casino malaysia
casino malaysia
Пешвои миллат – сарвари нотакрори сиёсии ҳизби мардумӣ. Ба Рӯзи таъсиси ҲХДТ бахшида мешавад

wrapper

  Имрӯз10 декабр, ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) 27 сол пур шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Он дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.
  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави ИДМ маҳсуб шуда, дар кулли самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад. Зеро маҳз ҲХДТ тавонист дар ҳама вазъият дар назди мардум бошад ва исбот намояд, ки ҳамеша дастгиру мададгори сокинон мебошад. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ зиёд гашта, туфайли қувваи бузурги ҳизбиёну ҷонибдорон мақом ва манзалати он низ дар ҷомеа  боло меравад. Унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамшед ОБИДЗОДА  дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» роҷеъ ба таърихи ташаккули ҲХДТ чунин ёдовар шуд:
 —  …Дар ёд дорам, ки 18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардида буд. Вакилони анҷуман Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуман сухан гуфта, зикр намуданд: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо идеологияи таъсирбахши ҳизбӣ тавонист на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам нуфузашро бештар намояд.
Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобиланд судманди ҳизбӣ бо яке аз аҳзоби  сиёсии пурнуфузи ҷаҳон – Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳизби “Единая Россия” обрӯи ҳизбро боз ҳам афзуд.
Дар Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар Анҷумани ХII ҳизб аз 13 декабри соли 2014 ба он тағйиру илова ворид карда шудааст, зикр мешавад, ки «ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу иродаи онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд».
  Илова бар ин, дар Оинномаи ҳизби мазкур зикр мешавад, ки «ҳизб барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд».
  Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори ин ҳизб аз рӯзҳои нахустине, ки узвият ва роҳбарии онро пазируфтанд, барои боло бурдани нуфузу обрӯи ҳизб кӯшишҳои зиёд намуда, ҲХДТ-ро ба ҳизби воқеан мардумии кишвар мубаддал намуданд.
Раиси  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Анҷумани IV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 18 апрели соли 1998 изҳор дошта буданд, ки «зарурати пайвастани ман ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бечунучаро, ба таҳлили ҳамаҷонибаи таносуби неруҳои сиёсӣ дар ҷомеаи мо, сатҳи камолот ва мундариҷаи барномаҳои онҳо асос ёфтааст.
Ҳамзамон ман ба ин масъала аз назари то чӣ андоза омода будани ҷомеа ба чунин иқдоми Роҳбари давлат дар даврае, ки раванди ваҳдату ягонагии миллат ва эҳёи давлатдории тоҷикон оғоз ёфтааст, эътибори махсус додам.
 Ниҳоят, боварии комил дорам, ки шомил шуданам ба ҳизби сиёсӣ ва ризоят доданам барои роҳбарӣ ба он аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дуруст пазируфта мешавад ва  дастгирӣ меёбад».
Дар ин анҷуман Роҳбари  ҲХДТ ҳамчунин иброз доштанд: «Ман бо тамоми қувва кӯшиш хоҳам кард, ки таъсири сиёсии ҳизб дар ҷомеа ҳарчӣ бештар афзоиш ёбад, вале дар айни замон ба шахспарастӣ ва дурӯягӣ дар сафҳои ҳизб роҳ нахоҳам дод. Обрӯю нуфузи ҳизб ба обрӯю эътибори ҳар узви он вобаста мебошад».
Маҳз туфайли сиёсати хирмадмандонаи дохилиҳизбии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ ва мақоми ҲХДТ дар ҷомеа сол аз сол устувору нуфузаш дар кишвар бештар гардид.
Ҳамчунин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки яке аз аввалин аҳзоби сиёсии кишвар дар низоми бисёрҳизбии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, тавонист бо идеологияи пурқувват ва таъсирбахши ҳизбӣ сафи аъзояшро ба зиёда аз ним миллион нафар расонад.
Албатта, чунин мавқеъ ва нуфуз барои ҳизб ба осонӣ ба даст наомада, туфайли роҳандозӣ шудани барномаи мушаххаси ҳизбӣ, ки аз ҷониби Раиси  ҳизб муайян ва пешниҳод гардидааст, амалӣ гардид.
Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Анҷумани Х ҳизб 26 декабри соли 2009 таъкид намуданд: «Ҳадафи ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд».
Ҳамчунин Сарвари сиёсии ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман вобаста ба фаъолияти ҳизб бо қаноатмандӣ изҳор доштанд: «Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҳизби мо дар тамоми раванди таҳаввулоти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона иштирок карда, дар татбиқи ормони деринаи халқи Тоҷикистон, яъне истиқрори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ нақши созандаву муассир гузошт».
  Воқеан, давоми фаъолияти бисту ҳафтсола ҲХДТ марҳила ба марҳила дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, бо раҳнамоии Раиси ҲХДТ ҳатто дар дурдастарин минтақаҳои ҷумҳурӣ на танҳо аъзову ҷонибдорон пайдо намуд, балки тавонист биноҳои маъмурии хуштарҳу муосир бунёд намуда, барои кормандонаш шароити корӣ фароҳам созад ва раванди корҳои созандагиву бунёдкориаш идома дорад.
Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуда буд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.
  22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII ҲХДТ барпо гардид. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман суханронӣ карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳилаи нави рушди ҷомеа — давраи созандагию бунёдкорӣ илман асоснок намуданд.
  Эътимоди миллионҳо нафарро ба даст овардан кӯшишу заҳмати зиёд, хоксорию фурӯтанӣ, кордонию маҳорати баланди роҳбарӣ ва сабру таҳаммул талаб мекунад, ки чунин сифатҳо хоси Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд.
  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои миллионҳо нафар, дастгиру мададгори ҳазорон эҳтиёҷманду шахсони бепарастор ва ҳомию сарпарасти ятимон ҳастанд.

https://khovar.tj/2021/12/peshvoi-millat-sarvari-notakrori-siyosii-izbi-mardum-ba-r-zi-tasisi-hdt-bahshida-meshavad/
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia