамояд. Дар замони кунунӣ, ки ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои баҳсбарангези зиндагии муосир табдил шудааст. Таҷлили ҷашнҳои фарҳангии умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Наврўз дар ҳалли мушиколоти ҷуғрофию марзӣ ва равобити мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба аз ҳар ҷиҳат мусоидати мусолиматомез менамояд. Дар айни замон ҷомеаи башарӣ дар беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондўстона ва хиради созанда ниёзманд аст. Наврўзи ҷаҳонӣ имрўз метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дўстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугўи тамаддунҳо хизмат намояд.

 
Азима Мамадназарова
ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии
муносибатҳои байналмилалӣ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia