casino malaysia
casino malaysia
Нақши қонунгузории миллӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки модар таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дорад (б. 1 моддаи 34). Аз ин рӯ, сиёсати ҷорӣ дар самти таҳкими оила, таъмини ҳифзи манфиатҳои модар ба қонуни асосии мамлакат асос ёфта, баҳри ташаккули ҷомеаи солим ва таҳкими арзишҳои оилавӣ равона гардидааст.
  Дар айни замон фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии вазъи моддии оилаҳо, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таваллуди кӯдакон ва ғайра нигаронида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соди 2022 чунин қайд намуданд: “Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
  Баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои модар давлат аз як қатор механизмҳои махсус истифода мебарад.
Механизми давлатии ҳимояи модар маҷмӯи тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷиҳати мазмун, мақсад, муҳлат гуногунанд. Ҳамаи онҳо иҷрои уҳдадории конститутионии давлатро оид ба ҳимояи модар таъмин мекунанд.
Зери истилоҳи "ҳимоя" инҳо фаҳмида мешаванд:
  • тадбирҳое, ки ба рафъи ҳуқуқвайронкуниҳо нигаронида шудаанд;
  • чораҳои пешгирии вайронкуниҳо;
  • кафолати амалишавии ҳуқуқҳои модар.
  Дар шакли умумиаш «ҳимоя» муқовимат ба амалҳои ғайриқонунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин рӯёнидани ҷуброни зарарро дар бар мегирад.
Механизми давлатии ҳимояи модар ҳамчун маҷмӯи тадбирњои мақсаднок баҳри њавасмандгардонии модарї, кафолати ҳифзи манфиатњои модару кўдак, фароњам овардани шароити мусоидтарин барои инкишофи њаматарафаи кўдак нигаронида шудаанд.
  Мафҳуми «модар» дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва фаъолияти амалии инсон истифода мегардад. Қонунгузор истилоҳи модарро васеъ истифода бурда, аммо мафҳуми онро надодааст. Аз ин хотир, мо зарур мешуморем, ки ба адабиёти ҳуқуқӣ рӯ оварем.
  Дар энсиклопедияи озоди Википедия модар – ин зан дар муносибат бо фарзандони худ маънидод мегардад. Дар луғати Д.Н. Ушаков бошад, модарӣ ҳамчун муносибатҳои оилавии байни модар ва фарзандон муайян карда шудааст. Луғати С.И. Ожегов ва Н.Ю. Шведов модарро ҳамчун ҳолати махсуси зан — модар (асосан дар давраи ҳомиладорӣ ва кӯдакӣ) муайян мекунад.
Ба ақидаи мо модар аз нигоҳи иҷтимоӣ падидаи мураккабе мебошад, ки аз ҷониби давлат тавассути муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳифз карда мешавад ва робитаи оилавии зан-модар ва кӯдаки ӯро дар бар мегирад. Модарӣ аз лаҳзаи ҳомиладорӣ оғоз меёбад, зеро аллакай дар ин вақт зан аз ҳуқуқҳои модарӣ истифода бурда метавонад.
Саволе ба миён меояд, ки модар танҳо зане ҳаст, ки кӯдакро таваллуд кардааст ё дигар шахс, ки кӯдакро зери парастории худ гирифтааст (модархонд, модарандар) модар буда метавонад? Ҳолатҳое ҳастанд, ки зан кӯдакро таваллуд мекунаду, аммо аз фарзандаш даст мекашад, ё ин ки аз сабаби мунтазам содир намудани кирдорҳои ношоям суд занро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум мекунад. Аммо ба ақидаи мо модарӣ на танҳо муносибати иҷтимоии байни зан ва фарзандонаш мебошад, ки дар тарбияи ӯ қарор дорад, балки функсияи асосии биологӣ мебошад, ки ба бардошта гаштан, таваллуд ва ширдиҳии кӯдак вобаста аст. Зани дигар, ки бо сабабҳои муайян нисбати кӯдак ҳуқуқу уҳдадориҳои модариро пайдо мекунад, модарандар ё модархонд ҳисобида мешавад.
  Дар муносибатҳои оилавӣ модар мақоми махсусро соҳиб аст. Дар оила зан ва мард баробарҳуқуқ буда, модар дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва ғайра бо падар мавқеи баробар доранд.
Тибқи моддаи 49 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аслу насаби кӯдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.
Боби 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳои модарро нисбат ба фарзанд муқаррар менамояд, аз ҷумла:
- модари кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунад ва дар тарбияи ӯ иштирок намояд;
- модари кӯдаки ноболиғ, ки бо падари кӯдак аќди никоҳ набастааст, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад;
- модари кӯдаки ноболиѓ њуќуќ дорад бо асосњои умумї барои эътироф намудани модарии худ бањс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдањ ӯ ба тартиби муќаррарнамудаи судї њуќуќи талаби муќаррар намудани падарї ва модариро нисбати фарзандаш дорад;
- падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу уҳдадорӣ мебошанд;
- падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд;
- падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани тањсилоти умумии асосӣ,  ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд;
- падару модар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғи худро ба роҳ мемонанд;
- падару модар намояндагони қонунии  фарзандони худ буда ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳамагуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  аз ҷумла дар судҳо њимоя менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуқуқҳои модарӣ ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кӯдакон,  инчунин ҳангоми аќди никоҳ бастани  кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон  то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал, қатъ мегардад.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷудияти асосҳои зерин ба тариқи судӣ маҳрум кардан аз ҳуқуқи модариро пешбинӣ менамояд:
- аз  иҷрои уҳдадориҳои модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунад;
- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он  гирифтани фарзанди худро рад намояд;
- аз ҳуқуқи модарии худ  сӯистифода намояд;
- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунад, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинад, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намояд;
- майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошад;
- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошад (м. 69).
Аммо набояд фаромӯш кард, ки маҳрум кардани модар аз ҳуқуқи модарӣ ӯро аз вазифаи таъмин кардани фарзандаш озод намекунад.
Ҳолати барқарор намудани ҳуқуқи модариро низ қонун пешбинӣ намудааст.
Давлат нисбати модарони ғайри қобили меҳнат, аз ҷумла куҳансол, маъюб эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, дар банди 2 м. 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ки фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Чунин меъёр дар моддаи 88 Кодекси оила низ омадааст. Аз ин рӯ, дар ҳолати саркашӣ намудани фарзанд аз нигоҳубин ва таъминоти модараш ба тариқи судӣ алимент муқаррар карда мешавад.
Занон субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои меҳнатӣ буда, бо мардон ҳуқуқу уҳдадориҳои баробари меҳнатӣ доранд. Аммо аз ҳисоби модар буданашон дорои як қатор ҳуқуқҳои махсус мебошанд.
Акнун, ҳуқуқу уҳдадориҳоеро номбар мекунем, ки дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд аз сабаби зан ё модар буданаш онҳоро амалӣ ва ё иҷро менамояд:
- манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок ҳамчун принсипи мустақили қонунгузорӣ оид ба меҳнат эътироф гардидааст (м. 4). Ин ҷо, манъ будани истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок маънои онро надорад, ки нисбати занон табъиз ҷой дорад. Маълум аст, занон дар баробари мардон иқтидори калон ва қобилияти кор кардан дар ҳама корро доранд. Ё ин ки меъёри мазкур табъиз нисбати мардҳоро ифода намекунад (чаро мардҳо корҳои вазнину хатарнок кунанду, занҳо не?). Ин меъёр танҳо ба он хотир қабул шудааст, ки зан қобилияти таваллуди кӯдакро дорад ва модарии ӯ ба назар гирифта мешавад;
- ба кор қабул накардани занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони то сесола доранд, бо сабаби ҳомила ва ё кўдак доштани онҳо ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад (м. 23);
- падар ва модаре, ки  фарзандашон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанду, дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи (мансаби) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқи баромадан ба рухсатии бемузди меҳнатро доранд (қ. 2 м. 116);
- ҳуқуқи талаб кардани қатъи шартномаи меҳнатии фарзанди ноболиғи худ. Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд (м. 209);
- танаффус барои ғизодиҳии кӯдак. Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хўрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кўдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кўдак, ки кўдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кўдак баъди ҳар се соати кор танаффус дода мешавад. Давомнокии танаффус: барои як кӯдак - ҳар як танаффус на кам аз сӣ дақиқа; барои ду ё зиёда кӯдак бошад, - ҳар як танаффус на кам аз як соат (м. 218);
- корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд (қисми 1 модда 221);
- занони кўдаконашон то як солу шашмоҳа дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кўдакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни як солу шашмоҳа расидани кўдакашон ба кори дигар гузаронида шуда, моҳонаи миёнаашон аз рўи кори пештараи онҳо дода мешавад (қисми 3 модда 221);
- ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳо ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад (қ.2 м. 222);
- ҳуқуқи баромадан ба рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак (м. 224).
Қонуни ҷиноятӣ низ манфиатҳои модарро ҳифз мекунад. Масалан, тибқи моддаи 155 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зан бинобар ҳомиладорӣ, ҳамчунин беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зане, ки кӯдаки то сесола дорад, бо ҷарима ба андозаи аз сесад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Қонуни ҷиноятӣ таъини ҷазои корҳои ҳатмиро нисбати занони ҳомила манъ мекунад (б. “в”, қ. 2 м. 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Корҳои ислоҳӣ низ нисбати занҳои ҳомила таъин карда намешавад (б. “г”, қ. 4 м. 52 КҶ ҶТ).
Таъини ҷазои маҳдуд кардани озодӣ барои занони ҳомила ва модароне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд, манъ карда шудааст (б. “в”, “г” қ. 4 м. 54);
Ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҷазои қатл нисбат ба занон таъин карда намешаванд (қ. 2 м. 58 (1) ва қ. 2 м. 59).
Модар будан ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ ба инобат гирифта мешавад. Масалан, ҳомиладор будани зан ё кӯдаки хурдсол доштани ӯ ҳамчун ҳолати саббуккунандаи ҷазо ҳисобида мешаванд (б. “в” ва “г” м. 61 КҶ ҶТ).
Баръакс, дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ҳисобида мешавад (б. “ж”, м. 62 КҶ ҶТ).
Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кӯдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад (қ. 1 м. 78 КҶ ҶТ). Инҷо, албатта розигии оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ин зан зиндагӣ кардан лозим аст ё барои мустақилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кӯдак имконият мавҷуд аст.
Ин ҳолат аз хислати инсондӯстона доштани қонуни ҷиноятии мамлакатамон гувоҳӣ медиҳад, зеро қонунгузор масъалаи тарбияи кӯдак, ташкили оилаи солимро дар мадди аввал гузошта, ҳатто ба воқеан татбиқ накардани ҷазо розигӣ медиҳад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти иҷтимоӣ нисбати модар имтиёзҳои махсус пешбинӣ намудааст. Ин ҷо мо танҳо он кафолату имтиёзҳоеро номбар мекунем, ки ба модар будани зан дахл дошта бошанд. Заноне, ки панҷ ва беш аз ин кўдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кўдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мўҳлати нигоҳубини кўдакон ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мўҳлати зикргардидаи нигоҳубини кўдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд (б. “в”, м. 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”).
Ба собиқаи кории умумӣ вақти нигоҳубини кўдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кўдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол дохил карда мешавад.
Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иҷтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол таъин карда мешавад (м. 110 Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ҳамин тариқ, мардону занон дар тамоми муносибатҳои ҳуқуқӣ баробарҳуқуқ бошанд ҳам, аммо давлат нисбати зан-модар ғамхории махсус зоҳир менамояд.
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011 8 март - Рӯзи Модар эълон гардида, рӯзи иди ғайрикорӣ ба ҳисоб меравад. 
 
 
Ҷабборов Ф.Н. 
 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии
шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Норова П.С. 
магистранти шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии 
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia