casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдати миллӣ аз ҳамбастагии мост

wrapper

Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
  Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати кӯҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар давру замон, дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуде, ки илму фарҳангу тамаддунаш ӯро ҳифз кардааст, як қисмати сарзаминҳои ободи онрӯзаро аз даст дода, вале аз оянда ноумед нагашта, дар ҳар нуқоте, ки боқӣ монд, ҳувияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошту ҳифз кард. Воқеан ҳар миллат сазовори ваҳдату истиқлол аст, агар тавонад барои ҳифзу нигоҳдошти ӯ арзишҳои воқеӣ бунёд намояд. Ин амал замоне қобили таҳқиқ хоҳад шуд, ки миллат аз нерӯҳои иттиҳоди воқеӣ ва ваҳдат баҳра бигирад.
  Ваҳдати миллӣ нақши азим дар таҳқиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Ин ганҷи шойгон дар баҳрабардории нерӯҳои пештози ҷомеа муҳим аст. Маҳз Ваҳдати миллӣ доманзадани ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад.
Имрӯз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳид кардани ҳамаи нерӯҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.
Миллати тоҷик аз имтиҳону мушкилоту ихтилофотҳои замон сарбаландона берун омад. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. To замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешраф­ти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишвар қудрати тоҷикро, зери назари худ қарор дода наметавонад. Ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад.
  Имтиёзи бузурги истиқлолу ваҳдат ин аст, ки миллатро соҳиб-ихтиёр месозад, онро ба рангу нажоди худ ва ба сурату забони худ шинос менамояд ва истиқлолу ваҳдат фақат дар шакли ҷаззоб дар рӯи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо мекунад.
Дар истиқлол ҳадафҳо, на ба тариқи шаклҳову иброзҳо сурат мегирад, балки бештар аз тавсеаҳои илмӣ ғоя мегирад. Дар истиқлол ҳеҷ васила дар шакли зоҳирӣ наметавонад ҷанбаи нақши истиқлол бошад. Дар истиқлол инсон бояд вазифаи худро дар истиқлолиятхоҳӣ донад ва онҳоро дар шакли ботинӣ ҳифз намояд.
  Дуруст аст, ки дар тадбирҳои истиқлолу ваҳдат ниёзмандиҳои иқтисодии ҷомеа дар мадди аввал аст ва муҳайё кардани ин ниёзмандиҳо барои истиқлолу ваҳдат ва ҳамбастагӣ муҳим аст. Ба вуҷуд овардани чунин ниёзмандиҳо, ин муқаррароте аст, ки бояд таҳти назари фаҳмҳо ва огоҳҳо қарор дошта бошад, зеро иҷрои ин масъала рӯҳи истиқлолу ваҳдатро танзим менамояд.
  Бинобар ин, ҳар гоҳ, ки мо мехоҳем аз ин забунӣ раҳо ёбем, бояд истиқлолро, ки нусхаи шифобахш аст, чуноне ки ҳаст, шиносем ва танҳо бо доштани он басанда нагӯем, балки маводи истиқлолpo бекаму костӣ ба марҳилаи иҷро дарорем. Дар ин марҳила вазифаи асосӣ шинохти ҳамаи ҷабҳаҳои истиқлол; ақидаи истиқлол, ахлоқи истиқлол, қонуни истиқлол ва аҳкоми истиқлол аст.
Ранҷовартарин чиз ин аст, ки аксарият ба алифбои истиқлол ва ваҳдат шиносоӣ надоранд. Дар ҳар сурат бештарин масъулият дар ин роҳ ба ӯҳдаи мактабу маориф аст, зеро фақат мактабу маориф дорои имконоти васеи таълимӣ аст. Мактабу мао­риф бояд огоҳиро аз истиқлол, иҷрои рукнҳои истиқлолро тадриҷан марҳила ба марҳила муқаррар намояд ва таълим диҳад ва ҳам аз тариқи тарбия истиқлолро тафҳим бахшад.
  Имрӯз кишвари мо дар низоми моддиву маънавӣ мушкилот дорад ва муддати чанде дар маърази таҳдиду қаҳр қарор дорад ва бояд дар ин ҳолат ҷомеаи тоҷик даст бо ҳам боз ҳам муттаҳид шавад, ба хотири он ки ҳаёту бақои мо ҳаёту бақои дигарон нашавад. Бузургон гуфтаанд: «Амал калиди пирӯзӣ аст, ростӣ нардбони ростгарӣ аст, тарс аҷалpo наздик мекунад, ноумедӣ ва нотавонӣ аз омили нобудӣ аст». Аз ин хотир, дар табиати истиқлол ҳар кас нерӯманду қавӣ ва мӯҳтарам аст. Тоҷикистон агар хоҳад аз таҳдиди cypxy сиёҳ раҳо ёбад, бояд ба ҳама таҳдид рӯи пои худ бошад, зеро фармудаанд: «Дар баробари душманонатон то он ҷо, ки метавонед нерӯву қудрат фароҳам кунед ва бад-ин васила душманонатонро муттаҳам созед».
Миллати тоҷик то истиқлол мустақилияти нисбӣ дошт, вале илм дошт, фарҳангу тамаддун дошт. Он чи ки миллати моро пирӯз кард, муҳаббат ба Ватан буд. Ин муҳаббат, имрӯз чашмҳоро боз кард ва забонҳоро гӯё кард.
Ваҳдату ҳамбастагии мо, худогоҳии мо марҳилаест, ки рисолати он дар такомулу рушд аст, ки нотавонбинонро ба ҳарос афкандааст, бисёре аз ҷонҳои нолоиқ аз ин намунаи огоҳӣ заъф шудаанд ва ба таъқиби мо даст заданд.
Баъди  соҳибистиқлолии Toҷикистон тавсеаҳо аз ҳама сӯ оғоз шуданд ва тавсеаҳо то андозае буданд, ки дар миёни бархе аз ҳамватанон ошуфтагиҳову тирагиҳоро эҷод намуданд ва ин аст, ки имрӯз аз ҳама ҷиҳат ниёз ба тасвири истиқлол, равшангариву таҷзияи он, таҳлили илмии он эҳсос мешавад. Arap бихоҳем дар як калима нуқтаву авҷи истиқлолро ба мардум, дар сайри сиёсӣ ва такомули фарҳангӣ баён кунем, кофист бигӯем, ки мо ба марҳилаи «истиқлол дар ваҳдат» расидем. Ваҳдат дар чӣ замина? Дар вазъе, ки мо имрӯз дорем дар нисбат ба масъулият, ба таърих, ба дин, ба сарнавишти фардо ва билохира моҳияти хеш дар мояҳои ноҳанҷориҳо, ранҷҳо, ниёзҳо ва ормонҳои мо.
  Ҳарчанд ки нотавонбинони Toҷикистон  ҳанӯз чашмонашон ба дидани нури истиқлолу ваҳдати мо хира аст ва одат накардаанд, чеҳраҳои навро дер мешиносанд ва наметавонанд рисолати ваҳдату ҳамбастагии моро эътироф кунанд ва тибқи маъмул, ҳар яки онҳо дар acoси сӯҳбатҳои пешин, собиқаҳои пешин муносибати худро нисбати мо чун тамиз ва таъинот муқаррар менамоянд. Аммо касоне, ки ҳушёрӣ нисбати онҳо доранд, воқеиятро дар асоси хислатҳои зотӣ ва шеваҳои мантиқии онҳо бетиру шона мешиносанд. Вале онҳо наметавонанд инкор кунанд, ки Тоҷикистон дар ин ҳаракати ҷадид чун давлат пайдо шудааст, ки қонунҳои худро дорад, ки масъулиятҳои худро ҷилавгирӣ мекунад. Mo акнун донистем, ки ваҳдату ҳамбастагӣ амиқтарин ва шадидтарин таъсирҳо дорад, ки тағйироти арзишҳоро тақозо мена­мояд.
  Истиқлолу ваҳдати Тоҷикистон падидаи  ҷадид аст, ки акнун ҳаракати навин ёфтааст ва насли ҷавонро огоҳӣ медиҳад. Истиқлолу ваҳдати Тоҷикистон, ки ҷаҳонбинии фарох, бозгашт ба давлату давлатдорӣ аст, ки дар замони ҳозири мо мушаххас мешавад ва тоҷикон худро аз побанди cypxy сиёҳ ҷудо месозанд ва дар масири дардҳову ниёзҳову opмонҳои худ тақвият меёбанд. Истиқлолу ваҳдат ба вижа аносири созанда ва ба сурати як фалсафаи қудрати ҳоким аст.
Акнун, ки истиқлолу ваҳдат миллати тоҷикро баъди солҳои интизорӣ ба марҳилаи пирӯзии давлатдорӣ овард ва масъулияти мо дар ҳифзи он сангинтар гардид ва низ вазоифи афзунтар дар пеш аст. Дар чунин марҳила, ки миллат аз эҳсосияти замона бархурдор аст, ҳар ҳаракати истиқлолиятхоҳии мо, дар ҳукми вазифа, дар талош, дар афзунгардонии падидаҳои ваҳдат ёрест баҳри густариши истиқлолияти давлатӣ. Дар ин марҳила, бо ҳама эҳсосот ваҳдати миллӣ фурутарин ниёзи мо аст. Дар чунин марҳила, ҳар фикр, ҳар ақидаи фаровон, дар тақвияти истиқлолу ваҳдат мусоидат менамояд. Дар чунин шароит, фарҳанги давлатдории пурситора ҳар гуна тазоду тафриқаву даргириҳоро мансуб ба шароити имрӯз муттаҳам месозад.
Имрӯз он чӣ ки сабаби дар миё­ни гурӯҳҳои мухталиф ба миён  омадани ин ҳама муштаракоти ихтилофӣ дар шакли фикр ё тарзи амал пеш омадааст, назару амали ин гурӯҳҳо маълум аст, ки маҳз аз ихтилофоти миёни онҳо ба миён омадааст. Ин ширкҳоро бояд ба ҳар амалу восита ба сарчашмаи истиқлолу ваҳдат пайваст кард. Ин ҷӯйҳои мухталифpo ба чашмҳои қиёми истиқолу ваҳдат бояд пайванд кард ва ба ин ва­сила ваҳдатро ба айни ваҳдат табдил дод. Аммо ин ҳама вақте таҳти сурати таҳқиқи худ қарор мегирад, ки агар ҳар кас ва ҳар ҷамъият итоатро ба қонун, на аз ҳавои нафсу ният, балки дар сурати ҳамбастагии миллату истиқлол эҳсос намояд. Бинобар ин, дар ин шароит ҳар фард баҳои айбҷӯӣ аз дигарон ва ҳар гурӯҳ ба ҷои манфиати гурӯҳӣ бояд истиқлолу ваҳдатро ҳифз намоянд. Ba бояд донист, ки ҳар гуна эҷоди тазо­ду тафриқаву даргирӣ, билохира ҷавобгарӣ аст.
Паёми истиқлол ваҳдат аст. Оинаи ваҳдат истиқлол аст. Тоҷикон оинаи ваҳдат доранд ва истиқболу тараннуми он унвон шудааст. Тайи истиқлол ваҳдат чун шароити зиндагӣ дифоъ карда шуд ва ҳама даъват аз истиқлолу ваҳдат ва ҳамбастагӣ баҳри сарбаландии Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон дар масири давлатдорӣ ҳамбастагӣ, ҳамсӯӣ ва ваҳдатpo ваҷҳи ҳиммати худ қарор дод. Ҳамбастагӣ ин бовар аст, ки бе тафовути дар шароити ҳозира далели нохушнудӣ, шахсиятҳои гурӯҳӣ, муқовиматҳои мавҷударо ба дуриҳо мебарад.
Ваҳдати миллӣ бо дарки ҳаққонияти бознигории андешаҳо дар партави таҳаввулоти замон ҳамаро ҳушдор медиҳад, ки дар амри кӯшишу талошҳо барои гус­тариши ҳамбастагӣ ва роҳбарии он ба сӯи ҷомеъаи мутамаддин тарҳи рӯ дошта бошанд.
Эҳёи ваҳдату истиқлоли миллӣ ростгориву шукуфоии Toҷикистон аст ва фурсатеро фароҳам меоварад, то миллат иродаи худро дар роҳи пойдории ватан иброз намояд.
Имрӯз, таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуну рукнҳои ваҳдату ҳамбастагӣ чун арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ ва идоравӣ муҳим аст, зеро ин арзишҳо дар таҳаввулотпазирӣ, тавсиаи ҳамбастагӣ амри муҳим аст. Дар Тоҷикистон ваҳдату ҳамбастагӣ ба арзишҳои зиндагӣ табдил ёфтаанд ва ин арзишҳо ҳокиманд. Ин нуқта низ муҳим аст, ки маҳз дар мавриди авҷи ин арзишҳо зиндагии маъданӣ ҳоким хоҳанд шуд. Набудани ин арзишҳо суннатҳои ваҳдату ҳамбастагиро муассир хоҳад кард ва дар роҳи таҳаввулотпазирӣ ва тавсеаи ваҳдату ҳамбастагӣ амри муҳим тарбияи он аст.
Ҷомеаи Тоҷикистон чун соири ҷомеаҳои демократӣ нахустин гoмҳоро дар эъмори давлатдории худ гузошт. Албатта, ҷомеаи Toҷикистон натавонист аз офату xeзҳои дохилӣ таъбир кунад, ҷомеаpo дар ин росто мувофиқ намояд, зеро барои наҷот аз ҳама гурӯҳҳо ва мухолифатҳо фурсати зиёд сарф кард. Пас, ҷомеае, ки аз ҳаракату таҳвили худ огоҳ аст, бору дучори парешонӣ намегардад, аз манбаи огоҳӣ, фарҳангу шинохт огоҳ аст ва аз мудохилаи бегона аст дap канор мемонад.
Сиёсат эҷод намудан кори душвор аст. Иштибоҳ дар сиёсат зарофатро ба миён меорад, давлатдориро хира мекунад, такон ва ҳаракатҳоро бар хилофи одат метезонад, нокомӣ ва қаҳри ҷомеаро афзун мегардонад ва дар ниҳоят ба амрози ҷонӣ дучор мегардад. Сиёсати имрӯзи Тоҷикистон мисли бозҳои тавоноест, ки ҷомеаро ба хеш бовар кунонид. Роҳбарии миллат ба ӯҳда гирифта шуд. Барои ҷомеа, дар зӯроварӣ, фишор, муқовимат ва таҳдиди гуруснагӣ боварӣ ба Пешвои миллат таҳсин ёфт ва фузун гашт. Сулҳу суботи бо заҳмату талошҳо ба даст омада ҷомеаро насим бахшид. Ҷомеа ба рӯи одатҳо, анъанаҳо, ҷилваҳо ва арзишҳои зиндагӣ, ки идора мешаванд, қарор ва ором гардид. Матлаби эъмори давлатдорӣ оғоз гардид. Нисбати ҳама гуна гарошиҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, ки барномаи «шоядҳо» доштанд, ҷойгоҳи миллат apзёбӣ карда шуд.
Роҳбари сиёсии давлат нақши давлатдории дилписанди демократиро эҷод кард ва он чи, ки дар ин ҷода мехост, ба даст овард. Натиҷаи амали ин ҳама заҳматҳо бедории миллатро ба миён овард. Ин ҳаракатҳо ва талошҳо миллати тоҷикро аз сукути чандасра берун овард. Даричаҳои бастаро ба ҷаҳону зинда­гии ҷадид вокушод. Ҷомеаро аз хоби амиқи асрҳо берун кашид. Дар партави демократӣ афкору адёни хештаншиносиро эҷод кард. Такрори чандасраи зиндагии миллати худро аз саҳнаи зиндагӣ берун сохт.
Ниёзи ваҳдат, ниё­зи замон аст ва аслист, ки аз жарфҳои ҷони миллат об мехӯрад. Умед аст, ки бо ҳама мушкилоту дасиса миллати ҳамбастаи тоҷик, дар равшании давлатдорӣ ҳамбастагии хешро таъмин ва тақвият мебахшад.
 
Саидзода М.Ё.,
 
ходими хурди илмии
Шуъбаи ҳуқуқи давлати
Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови АМИТ                                       

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia