casino malaysia
casino malaysia
Нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон

wrapper

  Яке аз марҳилаҳои хело ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсози миллати тоҷики мо ин давоми солҳои 90-и асри сипаришуда мебошад. Бо таназзул ёфтани низоми Шӯравӣ собиқ давлатҳои иттифоқӣ роҳи мустақилияти усули давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистон низ дар остонаи солҳои 90-ум истиқлолияти хешро ба даст овард. Расидан ба ин таҳавуллоти таърихӣ, ки ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, бо гаронӣ ба даст омад.  Агар дар он айём ба даст овардани истиқлолият осон ба назар намояд, вале ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб, ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хатари парокандашавии миллат ва суқути давлатдории он бармало эҳсос мегардид. Нерӯҳои марказгурезу манфиатхоҳ таҳти шиорҳои авомфиребонаи хеш бо мақсади амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ бо ҳам дар муқовимат буданд. Кинаҷӯию хусуматварзӣ ва қасосгирию бадхоҳӣ хислати ҳамешагии ин гуна қувваҳо гардида буд. Ҳатто бархе аз чунин гуруҳҳо дар иртибот бо нерӯҳои хориҷии манфиатхоҳ дар паи тақсиму нобудкунии давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буданд. Махсусан, ҳодисаҳое, ки дар соли 1992 ба вуҷуд омаданд, ифшогари муаммоҳои дар боло зикршуда мебошанд.
  Агар ба таърихи назар кунем, миллати куҳанбунёди тоҷик дар масири таърих азиятҳои зиёдеро аз дасти ғосибон кашидааст. Пас аз ҳазор соли бедавлатӣ тоҷикон соҳиби давлат шуданд. Истиқлолияти давлатӣ бо кашмакашҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Оташи фитна дар кўчаю ҷодаҳои давлати нав ба истиқлол расида аланга зада, хонаву анвои мардумро ба коми худ кашида, навҳаи модари ҷигарсузи тоҷикро ба само печонд ва телевизионҳои олам аз ҷанги шаҳрвандии кишвари тоҷик хабарҳо пахш мекарданд.
  Таҳлили мунсифонаи раванди шаклгирии давлати муосири тоҷик муайян  менамояд, ки мо баъди таҳияи ҳокимияти давлатӣ дар шароити ноороми ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули низомӣ ҳуқуқӣ, оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ, барқарор намудани иқтисодиёти миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дигар унсурҳои муҳимми ҳастии давлати миллии муосири тоҷик бевосита вобастагӣ дорад, ба амалкардҳои фарзанди содиқ, вафодор, қаҳрамон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дубора ба даст омад.
  Тавре ки сиёсатшиноси тоҷик Ятимов С.С. менависад, «Масъалаи шахс (раҳбар) ҳамчун субъекти сиёсӣ, мисли дигар паҳлуҳои воқеияти ҷамъиятӣ, ҷанбаҳои таҳқиқи публитсистӣ, бадеӣ, эстетикӣ ва ҳамзамон мардумӣ дорад. Аммо таъкид бояд кард, ки дар илми давлатшиносӣ раҳбарии сиёсӣ аз муҳимтарин масъалаи илмӣ, объекти омӯзиш ва арзёбӣ ба ҳисоб меравад. Муносиботи сиёсӣ маҷмӯи муносибатҳои ниҳоят мураккаби субъектҳои сиёсӣ дар доираи система, структура ва функсияҳои сиёсӣ мебошад. Масъалаи раҳбарии сиёсӣ дар муддати зиёда аз панҷ ҳазор сол ва зиёдтар аз он, яъне аз замоне ки эҳсоси зарурати ҳатмии сохтани муассисаи барои ҷомеа ҳаётан муҳим, таҳти номи давлат (state) дар майнаи Homo Sapience (зуҳуроти соҳиби шуур) ба вуҷуд омад, пайдо гаштааст. Ин ангеза (лидери сиёсӣ) масъалаи (талаботи) шахсӣ, фардӣ, танҳо тамоюли марбути як нафар набуд ва нест. Он тақозои ҳаётан муҳимми давлат, миллат, аз умдатарин қонуният ва омили рушди ҷомеаи маданӣ мебошад.Тавре дида мешавад тайи ин 30 соли истиқлол дарвоқеъ корҳои зиёди созандагию ободкорӣ ба сомон расидаанд. Вале оё метавон, ки аз роҳи тайкарда хулоса накард ва барои фардо андеша наронд? Албатта, не. Дар қатори таҳлилу баррасӣ ва ислоҳи камбуду норасоиҳо, таҷриба собит менамояд, ки нақши қадршиносию шукргузории неъматҳо дар рушди давлатдорӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва қаҳрамонони миллат воситаи муассири рушд ва низоми давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо будааст» [2, 2].
  Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ў албатта, ба мақсад мерасад, дар акси ҳол не. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳарду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат – Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.
Дар чунин айёми даргириҳо дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992) баргузор гардид. Дар ин анҷумани таърихӣ хушбахтона ақли закию хиради воло ғалаба намуд, ки фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ «Раҳми парвардигори мо омад», ки чунин шахсият дар он солҳои пурдаҳшат сарварии миллату давлати моро ба уҳда гирифт.
Пас аз ин маҷрои давлатдории тоҷикон роҳи навро пеш гирифт, ки ин роҳ роҳи ҳаёти дурахшон, роҳи саодат, роҳи адолат, роҳи созандагӣ, роҳи ваҳдат ва роҳи худшиносию меҳанпарастӣ буд. Аз ин рӯ, ин иҷлосияро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳақиқат нуқтаи таҳаввул ва омили сарнавиштсоз ҳисобидан мумкин аст.
Аз ибтидо дар суханронию фаъолияти Президент маълум буд, ки ин шахс инсони фавқуллодаест, ки сухану кораш якест. Дар он айёми пурфоҷиа, ки кам касон вазифаи роҳбарии давлатро ба уҳда мегирифтанд ӯ ягона чеҳрае буд, ки манфиатҳои худро пушти по зада барои ҳифзи манфиатҳои омма, ба хусус қишри осебдида талош меварзид. Замоне, ки ӯ дар ин ҷода гомҳои ҷиддию қавиирода мегузошт баъзе аз бо ном «дилсӯзони миллат» паи иҷрои орзуҳои «тиллоӣ»-и худ буданд. Эшон мехостанд аз ин парешонию саргардонӣ чизе барои худ созанд ё биситонанд.
Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи ХVI маҳз ба масъалаи ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рўзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», ин ҳама дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шўрои Олӣ буданд, ки ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда буданд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз баъд аз 23 рўзи интихоб шуданаш дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Тавре маълум гашт, Президент қадам ба қадам ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рўҳи гузаштагону хираду дониш талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо чунин шахс, чунин роҳбар қудрате дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кўтоҳ хомўш созад. Танҳо ҳамин дастовардаш қодир аст, ки ба ў ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар он рўзҳои мудҳиш ба тақдири ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон таъсири чандҷониба дошт, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Маҳз ҳамин масъалаҳо санги таҳдоби муноқишаҳои сиёсии ҷанги шаҳрвандиро ташкил медоданд, вале баъдан бо рехтани хун ва сангаргириҳои тарафҳо ноаён зери пардаи масъалаҳои ҳарбӣ қарор гирифтанд. Аммо ин муваққатӣ буд, зеро дар шароити мусоид ба миён омадани ин масъала ногузир буд. Аммо барои олам, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои атроф на муноқишаҳо, балки маҳз ҳамин масъала, яъне роҳи ояндаи давлатдории мо ҳанўз ҳам масъалаи аввалиндараҷа буд. Аз ин рў, давлатҳои атроф, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҳатто нерўҳое, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро огоҳу ноогоҳ доман мезаданд, интизори эълони роҳи интихобкардаи Роҳбари ҷавон буданд.
Бо дастур ва ҳидояти бевоситаи Роҳбари давлат Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияро ба муҳокимаи умумихалқӣ баровард. Дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ворид шуд. Аз ин хотир, Роҳбари давлат лоиҳаро халқӣ номид: «Ин лоиҳаи Конститутсия боз барои он халқӣ аст, ки онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд. Аз ин рў, эҷодгари он худи мардум аст». Албатта, Конститутсияи мардумӣ ба кишвари мо тағйироти бунёдиву нодири ҳуқуқиро дар фазои идорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид сохт, ки бешубҳа дар саргаҳи он ғояҳо ва андешаҳои созандаи Роҳбари давлат ва орзую омоли мардуми Тоҷикистон истода буд.
Президент ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин бо суҳбатҳою мулоқотҳояш бо мардум онҳоро аз дилшикастагию озурдахотирӣ яъне аз торикию зулмот ба нуру созандагӣ ҳидоят менамуд. Мулоқотҳои Сарвари давлат дар он солҳо як умеде ё як шуълае аз ояндаи нек дар замири мардум ба вуҷуд меовард.
Президент марди дурбину хирадманд аст. Таърихан ин хислати беҳтарини роҳбарон ба ҳисоб меравад. Чунин хислатро мо дар ҳамон мулоқотҳои аввалини эшон пайхас менамоем. Дар аввалин мулоқоти хеш бо мардум дар ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси роҳбари давлат дар таърихи 22 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: «Аз ҳамин ҷо дар хоки Афғонистон шаҳрвандони мо вафот кунанду мардуми бегона онҳоро ба хок супоранд, ба нангу номуси мо намерасад? Ҳазорҳо нафар дар он ҷо мурдааст. Ҳазорсолаҳо мегузаранд миллати моро таъна мекунанд. Ҳар як нафаре, ки аз он ҷо гузарад мегӯяд, ки ин гӯристонҳои мардуми тоҷик аст…  То тинҷию амонӣ нашавад, то фарди охиринро аз дигар давлатҳо барнагардонем, ман худро ором ҳис намекунам».
Ҳамзамон, дар аввалин муроҷиатномаи худ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам».
Аз ин гуфтаҳо ба таври возеҳу равшан бармеояд, ки ӯ аз рӯзҳои аввал ба хуби ин масъулиятро яъне масъулияти роҳбариро хуб дарк намуда, хизмат барои миллату давлатро қарзи виҷдонии худ мешуморид. Дар ин радиф файласуфи Чини қадим Конфутсий дуруст мефармояд, ки «Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд ва бадон ба хотири рутба ва мақом».
Аз он рӯзгор инак 30 сол сипарӣ шуд. Таҷрибаи солҳои минбаъда нишон дод, ки ин марди шариф бо талошҳои созандаи хеш тавонист ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро бо Ваҳдати миллӣ мубаддал созад. 27 июни соли 1997 баъди талошҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллат мо ба шароити сулҳу ваҳдат расидем. Ҳар фарди соҳибхирад имрӯз хуб дарк мекунад, ки Тоҷикистони мо таи ин муддат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар тараққиёти ҳама соҳаҳо муваффақ гаштааст. Таъмини ваҳдату оромӣ дар мамлакат тақдири ояндаи давлатдории тоҷиконро мустаҳкам намуд. Ҳақ ба ҷониби файласуфи олмонӣ Освалд Шпенглер аст, ки дар бораи чунин афрод мефармояд: «Мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд».
Агарчанде дар роҳи ба даст овардани он мушкилиҳои зиёде пеш омада буданд, аммо ин марди бузурги таърих тавонист чун сиёсатмадори хирадманду фурӯтан онро бо як усули беназир ба даст орад. Ин ҳодисаи таърихӣ ва симои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори аслии сулҳ дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёр сиёсатмадорону коршиносони байналмилалӣ баҳои арзандаю мувофиқ гирифтаанд. Тавре, ки Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин, мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки мислаш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти мутташаниҷ дошт, дида намешуд. Ҳарон чӣ оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар». Дар ҳамин радиф собиқ раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Сзян Сзэмин чунин мегӯяд: «Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳазораи сеюм бо боварӣ қадам мезананд. Ба ҳама маълум аст, ки саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ҳаракати мустаҳкамкунии робитаҳои дӯстии халқҳои Осиё назаррас аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ ва якдигарфаҳмию тараққиёти ояндаи Тоҷикистонем».
 Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳанд. Барои омӯхтани сулҳи тоҷикон инчунин якчанд маротиба дар сатҳи байналмилалӣ конфронсу ҷамъомадҳо ташкил ва дар шаҳри Душанбе доир гардидааст.
Дар замони муосир ҷомеае метавонад пояҳои давлатдории хешро қавӣ созад, ки сатҳи дониш ва ҳисси худогоҳию худшиносии миллиаш баланд бошад. Табиист, ки омили асосии баланд бардоштани худшиносии миллӣ мактаб буда, он аз сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардум вобаста аст. Бо дарки ин нуқта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои роҳбарии худ соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки давлату ҳукумат эълон намуда, пайваста барои рушди соҳа ғамхориҳо зоҳир менамоянд.
Дар хотироти таърих ҳодисаву воқеаҳои зиёд нақш бастаанд, ки имрӯзиён онро варақгардон намуда, ба он баҳои воқеӣ медиҳанд. Чунончӣ, дар осори бузургон шоҳ Исмоили одил зиёд мадҳу ситоиш шуда, давраи салтанати онро аз дурахшонтарин ва хирадмандтарин замон инъикос кардаанд. Зеро ҳукмронии ин подшоҳ дар пояи адлу инсоф, хираду матонат ва раиятпарварона бунёд шуда буд.
Хушбахтона, баъди асрҳои бедавлатӣ офтоби бахт ба рӯи ин мардуми дар тӯли таърих азияткашида хандида, истиқлолияти сиёсиро ба даст оварданд. Истиқлолияти воқеии кишвар барои халқи тоҷик фарзанди фарзонаеро тӯҳфа намуд, ки ӯ ба захми миллат дору гардида, онро аз нав эҳё намуд.

 
Зиёева З. И.
ИФСҲ АМИТ
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
  1. Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олӣ.//26.12.2020.
  2. Ятимов С.Политический субъект и национальная безопасность // Сочинения. Том 6.-Душанбе: Ганҷ нашриёт,2019.-327.
  3. Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992. Ниг. Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди аввал. – Душанбе 2002. – с.6.
  4. Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди аввал. – Душанбе: «Ирфон», 2002.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia