casino malaysia
casino malaysia
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – таҷрибаи беназир

wrapper

 Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
  Низоъ новобаста аз макон, замон, навъ ва сатҳи ба амал омаданаш ҳамеша бо худ саранҷоми манфӣ ва ё мусбиеро ба бор меоварад. Саранҷоми манфии низоъро метавонанд, ҳолатҳои гуногуни он ташкил диҳанд, масалан, аз даст додани ҳудуди ҷуғрофӣ, шикасти системаи сиёсии ҷомеа, хисороти моддию маънавӣ, талафоти бебозгашти ҷонӣ ва ғ.
   Саранҷоми мусбати низоъро бошад, пеш аз ҳама, пешгирии оқибати манфии он ва албатта, таҷрибаи бо роҳҳои сиёсӣ - созиш, гузашт кардан ва ё бо дигар навъи савдои сиёсӣ ба даст овардани сулҳ ва ризоият ташкил менамояд. 
  Низоъи байни тоҷикон, ки солҳои 1992-1997 ҷой дошт, дар худ ҳам саранҷоми манфӣ ва ҳам саранҷоми мусбиро ба бор овард. Саранҷоми манфии ҷанги шаҳрвандии моро, пеш аз ҳама, хатари аз даст додани истиқлолияти давлатӣ, якпорчагию тамомияти арзии Тоҷикистон, шикасти системаи сиёсии ҷомеаи тоҷик, парокандагии миллат, хисороти ҳангуфти иқтисодӣ, талафоти бебозгашти ҷонӣ ва дигар оқибатҳои нангин ташкил дод. Саранҷоми мусбати низои байни тоҷиконро, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, якпорчагию тамомияти арзии Тоҷикистон, баргардонидани гурезагон, таҷрибаи беҳамтои сулҳофарӣ ва билохира ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ташкил намуд.
  Аммо, маҳз дарки саранҷоми манфии низоъ ҷонибҳои даргир - Ҳукумати конститутсионӣ ва Иттиҳоди неруҳои мухолифинро гирди мизи музокирот ҷамъ овард ва ба оғози раванди музокироти байни тоҷикон оҳанги мусбат бахшид. Зеро ҷонибҳои даргир фаҳмиданд, ки «… агар ҷанг идома ёбад, генофонди миллати тоҷик нест мешавад, ки оқибати он заволи ҳам давлату ҳам миллати тоҷик хоҳад буд» [1,6].  Ба ибораи дигар, дарки арзиши низоъ ва арзиши баромадан аз он омили муҳим барои оғози раванди музокирот миёни ҷонибҳои даргир гардид. Раванди музокирот миёни ҷонибҳои даргир қариб чор сол идома ёфт. Дар ин муддат ҳашт даври музокирот ва бисту як вохўриҳои расмӣ доир гардиданд, «… музокироти ҷонибҳо … бисёр вақт бенатиҷа мемонданд, вале музокирот бо душворӣ, марҳала ба марҳала ҷонибҳои мухолифи ҳамдигарро ба мақсади асосӣ наздик мекарданд» [3,83]. Билохира ҷонибҳои мухолиф - Ҳукумати конститутсионӣ ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин 27 – июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ин худ, як далели бебаҳси раванди бомуваффақонаи сулҳи тоҷикон аст.
  Дар муваффақ гардидани раванди сулҳи тоҷикон, саҳми созмонҳои байналмилалӣ, махсусан, Созмони Миллали Муттаҳид, давлатҳои алоҳида - Федератсияи Россия, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон ва албатта, сарварону аъзоёни ҷонибҳои низоъи байни тоҷикон беандоза мебошад. Созмони Миллали Муттаҳид ва Федератсияи Россия дар раванди музокироти байни тоҷикон, нақши миёнаравро иҷро карданд, давлатҳои Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон Қазоқистон ва Эрон бошанд нақши кафилро амалӣ намуданд.
  Дар воқеъ таҷрибаи сулҳи тоҷикон таҷрибаи беназир ва беҳамтост. Ҷолиб он аст, ки ин таҷрибаи беназир ва беҳамто дар заминаи ягон модели қаблан таҷрибашудаи сулҳофарӣ ба даст наомадааст. Ин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, чунин баён намудаанд. «Дар он рўзҳо ягон шакли тайёр ё худ намунаи таҷрибаи сулҳофарӣ, ки барои мо чун қутбнамо хизмат карда тавонад, вуҷуд надошт» [2,136].
  Муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаро дар ҷои дигар чунин баён намудаанд: «Мо сулҳро дастгирию пуштибонӣ мекардему эҳсос менамудем, ки бо роҳи нав пеш меравем. Роҳе, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ то он рўзҳо назир надошт ва барои тай кардани он ягон дастуру барномаи муайян ҳам набуд» [1,6].
  Чи гунае, ки мебинем, дар раванди сулҳи тоҷикон аз ягон дастуру барнома ва ё модели қаблан таҷрибашудаи сулҳофарӣ истифода карда нашудааст. Танҳо интихоби роҳи дурусту оқилона, яъне пуштибонӣ аз сулҳ, чунин саранҷоми мусбат додааст. Аммо ин саранҷоми мусбат бо нигоҳдоштани арзишҳои муайяне ба даст омадааст. Маҳз нигоҳ  доштани чунин арзишҳо ба монанди, ҳадафмандӣ, сабру таҳаммул, созиш, гузашткарданҳо, эҳтироми ҷониби муқобил, бартари додан ба манфиатҳои умумимиллию давлатӣ аз манфиатҳои шахсию гуруҳӣ ва ғ. арзишҳое буданд, ки ба раванди сулҳи тоҷикон таъсири мусбат бахшиданд ва ҷонибҳои муқобилро аз ҳолати низоъ ба ҳолати созиши қобили пазириши ҳамдигар расониданд.
«Имрўз таҷрибаи сулҳу сулҳофарии тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиҳатомези низоъ ва фурў нишондани оташаи ҷанги шахрвандӣ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ чун як падидаи нодири илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ эътироф шудааст» [2,137].  «Тавре ки маълум аст, мусолиҳаи миллии мо – тоҷикон рўйдоди нодири ҳалли усулӣ ва қобили қабули бўҳрони иҷтимоӣ ва таърихӣ мебошад» [2,137]. «Албатта, падидаи нодир будани муросои миллӣ, мавриди омўзиш ва татбиқ қарор гирифтани ин таҷриба боиси сарфарозии мост» иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмамолӣ Раҳмон дар суханронии хеш, ба ифтихори 10-умин солгарди «Рўзи ваҳдати миллӣ» (ш. Душанбе, 27 июни соли 2007).
 Раванди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир ва беҳамто эътироф шудааст. Дабири Кулли Созмони   Миллали Муттаҳид, ҷаноби Кофи Аннан(аз январи соли 1997 то 31 декабри 2006 Дабири Кулли СММ) дар суханронии худ, дар ҳузури аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ш. Душанбе, 21 октябри соли 2002) таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф карда, чунин ибрози назар кардааст: «… итминони комил дорам, ки роҳи пешгирифтаи сулҳ ва суботи Тоҷикистон метавонад ба кишвари ҳамҷаворӣ Афғонистон чун намуна гардад» [4. 320]. Дар ҷои дигар ҷаноби Кофе Аннан, хусусияти фаромилли доштани таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чунин баҳо додааст: «Тоҷикистон ба бисёр кишварҳои дигар барои ҳалли муноқишаҳои дохилӣ мисоли беназир овард. Ман фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳофарӣ мебошад» [5. 2]. Дар воқеъ таҷрибаи сулҳи тоҷикон як падидаи нодири иҷтимои-сиёсӣ буда, он метавонад ҳамчун намуна барои идоранамои ва ҳалли низоъҳои шаҳрвандӣ ба кишварҳои гирифтори чунин вазъ хизмат намояд.
  Ҳамин тариқ, таҳлил нишон медиҳанд, ки маҳз бо дарки арзиши низоъ ва арзиши баромадан аз он ҷонибҳои даргир гирди мизи музокирот ҷамъ омада, ба оғози раванди он оҳанги мусбат бахшиданд. Раванди музокироти ҷонибҳои даргир бо созиши қобили пазириши онҳо анҷомид. Созиши қобили пазириши ҷонибҳои даргир бо нигоҳдоштани чунин арзишҳо ба мисли ҳадафмандӣ, сабру таҳаммул, эҳтироми ҷониби муқобил, бартаридодан ба манфиатҳои умумимимиллию давлатӣ нисбат ба манфиатҳои шахсию гуруҳӣ ва ғ. ба даст омадааст. Ба назари мо маҳз ҳамин арзишҳо зарурати мавҷудияти барнома ва ё модели қаблан таҷрибашудаи сулҳофариро дар раванди сулҳи тоҷикон аз байн бурдааст.
  Хулоса, таҷрибаи сулҳи тоҷикон беназир ва беҳамтост.  Охирин, ҳамчун як падидаи нодири иҷтимоӣ-сиёсӣ дар раванди музокироти байни тоҷикон падид омадааст. Имрўз ин падидаи нодири иҷтимоӣ-сиёсӣ метавонад, барои ҳалли оқилонаи низоъҳои шаҳрвандӣ барои ҷомеаҳо ва давлатҳои гирифтори низоъ ҳамчун модели таҷрибашаванда хизмат намояд.    
 
Муродов С.А.,
 
номзади илмҳои сиёсӣ,
 мудири Шуъбаи сиёсатшиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
Адабиёт
  1. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.09.2001. сол. ш. Душанбе. [Манбаи электронӣ]. - http://prezident.tj / Санаи муроҷиат, 30.04.2021. сол.
  2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ш. Душанбе, «25» июни соли 2007 [Матн] // Бюллетени Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007, №1-2. Саҳ. 134-142.
  3. Олимов Кароматулло. Санади сарнавиштсози миллӣ [Матн] / Кароматулло Олимов // Ваҳдат, Давлат, Президент Ҷилди ХХIII. - Душанбе, “Дониш”, 2015.– 464 с.
  4. Суханронии Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҷаноби Кофе Аннан дар ҳузури аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 21 октябри соли 2002. [Матн] // Нерўи муттаҳидкунандаи миллат. – Душанбе: Шарқи озод, 2011, - 320 с.
  5. Ниг.: Саймудинов Ш. Национальное примирение в Таджикистане и его современное значение [Текст]: Дис. к.п.н.: 23.00.02. /  Шамсуло Саймудинов. – Душанбе, 2002. – 152 с.  
 
Бознашр: аз китоби “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо: маводи Симпозиуми байналмилалии илмӣ,  Душанбе, 6.09.2021. “Дониш” 2021. Қисми 1. Саҳ. 207-211.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia