casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдати миллӣ ва омилҳои муҳимми таҳкимбахшандаи он

wrapper

Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
 
  Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва муайян кардани рушди кишвар дар масири давлатдориии миллӣ дастоварди беназир барои халқи тоҷик ва Тоҷикистон буд. Барои ин кишвари тозаистиқлол зарур буд, ки сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро муайян намояд ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Гарчанде, ки соҳиби давлати мустақил гардидан ва рушди иҷтимоиву сиёсии худро муайян кардан, орзу ва ормони миллати тоҷик дар раванди садсолаҳо буд, вале он ба осонӣ ба даст наомад. Дере нагузашта дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ва ихтилофҳо ба вуҷуд омаданд, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд.
  Коршиносон ба ин ақидаанд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нофаҳмиҳо ва зиддиятҳои сиёсиву ақидавӣ зиёд гардида ва он рафта-рафта ба буҳрони амиқи идеологӣ дар ҷомеа табдил гардид. Сабаби асосии ин ихтилофҳо дар чи буд? Дуруст аст, ки барои ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар омилҳои гуногун боис гардиданд. Вале яке аз омилҳои асосии он идора гардидани он аз хориҷи кишвар буд. Академик Кароматулло Олимов ба ин назаранд, ки дар аввали асри ХХ дар баробари солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳаракати босмачигарӣ фаъол гардида буд, ки баъдан мағлуб гардид: «Дар оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии қувваҳои хориҷӣ ин ҳаракат дар шароити нав зери шиорҳои исломӣ ва демократӣ аз нав эҳё гардид. Ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҳақ ба ҷониб аст, ки ин ҷангро таҳмилӣ шуморида, нақшасозиҳои онро аз хориҷи кишвар қаламдод кардааст. Маълум аст, ки зиддиятҳои идеологияи динӣ ва дунявӣ ҳамеша дар таърихи кишвар вуҷуд доштааст ва он то имрӯз идома дорад. Вале дар ҷомеаи пешрафта ин зиддиятро эҳсоси таҳаммулгароӣ хунсо карда, фарҳанги созиш ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа барои роҳ надодан ба ҳалли муноқишаҳои тезутунд ва ҳатто мусаллаҳона мусоидат менамояд»[1,9-10]. Ҳамин тариқ, таҳлили воқеият ва таҷрибаи амалии он солҳо ба он водор менамояд, ки гирдиҳамоиҳо, баъзе гурӯҳбозиҳо ва мавқеъгириҳои афроди муайян, ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии кишварҳои хориҷӣ, рақобатҳои байниҳамдигарии кишварҳои минтақа аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки ба саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон асос гузоштанд. Бояд қайд кард, ки яке аз заминаҳои асосӣ ва воқеие, ки барои ба ҳам омадани ҷомеа ва кишвар хидмат намуд ин баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Иҷлосияи 16 имрӯз, иҷлосияи муҳим ва таърихӣ аз он ҷиҳат ба шумор меравад, ки он ҳамчун дастоварди сиёсӣ ва иҷтимоӣ, барои рушди минбаъдаи кишвар такони ҷиддӣ бахшида, заминаи воқеиро барои «сулҳи деринтизори мо» - ба қавли устод Лоиқ Шералӣ муҳаё намуд. Иҷлосия 16 ва нақши онро дар бунёди сулҳ дар кишвар метавон чунин гуфт:
- Иҷлосияи 16-ум дар марҳалае баргузор мегардид, ки ҷумҳуриро буҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ фаро гирифта буд;
- Иҷлосияи 16-ум дар Тоҷикистон давраи навро боз намуд ва кишварро аз нобудӣ наҷот дод;
- заминаи асосие, ки Иҷлосия барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат гузошта буд, қабул намудани дар маҷмӯъ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот буд.
    Ҳамин тариқ, заминаи асосии Иҷлосияи 16-ум дар он ифода меёбад, ки қадами асосӣ барои сулҳ гузошта шуд, ки он аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳамин Иҷлосия интихоб гардида буд, амалӣ гардид. Аз ҳамин давра сар карда, то 27 июни соли 1997 8 давраи музокирот ва 21 мулоқоти расмӣ дар байни тарафҳо баргузор гардид.
  Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Ба қавли Устод Лоиқ Шералӣ:
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
Гулфишони баҳори мо омад…
  Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот дар кишвар муҳаё карда шавад. Албатта, дар ин ҷо, дар барқароркунии сулҳ дар Тоҷикистон саҳми созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва кишварҳои минтақа бузург аст.
  Бояд қайд кард, ки раванди ба даст овардани сулҳ, пайроҳаи хело ҳам мушкиле буд, ки он дастрас гардид. Чунки дар хотираи таърихии тоҷикон, дар шараёнҳои хуни пайкари ин миллати қадим фарҳанги сулҳу ваҳдат нуҳуфта аст: «Бояд гуфт, ки ваҳдат ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ, як ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷикро ташкил медиҳад. Раванди дар тинати фарҳангию ҳаёти иҷтимоии мардуми ин сарзамин ҷой гирифтани ин падидаи нодир, пайроҳаи пурпечутобро тай карда, баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули иҷтимоии тоҷикон саҳми арзанда гузоштааст... Чунин арзишҳои ваҳдатсоз дар тинати фарҳангии мардуми тоҷик дар заминаи диди фалсафии ӯ ба олам, робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи он, аз ҷумла инсонҳои алоҳида аст, ки дар мисраи шеъри Шайх Саъдӣ ҳамчун «Бани одам аъзои якдигаранд», баръалао таҷассум ёфтааст»[2,42].
  Дуруст аст, ки ба даст овардини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, падидаи нодир ва дастоварди бузурги халқи Тоҷикистон дар таърихи навини он мебошад. Таъмини сулҳ ва суботи кишвар бе саъю кӯшиши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ва хиради волои мардуми мо номумкин буд. Маҳз заҳмати бевоситаи Сарвари давлат боис гардид, ки сулҳ барқарор гардад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мусолиҳаи миллиро пешниҳод намуд, ки ин кӯшиши нодире буд барои ба танзим даровардан ва сари мизи мусолиҳа овардани гурӯҳҳои гуногуни даргир буд. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомали Раҳмон зикр мекунанд:
«Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».
  Сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар марҳилаи навро боз намуд. Пеш аз ҳама як ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа барпо гардида, ҳисси худшиносии миллиро тақвият бахшид: «Дастоварди сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон асоси таҳкими худшиносии миллии тоҷикон дар таърихи навини ӯ – ба рушди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расоид. Сулҳ дар Тоҷикистон миллат ва давлатдориро аз нав эҳё намуд. Ба халқи Тоҷикистон замина барои меҳнати осудаи созандагӣ, эъмори давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқӣ ва дунявӣ пайдо гардид»[3,119-120]. Ҳамин тариқ, сулҳу ваҳдат заминаи воқеиро барои рушди минбаъдаи кишвар ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум кушод. Дар баробари амалӣ гардидани сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд омилҳои калидиеро метавон номбар намуд, ки барои тақвияти ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи кишвар замина гузоштанд, ки иборатанд:
  1. Эҳё намудан ва таваҷҷуҳи хосса додан ба фарҳанг ва таърихи миллат. Ин буд, ки дар пешбурди сиёсати дохилии кишвар ва баҳри тақвияти ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанги ниёкони тоҷик 1100- солагии давлати Сомониён, 90- солагии академик Б.Ғафуров, бузургдошт ва ҷашнҳои Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва даҳҳо дигар ҷашнҳоро метавон номбар намуд. Бознашри китоби «Точикон»-и Бобоҷон Ғафуров иқдоми бузург баҳри шинохти таърихи миллат ва таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Ҳамзамон ҷашнҳо аз як тараф бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонанд, ки тоҷикон чунин таърихи воло ва фарзандони барӯманд доранд ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.
  2. Яке аз заминаҳои тақвиятдиҳандаи ваҳдати миллӣ ва таҳкимбахшандаи давлатдории миллӣ пойтахти кишвар - Душанбе мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳқиқотҳои муҳаққиқон дар раванди рушди давлатдорӣ ин нуктаро муайян мекунад, ки шаҳрҳои азим ва пойтахтони давлатҳо омили муҳимми ваҳдатсоз буда, барои сарҷамъии мардум ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат намудаанд. Имрӯз шаҳрҳои марказии кишвар, аз он ҷумла Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ормонҳо ва умеди на танҳо тоҷикистониён, балки тамоми тоҷикони олам гаштааст. Чунки пойтахт интиқолдиҳандаи ҳамаи равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Ба пойтахти кишвар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шаҳрвандон меоянд, ки дар он донишкадаву донишгоҳҳо, марказҳои илмиву фикрӣ ва ширкату корхонаҳо мавҷуданд. Маҳз вазъи кунунии иқтисодӣ ва шароити хуби коммуникатсионӣ водор ба он мекунад, ки муносибатҳои байни минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустаҳкам гардад, ки ин омили асосии муттаҳидкунандаи ҷомеа мебошад. Ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои фалсафа, Маҳмадҷонова М.Т., мебошад, ки чунин қайд мекунад: «Дар шароити кунунии Тоҷикистон, ки раванди таҳкими давлатдории миллӣ ҷараён дорад, Душанбе нақши сарҷамъкунандаи нерӯҳои созандаи миллиро бозӣ намуда, барои рушди устувори кишвар, заминаҳои мусоидро фароҳам оварда истодааст. Зеро маҳз дар Душанбе равандҳои фарҳангӣ ва интелектуалӣ шакл мегиранд ва дурнамои рушди ояндаро ба вуҷуд меоранд. Душанбе ҳамчун маркази илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ба ҳайси шаффофкунандаи (кристализатори) миллат баромад мекунад ва дар ин ҷода абзорҳои зиёди муваффақро соҳибӣ менамояд. Маъмулан дар пойтахт донишгоҳҳо ва марказҳои фикрӣ хеле фаъоланд ва барои шинохти дурусти арзишҳо ва маҷмӯи боварҳо заминаи мусоидро дороянд»[4,119-120].
  3. Омили дигаре, ки заминаи ваҳдатофарин дорад ин бунёди роҳҳо мебошад. Пеш аз ҳама, бояд вазъи ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистонро зикр намуд, ки мо дар кишвар се намуд муҳити зист дорем: кӯҳистон, деҳистон ва шаҳристон. Ҷойгиршавии аҳолӣ дар минтақаҳои нисбатан ҳамвор, ба истилоҳ деҳаҳо, шаҳракҳо ва шаҳрҳо хеле зич буда, дар деҳаҳои минтақаҳои кӯҳистон зичии аҳолӣ кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, дар фаслҳои сармо рафту омади шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кам ба назар мерасид ва ин ҳам то андозае дар кори ба ҳамназдикшавии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонд. Амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – «баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ» дар даврони соҳибистиқлолӣ ба бунёди шоҳроҳҳои бузург ва нақбҳо мусоидат намуд. Ба истифода додани шоҳроҳҳои бузург дар байни минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, боиси рушди савдои дохилӣ, наздикшавӣ ва ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар гардид, ки дар маҷмӯъ заминаи тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ мебошад.
  4. Омили муҳимми дигар, ки барои тақвияти ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд, бунёди корхонаҳои хурду бузург дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣбоиси пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Имрӯз барои мисол дар НБО Роғун намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар дар паҳлӯи ҳамдигар истода, барои истифода додани ин иншооти аср кору пайкор менамоянд, ки омили муҳимми ваҳдатсоз дорад. Аз тарафи дигар, муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.
  Ҳамин тариқ, омилҳое, ки номбар гардиданд, нуктаҳои калидие ҳастанд, ки таҳкими онҳо барои ваҳдати комил дар кишвар ва рушди босуботи он мусоидат менамояд. Дар 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ омилҳои номбаршуда, ҳамчун омилҳои ваҳдатсоз заминаи воқеии рушди кишварро асос гузоштанд, ки ба таври натиҷа метавон чанд нуктаро зикр намуд:
- табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё»;
- муаррафӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;
- амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани барномаҳои чор ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар», «ба даст даровардани истиқлолияти энергетикӣ» ва «саноатикунонии мамлакат»;
- муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани иқтисодиёт;
- эълон намудани «сиёсати дарҳои боз» ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар кишвар ва дар ин радиф тақвият бахшидан ба рушди соҳибкории ватанӣ;
- амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ва бунёди муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар ва ғ.
         
Зокирзода Нусратулло Мелик,
 
ходими калони илмии
Шӯъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа
 
 
Руйхати адабиёти истифодашуда
 
1.Олимов К. Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори музокирот, сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон. Ваҳдати миллӣ пешрафти ҷомеа. Маҷмӯаи мақолаҳо ба хшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бахшида мешавад. Душанбе. 2017.- С.9-10.
2.Муҳаммад А.Н, Идиев Х. Ҷанбаҳои назариявию методологии ташаккули падидаи ваҳдатгароӣ дар ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон). Маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бахшида мешавад. Душанбе. 2017 С.42.
3. Тоҳиров Ф.Т.,Бобоҷонзода И.Ҳ., Неъматов А.Р. Ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ. Маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бахшида мешавад. Душанбе. 2017 С.119-120.
4. Маҳмадҷонова М.Т. Истиқлолияти Тоҷикистон ва ҳувияти миллии тоҷикон. Маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бахшида мешавад. Душанбе. 2017 С.119-120. 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia