casino malaysia
casino malaysia
Диравши Коваёнӣ ‒ таҳкимбахши ҳувияти миллӣ

wrapper

  Дирафши Ковиёнӣ ҳамон дирафшест дар асотири Эрон, ки Коваи оҳангар пешдомани чармии худро бар сари найза ниҳод ва алайҳи зулму ситами Заҳҳоки морбардӯш бархост. Заҳҳоки морбардӯш мағзи сари 17 писари ӯ ва ҳазорон дигар фарзандони мардуми эронитаборро хӯроки морони худ сохта буд. Коваи оҳангар мардумро атрофи худ ҷамъ овард ва бо роҳбарии ӯ Заҳҳоки мордӯш аз тахт барандохта шуд. Мардум Фаридунро ба маснади шоҳӣ бармегузинанд ва ӯ дастур медиҳад, ки Дирафши Коваёнӣ бо дебоҳои зарду сурху бунафш ороста ва ба он зару гавҳар афзуда шавад ва онро Дирафш ё Парчами шоҳӣ унвон кунанд. Аз он гоҳ баъд Дирафши Коваёнӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба ҳар гуна зулми дохилию хориҷӣ табдил ёфт ва дар фарҳанги сиёсӣ ва давлатсозии миллӣ зуҳур кард.
Ҷаҳонпаҳлавонони эронзамин ба мисли Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва дигарон ҳар яке диравши худро доштанд, аммо Дирафши Коваёнӣ бар садри онҳо қарор дошт ва ҳангоми дифоъ аз марзу буми ниёкон онро ба унвони иқтидори фарогири маънавӣ ва миллӣ бармеафроштанд.
Дирафши Коваёнӣ аз ситораи дар миёни чаҳорчӯбаи бунафшранг иборат буда, бо сангҳои қиматбаҳо печонида шудааст ва дар атрофи он тасмаҳои сурх, тилло ва бунафшранг ҷойгиранд. Ситора маънои «бахт»-ро дорад ва агар дирафш аз ҷониби душман забт карда мешуд ё дар майдони ҷанг нобуд мегардид, маънои шикаст хӯрдан ё аз даст додани бахтро дошт. Тибқи иттилои муаррихон, ин Дирафши Коваёнии таърихӣ ҳазор-ҳазор (1 млн.) сиккаи тило қиммат доштааст. Мутаассифона, ин дирафш пас аз ҳамлаи аъроб ба Эронзамин дар ҷанги Ал-Қодисия ба дасти арабҳо афтод ва осеб дид. Шахсе бо номи Зерор ибни Каттоб онро барқарор кард, ки барои ин кораш аз халифа 30 000 динор гирифт. Сипас, аз Дирафши Коваёнӣ тамоми ҷавоҳирот гирифта ва худи он сӯзонида шуд.
Соли 867 Ёқуб ибни Лайси Саффорӣ даъвои мероси шоҳони Эронзамин кард ва талош варзид, ки бузургию шаҳомати онҳоро эҳё кунад. Ӯ ба халифаи Аббосиён шеъре навишт, ки бо ин суханон оғоз мешавад: «Дирафши Ковиёнӣ дар даст, ман бар онам, ки бар мардумони ҷаҳон ҳукмронӣ кунам».
Дар манобеи таърихӣ дар робита бо Дирафши Коваёнӣ маълумоти зиёде вуҷуд дорад. Масалан, дар «Таърихи Табарӣ» омадааст: «Дирафши Коваёнӣ аз пӯсти паланг дуруст шуда, дарозии он дувоздаҳ араш будааст. Агар ҳар арашро, ки фосилаи байни нӯги ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, тақрибан панҷ метр арз ва ҳафт метр тӯл мешавад».
Дар сиккаҳо сабт ёфтани Дирафши Коваёнӣ баёнгари он аст, ки парчами миллӣ дар ҳар давре аз таърихи марзу буми меҳани азизамон ҳамчун муқаддасоти давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва мардумӣ муаррифӣ мешудааст.
Дирафши Коваёнии воқеӣ-таърихӣ рамзи ҳамон Дирафши Коваёнӣ буд ва дар таърихии мардуми эронинажод аз даврони бостон то поёни Давлати Сосониён ва аз он пас низ дар дарбори шоҳони эронинажод нигаҳдорӣ мешуд. Ин Даравши Коваёниро, ки мизони подшоҳии мардуми Эронзамин аст, гоҳе «Дирафши Ҷамшед», «Дирафши Фаридун» ва «Дирафши шоҳона» низ мегуфтанд. Ин Дирафши Ковиёниро метавон яке аз аввалин парчами миллии мардуми эронинажод номид ва ташаккулу такомули давлатдории ориёиёнро заминаи устувор фароҳам овард.
Диравфши Ковиёнии Давлати Сосониён

  
   
 
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.
Бисёр рамзист, ки Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад, зеро мардуми сарбаланди тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад ва он нишони додхоҳию адолатгустарӣ, ваҳдати миллию саодати мардумро бо худ дорад.
Парчами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 дар маросими савгандёдкунии давраи севуми сарвари давлат ‒ Эмомалӣ Раҳмон қабул ва муаррифӣ гардид. Дар маркази Парчам Дирафши Кавиёнӣ, ки рамзи пойдорӣ ва идомаи давлатдории миллӣ мебошад, ҷойгир шудааст. Дар дохили Парчам шери болдор дар зери осмони кабуд бо тоҷи хурд ва ҳафт ситора ҷойгир аст ва яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчами миллӣ мебошад (мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Аз даврони бостон то ҳол Парчам рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор, нангу номус ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад.
 
Камолов Усмоналӣ Нусратович,
ходими калони илмии Шуъбаи
таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia