casino malaysia
casino malaysia
Мақоми зан-модар аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

  Мо дар арафаи таҷлили яке аз бузургтарин ҷашнҳои рўи олам – Рўзи Модар қарор дорем. Агар дар бобати бузургии зан-модар ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гўем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан-модар олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан-модар ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.
  Дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зан-модари зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бо нангу бономус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст. Гузаштагони хирадманди мо ҳанўз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рўзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурўъ менамуданд».
  Дар тамаддуну  фарҳанги шашҳазорсолаи мардуми тоҷик зан-модар аҳамияти воло дорад. Дар таърихи миллати мо ҳазорон намунаҳо аз қаҳрамониву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои занони тоҷик сабт шудааст. Занони донишманду шоир, арбобони илму фарҳанг бо осору хидматҳои арзандаашон тамаддуну фарҳанги моро зебу зинат додаанд. Аз ҳама муҳимтар, ҳазорон модарони мушфиқу меҳрубон ба тарбияи насли навраси тоҷик машғуланд. Аз баргузории ҷашнҳо ба ифтихори зан-модар дар тамаддуни ориёӣ нақлу ривоятҳои зиёде боқӣ мондааст. Дар «Авесто» омадааст: «Бигузор, як рӯзи баҳор рӯзи занон бошад».
  Бештари ин ҷашнҳо дар ибтидои фарорасии соли нави аҷдодии  мо – Наврӯз фаро мерасид. Ин ҷашнҳо аз нимаи дуюми моҳи феврали тақвими ҷории мо оғоз гардида, то ҷашни Наврӯз идома меёфт. Ҳоло ҳам дар байни мардум анъанае бо номи ҷашни сари сол вуҷуд дорад, ки дар оғози моҳи март ё як моҳ қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад. Дар ҷашни Наврӯз ҳам яке аз ҳамин рӯзҳо, рӯзи панҷуми ҷашн, ки ба рӯзи Исфандормуз мувофиқ меафтад, ҷашни занҳо ҳисоб мешуд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад: «Исфандормузмоҳ, рӯзи панҷуми он «рӯзи Исфандормуз» фариштаи ваколатдор  бар замин ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ  ваколатдор аст. Дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Дар ин ид мардон ба занон бахшиш менамуданд.  То ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (Порт) боқӣ мондааст. Ба форсӣ онро «Муждагирон» мегӯянд». Аз ин бармеояд, ки дар фарҳанги бостонии мо низ  рӯзи зан-модар ҷойгоҳи хоса доштааст.
Арҷ гузоштан ба зан, ба модар бо таркибу ибороти «зан-модар мавҷуди муқаддас», «ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд», «шири ҷонбахш», мақоми зан-модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст, ки эътирофи беназир аз шукўҳу азамати модар аст.
Як мақоли хеле машҳур дар забони санскрит вуҷуд дорад: «Мо бо занон зиндагӣ мекунем, мо занонро мепарастем ва ҷаҳон пешрафт мекунад». Дар Чин мегӯянд: «Занҳо нисфи осмони кабудро дар китфҳои худ нигоҳ медоранд».
Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагивӯ шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии занони дигар дида метавонем.
Дар замони муосир Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (с.1948) мақому арзиши шахсияти инсонӣ ва баробарии ҳуқуқи марду занро эълон карда, ба ҳуқуқҳои онҳо чунин кафолат додааст: «Марду зане, ки ба синни балоѓат расиданд, ҳақ доранд, бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ издивоч кунанду оила ташкил намоянд. Онҳо барои издивоҷ, дар давраи оиладорӣ ва дар мавриди талоқ баробарҳуқуқанд. Зану мард бояд бо розигӣ ва ихтиёри комили ҳамдигар издивоҷ кунанд. Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият аст, ҳақ дорад, аз пуштибонии ҷомеаю давлат бархурдор бошад».
18 декабри соли 1979 дар роҳи таъмини баробарҳуқуқии зану мард қадами бузург гузошта шуд. Дар ин рўз Маҷмаи Умумии СММ  Конвенсия «Дар бораи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои поймоли ҳуқуқи зан»-ро қабул кард. Дар конвенсия усулҳо ва тадбирҳое, ки дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар гардидаанд, барои таъмини баробарии ҳуқуқи ҳамаи занон равона карда шудаанд, Баъди ба имзо расидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон бори аввал дар таърих ҳуқуқи баробарии онҳо бо мардон барои ширкат дар ҳукумат расман эътироф гардида, баробарии ҳуқуқи овоздиҳии занону мардон низ муқаррар гардид.
Тавре Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар иҷлосияи 73-юми СММ қайд кард, дар он ҷое, ки занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолона иштирок мекунанд, иқтисод рушд мекунад, субот мустаҳкам мешавад ва некӯаҳволии шаҳрвандон боло меравад. Ин маънои онро дорад, ки дараҷаи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ аз сатҳи иштироки занон низ вобаста аст.
Мувофиқи маълумоти Институти статистикаи ЮНЕСКО, дар соҳаи илм ва техника дар ҷаҳон чоряки олимон занон мебошанд. Дар Япония 6 %, дар ШМА 27 %, дар Франция 29 %, дар Испания 34 % занон ба муассисаҳои илмӣ роҳбарӣ мекунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1994), баробарҳуқукии мардон ва занонро бевосита эълон медорад. Ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд. Ҷиҳати соҳиби маълумоти олӣ гардондани бонувон соли 1997 Квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки тавассути он 11500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон соҳиби таҳсилоти олии касбӣ шуданд. Яке аз санадҳои нодир ва тақдирсоз ин  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали гардонии онҳо» (с. 2005), Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва ѓ. баёнгари ѓамхории доимии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мақом ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (с.2022) чунин омадааст: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд».
Ҳамин тавр, таҳлили меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба хулосае меоварад, ки ҷараёни пайдоиш ва рушди ҳар давлат вобаста ба ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Боло бурдани ҳуқуқу озодиҳои зан ба худтакмилёбӣ, худинкишофёбӣ ва баамалбарорории нақши зан дар рушди ҷомеаи мутамаддин мусоидат хоҳад кард.
Ид муборак, бонувони меҳрубон!
 
Саидумар Раҷабов
 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia