casino malaysia
casino malaysia
Изҳороте, ки аз бемасъулиятии сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад

wrapper

(Андешаҳо дар пайи изҳороти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар масъалаи марз ва “далели нав” дар ҷайби худ доштани ҷониби Қирғизистон)
 
  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев рӯзи 15-уми сентябр, ки президенти ин кишвар Содир Ҷабборов ба тозагӣ аз сафари Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргашта буд, изҳороти ҳангомаҷӯёна ва ғайридипломатиеро баён намуд. Ӯ ҳангоми ифтитоҳи биное дар вилояти Ботканд якбора ва бемаврид иброз, ки “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он гӯё заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузашта будаанд. Инчунин, агар ҷониби Тоҷикистон аз даъвояш барнагардад, тарафи Қириғизистон ин санадҳо ва даъвоҳои қавитареро пеш мегузорад”.
  Аввалан, дар дипломатияи муносибатҳои байналмилалӣ пеш аз вохӯриву баррасии масъалаҳои пешакӣ муайяншудаи муҳими сиёсиву давлатӣ кушода ва матраҳ кардани паҳлӯҳои муҳим ва ҳассоси ин гуна масъалаҳо ҳам аз рӯи одоби дипломатӣ шоиста нест ва ҳам ин кор қобили қабул нест.
Ҳамзамон, модоме ин қабил масъаларо комиссияҳои босалоҳият аз ҳар ду тараф мавриди дуру дароз омӯхтаву таҳлил намуда, роҳу воситаҳои ҳалли мусолиматомез ва қонеъкунандаи ҳар ду ҷонибро ҷусту ҷӯ доранд. Ин комиссияҳо вохӯриву маслиҳатҳои худро дер боз вақт ҳам дар дохили Қирғизистон ва ҳам дар дохили Тоҷикистон якҷояю ҷудо аз ҳам гузаронида, то имрӯз омадаанд ва ба наздикӣ дар як вохӯрии якҷоя бояд ба як хулосаи муҳим биёянд. Оромии нисбӣ ва умедворкунанда, ки тайи чанд вақти охир дар марзи ду ҳамсоякишвар ҳукмрон аст, маҳз ба фаъолият ва салоҳиятнокии ин комиссияҳо ва ба тавофуқи назар расидани онҳо асос ёфтааст. Аҳли ҷамоатчигии ҳар ду кишвар бо умеди зиёд ҷаласаи охирин ва боинсофонаи ин комиссияҳоро интизор аст, ки як қарори муштарак дар асоси анъанаи гузаштаи дӯстиву ҳамҷавории халқҳояшон ҷусту ҷӯ ва пайдо мешавад. Пеши роҳи низову даргириҳое, ки чандин бор боиси марги низомиёну шаҳрвандони ҳар ду ҷониб шуда буд, гирифта мешавад ва оромиву суботи сарҳад барқарор мешавад. Ин матлаб дар вохӯрии охирини президентҳои ҳар ду кишвар ҳангоми нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе низ таъкид ёфта буд. Вале, мутаассифона, изҳороти ниҳоят бемасъулиятона ва ҳангомаҷӯёнаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қ.Тошиев метавонад ба кори пурсамари комиссияҳо хати батлон кашад ва орзуи оромиву суботи сарҳадро ба дуриҳо партояд.
Ин гуна изҳорот, пеш аз ҳама эътимоди нисбию кории пешомадаро дар ин раванд зери савол мебарад. Ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки ба нафъи ҳалли масъалаи мавҷуда ва ба манфиати ҳар ду ҷумҳурӣ ва фазои ҳамгароии минатқаи мо нест.
Вале ба таври умум, изҳороти Қ. Тошиев аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷониби кишвари Қирғизистон ва махсусан роҳбарияти сиёсии он роҳу воситаҳои пайдо намудани ҳалли молиматомези масъалаи марзро пайгирӣ надорад. Пеш аз ҷамъбасти расмии кори комиссия пахш намудани чунин изҳорот нишонаи бемасъулиятӣ дар назди вазифаи давлатӣ ва дар назди мардуми ҳар ду кишвар мебошад.
 
Мирзоев Ғ.Ҷ. 
д.и.ф., сарходими илмии
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia