casino malaysia
casino malaysia
Пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамчун таъмини ҳуқуқи аъзои оила

wrapper

 Бист сол қабл соли 2013 баъди баҳсҳои тӯлонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсади асосии қонун ҳимояи ҳуқуқи аъзои оила, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ ба қурбониёни чунин зӯроварӣ мебошад.
 Бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила аз тарафи мақомотҳои давлатӣ диққати махсус дода мешавад.
  Дар қонуни мазкур омадааст, ки зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ буда, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад. Ҳамзамон зӯроварӣ дар оила ба зӯроварии ҷисмонӣ; зӯроварии рӯҳӣ; зӯроварии шаҳвонӣ; зӯроварии иқтисодӣ ҷудо карда мешавад.
  Аз ҳама хавфи баланд ин зӯроварӣ дар оила нисбат ба падару модари пиронсол мебошад, зеро ба қурбониёни чунин зуроварӣ на танҳо дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ, ки баъзан ба фавти шахси пиронсол меоварад, балки бештар зарари рӯҳӣ расонида мешавад. Онҳо аз ин ҳолат рӯҳафтода гардида, қобилияти худмуҳофизат карданро гум мекунанд. Ин намуд зӯроварӣ аз зӯровариҳои дигар қуллан фарқ мекунад, зеро онҳо қурбониёни шахсони наздики худ- фарзандон, ки табиатан бояд барои онҳо «асои пирӣ»ва нигаҳбони умр дар даври пириашон бошанд. Ҳар як падару модар фарзандро ба воя расонида, умед дорад, ки ҳангоми пиронсолӣ фарзандаш меҳнату заҳматҳои кашидаашро бармегардонад.
Онҳо тӯли чандин солҳо якҷоя зиндагӣ карда, манзили истиқоматӣ, молу мулки якҷоя доранд. Дар синни пиронсолӣ падару модар аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ аз фарзандони худ вобаста мегарданд. Барои ҳамин падару модари пиронсол на ҳамеша дарк мекунад, ки нисбат ба онҳо зӯроварӣ содир шуда истодааст. Зеро зӯроварӣ на танҳо дар истифода бурдани зӯр, ё ҳаракатҳои маҷбуркунӣ ифода меёбад.
  Дар Тоҷикистон нисбат ба ашхоси пиронсол, алалхусус падару модар ҳурмату эҳтироми беандоза зоҳир карда мешавад. Ва инро аз аёми кӯдакони мо дар фарзандони худ тарбия мекунем. Падару модари кӯдак нисбат ба падару модари пиронсоли худ бо эҳтироми беандоза рафтор намоянд, ин ибрат ба кӯдакон мегардад, ки бибию боборо ҳурмату эҳтиром кунанд. Баъдан ин ҳурмату эҳтиром нисбати падару модар, ки ба синну соли пирӣ расидаанд, мегузарад.
  Паст задани шаъну эътибори падару модари пиронсол, таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ аз ҷониби писар ё духтар – ин як намуди таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ ба шумор меравад. Бо мурури вақт ин ҳолат ба истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ нисбат ба қурбониёни зӯроварӣ мегардад. Асосан чунин зӯроварӣ бо маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хӯрок, либос, молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқ дорад, таъмин накардан аз дорувории зарурӣ, табобат накардан вобаста аст, ки дар натиҷа боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё сар задани дигар ҳолатҳои ногувор мегардад. Ҷабрдидагон доимо зери тарсу ваҳм қарор доранд.
Ошкор кардани ин гуна зӯроварӣ мушкил аст. Зеро падару модари куҳансол кӯшиш мекунанд, ки одамони гирду атроф, наздикону хешу табор дар ин бора нафаҳманд. Асосан зулмоваранда фарзанде мебошад, ки майзада шудааст, ё нашъаманд аст.   Маблағи охирини ночизи падару модарро бо истифодаи зӯроварӣ кашида гирифта,ба нӯшокии спиртӣ ё вмоддаи нашъадор харҷ мекунад. Дар чунин ҳолат бештари падару модари ранҷур худро гунаҳгор шуморида ба ҳеҷ ягон мақомот шикоят намекунанд.
  Бояд гуфт, ки зӯроварӣ дар оила нисбат ба падару модари пиронсол дар як чанд марҳила сурат мегирад. Дарҳо пӯшида аст ва девори ҳавлӣ баланд. Бештари одамон кӯшиш мекунанд, ки ба мушкилоти оилавии онҳо дахолат накунанд ва худро бетараф, ҳамчун тамошобин мегиранд.
  Зулмоваранда доимо кӯшиш менамояд, ки кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон кунад, аммо нишонаҳои зӯроварӣ дар оиларо метавон аён дид. Аввалан овозҳои баланд, кашмокаш, ҷанчол, суханони қабеҳ шунида мешавад. Ба аёдати шахси пиронсол монеагӣ мекунанд, намехоҳанд, ки ташрифоварда шоҳиди ин ҳолат гардад. Дар чунин ҳолат нақши раиси кумитаи маҳалла ва фаъолони маҳал бузург аст.
Дар Тоҷикистон анъана аст, ки рӯзҳои ид бештари одамон ба кӯдакони ятим, бевазан, одамони пиронсол кӯмаки хайрия мерасонанд. Албатта дар рафти ин гуна вохӯриҳо кормандони ҷамъиятӣ бояд аз вазъи саломатӣ, таъмини хӯрок, доруворӣ, хизмати тиббии ҳар як шахси солхӯрда хабардор шаванд. Дар навбати аввал бояд ба оилаҳои нотинҷ, ки фарзандони майзада ё нашъаманд доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.
Ошкор кардани ҳолати зӯроварӣ дар оила кори осон нест. Ин кор бояд дар якчанд марҳила сурат гирад:
  Марҳилаи якум: мушоҳида кардани ҷой доштани зӯроварӣ нисбат ба пиронсолон. Барои он гумон кифоя аст.
  Марҳилаи дуюм: ташриф овардан ба ин оила ва суҳбат бо пиронсолон дар хусуси саломатӣ, хизматрасонии тиббӣ, сари вақт гирифтани нафақапулӣ, азназаргузаронии ҷойи хоб, сару либос, тозагии онҳо. Яъне мустаҳкам кардани гумон оид ба ҷой доштани зӯроварӣ дар оила.
   Марҳилаи сеюм: суҳбат гузаронидан бо фарзандон.
  Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи моддаи 88 ва 89 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки падару модару ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. Дар сурати иҷро накардани талаботи меъёри мазкур суд аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент меситонад. Андозаи алимент бо маблағи устувор муайян карда мешавад. Ҳамзамон дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбат ба падар ё модари ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра) суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
  Дар рафти суҳбат бояд онҳоро огоҳ сохт, ки тибқи моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон, барои содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
 
Назриева Шаҳноз Ҷурабековна
ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва
ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқӯқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia