casino malaysia
casino malaysia
Саҳми академик Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик

wrapper

  Имрӯз дар санаи 19.11.2021 дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба 110-солагии академик Алоуддин Баҳовадинов Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Саҳми академик А. Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи тоҷик" баргузор гардид. Конференсияро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои фалсафа Назар Муъмин ифтитоҳ намуда, нақши академик Баҳоваддиноро дар рушди илми фалсафа арзёбӣ кард. Сипас, дар мавриди хидматҳои илмии академик ноиби президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон маърӯза карда, иқрор намуд, асосгузори мактаби фалсафаи шӯравии тоҷик маҳсуб мешавад.
Возможно, это изображение (14 человек и люди стоят)
    Баъдан атрофи шахсият ва дидгоҳҳои фалсафии мавсуф файласуфон мубоҳисаҳо анҷом доданд.
    Бояд иқрор кард, ки академик А. Баҳоваддинов файласуфи сатҳи ҷаҳонӣ буд ва ин фикрро асарҳои ӯ исбот мекунанд.
   Мавсуф дар соли 1961 пас аз таҳқиқоти доманадор китобе бо номи “Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик” навишта, дар он таърихи асримиёнагии фалсафаро, ки марбут ба тоҷикон аст, ба ду давра тақсим менамояд: давраи қаблӣ, ки садаҳои VIII-XV-ро фарогир мебошад ва замони таназзул, ки асрҳои XVI-XIX-ро дар бар мегирад. Асари мазкур то кунун дар мағзи андешамандон нуфӯз дорад, чунки муаллиф дар он ҳама гуна калавишҳои ғайриилмии понисломистону понтуркистони замонашро рад карда, ба хулосае меояд, ки таърихи фалсафаи тоҷиконро маҳз ҷараёнҳои ифротгароёнаи ғайриилмӣ мункир гардидаанд. Алоуддин Маҳмудович Баҳоваддинов арабшиноси комил буд, вале арабгироиро қабул надошт ва саҳми тоҷиконро дар густариши тамаддуни исломӣ иқрор мекард. Номбурда дар ин маврид навиштааст: “Бо истифода аз назарияи носаҳеҳи ғайриилмӣ ҷиҳати ҳамешагии феодализм дар Ховари Миёна дар фаҳмиши ҷаҳонбинӣ бархе аз уламои чаправ пиндоштаанд, ки дар ин сарзамин фалсафа вуҷуд надоштааст. Ҳамчунин, дар байни моддагироёну илоҳиётшиносон ҳеҷ гуна рақобати фикрӣ дар Осиёи Миёна набудааст. Мутобиқ ба чунин андешаҳои носаҳеҳ ва исботнашуда дар таърихи фалсафа илми мазкур дар ин кишварҳо танҳо дар аҳди хилофати араб пайдо шудааст. Бо дарназардошти ин тамоил, таърихшиносони манфиатҷӯ, ҳатто бузургтарин андешаманд чун Ҳегел аз як ҷониб тамоми фалсафаи Шарқро ба араб итлоқ намудаанд, ва аз ҷониби дигар, тасдиқ мекунанд, ки фалсафаи араб як навъ қадаме дар рушди фалсафа набуда, мулоҳизаҳои фалсафии арабҳо танҳо дар доираи схоластик рушд ёфтаанд”.
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)
    Бино ба бархурди андешаҳо донишманди тоҷик тасмим гирифт, ки дар китоби “Очеркҳо”-яш фалсафаи қабл аз исломии тоҷикро дар мисоли “Апастак” ва дигар осори ҳикматомези Зартушт, Монӣ, Маздак аз як сӯ ва аз сӯи дигар фалсафаи зарвонияро, ки мутобиқ ба он масоили “хилқат” рад мешуд, баррасӣ карда, мехост ақидаи пурғалатро дар илми фалсафа ҷилавгирӣ кунад. Ғайр аз ин, андешаи дигари ховаршиносон, ки тибқи он мардумони Шарқ барои илман тафаккур кардан қобилият надоранд ва фикррониҳои онҳо дар пояи ҷаҳонбинии динӣ бунёд шуда, ба тарзи ақидаронии аврупоӣ бегона мебошад, файласуфро нороҳат сохта ва водор кардааст, ки барои исботи бардурӯғии инчунин андешаҳои беасос ҷаҳд бинмояд. Ҳамин авомил буд, ки академики тоҷик бар олимони муғриз мисли К. Форлендер, ки фикрро бинобар маҳалли иқомати соҳибфикр ба пасрафтаву пешрафта ҷудо кардаанд, бархурд намуда, ба илм бегона набудани осори маънавии ниёкони моро исбот мекунад ва тасдиқ менамояд, ки пас аз ғасбкориҳои араб тарзи тафаккури фалсафӣ дар сарзамини мо бо пӯшишҳои мазҳабӣ изҳор шудаанд, дар ҳоле ки тарзи тафаккури фалсафӣ то паҳншавии ислом дар Ховари Миёна дар ҷабҳаҳои гуногун инъикос ёфтааст ва далели мутаммад барои исботи инчунин фикр фалсафаи зарвония маҳсуб мешавад: “Дар андешаи фалсафӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии халқҳои Осиёи Миёна, қабл аз ғасб шудани ин сарзамин аз ҷониби истилогарони араб мо на танҳо ҳукумат доштани илоҳиёт ва тасаввуфро пайдо мекунем, балки боз густариши моддигироӣ ва ҳатто бархурди онҳоро дар шакли мустақим мушоҳида менамоем”.
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и стоит)
    Фалсафаи асримиёнагии тоҷику араб, ки аз бисёр паҳлӯҳо бо ҳам ҳамоҳангӣ доранд, маънаван майли гираванда ба фалсафаи юнониёни қадим, ба вижа ду машҳуртарин намояндаи он Афлотун ва Арасту доштааст ва ин фикр дар асарҳои Бӯалӣ Сино, Абунасри Форобӣ, Ибни Рушд, Хоҷа Насируддини Тусӣ ва амсолашон такрор ба такрор баён мешавад. Гузашта аз ин, баъзан чунин ба назар мерасад, ки осори фалсафии Бӯалӣ Сино дар илми “мобаъдуттабиа” ва “мантиқ” такрор аз Арастуст. Пури Сино бо вуҷуди шуҳрати оламгираш Арастуро муаллими аввал пиндошта, Хоҷа Насируддини Тусӣ бошад, Шайхурраисро “устод Бӯалӣ” ё худ “устоди сонӣ” муаррифӣ карда, ба таблиғи андешаҳояш камари ҳиммат бастааст. Академик Алоуддин Баҳоваддинов низ аз юнонигарии машшоиюн бехабар намонда, чун муҳаққиқи осори илмии Пури Сино ба хулосаи амиқ омада, иқрор менамояд, ки: “Ибни Сино аз Арасту пайравӣ мекард”.

Бознашр: https://www.anrt.tj/tj/khabar-o/2040-sa-mi-akademik-ba-ovaddinov-dar-rushdi-falsafai-muosiri-to-ik 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia