casino malaysia
casino malaysia
Муқовимат ба коррупсия дар давлатдории Ҳахоманишиён (назари ҳуқуқӣ-таърихӣ)

wrapper

   Қадимтарин маълумот роҷеъ ба масъалаи коррупсия ва муқовимат ба он дар таърихи давлатдории тоҷикон аз давраи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо боқӣ мондааст. Давлати Ҳахоманишӣ бар асоси таълимоти ойини зардуштӣ бунёд ёфта буд, ростиву адолатхоҳӣ ва раиятпарварӣ аз фазилатҳои муҳим ва барҷастаи он ба шумор мерафтанд. Пайравӣ ва эътиқод ба таълимоти зардуштӣ Ҳахоманишиҳоро ба корнамоиҳои арзишманде дар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳидояту роҳнамоӣ карда буд. Дар банди 14-уми Маншури асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир чунин нигошта шудааст: «Куруш бо ростиву адолат кишварро идора мекард». Дориюши Аввал низ дар Катибаи Бесутун гуфтааст: «… ин ки кардам ба бузургии Аҳурамаздо кардам… тибқи ростӣ рафтор бикардам». Чунин ба назар мерасад, ки эҳтимол ин гуфтаҳо дар фаъолияти зиддикорупсионии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо низ то андозае принсипҳои роҳбарикунанда дониста мешуданд.
  Баъзе нақлу ривоёт вобаста ба амалҳои коррупсионӣ ва муҷозот барои он аз замони Ҳахоманишиҳо то ба мо расидааст. Дар ин давра шоҳаншоҳ ба сифати мақоми асосии додгустарӣ бар кори додрасон (судҳо) низ назорат мебурд. Агар ҳукми ноҳақе аз онҳо содир мешуд, ба тариқи саҳеҳ рафъи зулм мекард. Чунончи, Ҳеродот дар мавриди Камбуҷияи писари Куруш мегўяд, вақте яке аз додрасони олимақоми Ҳахоманишӣ бо номи Сисоминис пора гирифта буд, бо дастури шоҳаншоҳ Камбуҷия пўсташро аз тан канданд ва бар маснади додрасии ў гузоштанд ва писараш Утонисро ба ҷойи падар ба ҳангоми додрасӣ бар он маснад нишонданд.
  Иҷрои ин ҷазои сахт (марг) дар мавриди порахўр дар ҷойи дигари таърихи Ҳахоманишиён низ аз сарчашмаҳо маълум аст, монанди ба салиб кашидани додрас бо дастури Дориюш бо далели порахўрӣ.
Тибқи ривояти Плутарк хоҷасарой Сатибарзан барои як кори ноҳақ шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Ардашерро илтимос кард. Ардашер огоҳӣ ёфт, ки барои ин хоҳиш хоҷасарой 30 ҳазор дорик гирифтааст. Пас, фармуд, ки аз хазина 30 ҳазор дорик оранд ва ба ў доду гуфт: «Бигир, Сатибарзан! инҳоро ба ту дода ман нодор намешавам, аммо агар он чиро ту хоҳиш намудӣ иҷро кунам, бедодгар мешавам».
  Чунин бархўрдҳо баёнгари адолати шоҳони Ҳахоманишӣ нисбат ба раият ва аҳамияти волои додварию додрасӣ дар ин давлат мебошад. Аз ин нақлҳои таърихӣ бармеояд, ки порахўрӣ дар аҳди Ҳахоманишиҳо амали ноадолатона ва ҷинояти махсусан вазнин ба ҳисоб рафта, барои он ҷазои сахт дар намуди қатл татбиқ мешуд. Ба андешаи баъзе муҳаққиқон шоҳаншоҳ ҳақ дошт порагирандаро, ки бори аввал ин гуноҳро содир кардааст ва ё собиқаи дурахшони амал дар гузашта дошта бошад, авф намояд. Чунончи, тибқи нақли Ҳеродот, довари шоҳӣ Сондукис зимни доварӣ ришва гирифта, ба фармони Дориюш маҳкум ба қатл мегардад, аммо вақте ҳанўз дар рўйи салиб зинда буд Дориюш андешид ва дарёфт ки андозаи хидмат ва корҳои неки гузаштаи ў беш аз гуноҳи кунуниаш аст, бинобар ин дарёфт ки ҳукми додгаронае надодааст ва дастур дод ўро озод кунанд ва баъдан шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ ин додрасро (яъне Сондукисро) ҳатто ба мансабҳои олӣ таъйин менамояд.
  Дар масъалаи майл ба порахўрӣ доштани мансабдорон ва роҳи пешгирии он файласуфи юнонӣ Арасту қайд менамояд, ки шахсони мансабдор «ба татмеъ кардан (ба харидан бо ришва) дастрасанд ва бисёр вақт корҳои давлатиро қурбони вақтхушии худ мекунанд. Бинобар ин беҳтар мебуд агар онҳо аз ҳар навъи назорат озод намебуданд». Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (соли 2020 аз эътибор соқит шудааст) «такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ» ҳамчун яке аз принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия номбар гардида буд. Гуфтаҳои Арасту роҷеъ ба ҷорӣ кардани назорати давлатии мунтазам ва принсипи такмили сохтори давлатӣ ҳамчун чораҳои зиддикоррупсионӣ, ки қонуни қаблан амалкунандаи Тоҷикистон пешбинӣ намуда буд, ҳанўз дар давлатдории Ҳахоманишиҳо мувофиқи замони худашон нисбатан хуб ба роҳ монда шуда буд.
Таҳлилу таҳқиқи катибаву матнҳои таърихӣ, сарчашмаҳои бостоншиносӣ ва адабиёти илмӣ ба он далолат мекунанд, ки дар натиҷаи баргузории ислоҳоти идорию ҳарбӣ, молиявию пулӣ ва ҷорӣ намудани низоми дақиқи ҳисобу китоб, пардохти мунтазами маош ба кормандону мансабдорону лашкариён ва назорати давлатӣ, аз ҷумла назорати давлатии молиявӣ сохтори давлатии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо такмил ёфта, ба таври назаррас сабабгори кам шудани кирдорҳои коррупсионӣ гардиданд.
  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон дар бораи низоми давлатии Ҳахоманишиён ва таъсири он ба хотираи таърихии миллати тоҷик барҳақ таъкид намудаанд: «Қонуни доди шоҳии Ҳахоманишиҳо нишон медиҳад, ки аҷдоди ориёии мо пойбанд будан ба қонунро асли зиндагӣ қарор дода будаанд ва ҳамин хислат дар табиати миллати мо то ҳанўз боқӣ мондааст. Ҳангоми муқовимати шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостани аксарияти мардуми мо ва аз сулҳу салоҳ дифоъ намудани халқи тоҷик шаҳодати равшани сиришти миллии мост, ки хостори озодию адолат будааст» (“Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” (Душанбе: Ирфон, 2006.  –С. 135). Ин хулосарониро дар масъалаи муқовимат бо коррупсия низ метавон ба кор бурд, яъне имрўз мо дар самти муқовимат бо коррупсия низ бояд мисли аҷдодони худ – Ҳахоманишиҳо вобаста ба замони муосир чораҷўйӣ намуда, дар пойдории давлати миллиамон муваффақ ва намунаи ибрати аҳли башар бошем. Зеро тавре маълум аст, дар ҳолати баръакс, яъне авҷгирии коррупсия давлату давлатдорӣ ба нобудӣ мерасад.
  Хулоса, дар аҳди Ҳахоманишиҳо аллакай тарҳу сохтори мақомотҳои ҳокимияти давлатии умумию соҳавие, ки функсияи идоракуниву назорати давлатиро ба амал мебароварданд, ташкил ёфтанд ва дар давраҳои минбаъда ҳамчун намунаи давлатдорӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин бояд дар назар дошт, ки дар давлати Ҳахоманишиҳо вазъ доимо якранг набуд ва махсусан дар охирҳои салтанати ин сулола низоми давлатӣ рў ба таназзул ниҳод ва ин буд, ки сабаби шикасти давлат ва забти он аз ҷониби аҷнабиён (юнону мақдуниҳо) гардид. Бо вуҷуди он ки дар саросари кишвар қонуни ягона қабул шуда амал мекард, албатта, давлати Ҳахоманишиҳо дар қиёс бо имрўз хусусияти истибдодӣ дошта, ҳокимияти шоҳ мутлақу номаҳдуд буд. Дар самти фаъолияти зиддикорупсионӣ низ ин баръало ба назар мерасид. Масалан, Дориюш яке аз додрасони порахўрро, ки ба қатл маҳкум карда буд, бахшид ва ҳатто минбаъд ўро дар мансабҳои гуногуни давлатӣ таъйин кард. Агар дар аввали салтанати Ҳахоманишиён ташкили низоми мураттаби давлатдорӣ, раиятпарварию ободкорӣ, ислоҳотҳои гуногуни идориву ҳарбиву молиявӣ ва аз ҷумла муқовимат бо фасоди идорӣ (кирдорҳои коррупсионӣ) сабабгори таҳкими давлат, пойбарҷоии зиёда аз дусадсолаи он, ташаккулу тақвияти ниҳодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ шуда бошад, дар охирҳои ҳукмрониашон дар баробари ҷангҳои дурудароз, низоъҳои дохилӣ ва кашмакашиҳои дарборӣ кирдорҳои коррупсионӣ яке аз сабабҳои асосии таназзулу шикасти Ҳахоманишиён гардидааст.
 
Расулов Фотеҳ Мирқозиевич 
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими
пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia