casino malaysia
casino malaysia
Рӯзи Президент-рӯзи ифтихору фараҳмандии тоҷикон аз ҷонфидоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри миллат аст!

wrapper

  Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари сулҳпарвар ва оқил вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд.

  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол аст, ки як марҳалаи таърихиро дар ҳоли тай кардан аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар авохири садаи бистум, мисли дигар кишварҳои бародар нав аз ҳайати давлати Иттиҳоди Шӯравӣ баромада буд, соҳиби Истиқлоли давлатӣ гашт. Аён аст, ки он солҳо авзои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва мамлакат хеле муташанниҷ буду вазъи мамлакат нооромтар мешуд. Аз як тараф ба майдон омадани гуруҳҳои ҷиноӣ ва аз тарафи дигар бошад, мамлакатро гуруснагии ом рӯз аз рӯз фаро мегирифту халқи тоҷик маҷбур буд ба давлатҳои хориҷа гуреза шавад, яъне тақдири давлату миллати тоҷик ҳамоно бадтар мешуд ва ҳам наздик буд Тоҷикистони тозаистиқлол аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардад.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Дар миён хидматҳои Пешвои миллат хеле бузург мебошад, зеро давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот доданд ва дар тӯли 30 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуданд.

  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар ваъзиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд.

  Шахсияте ба тақдири мардуми тоҷик ба сари сиёсат омад, ки сарнавишти ояндаи миллатро тавонист ба сӯи қуллаҳои фатҳ ва равшаниву нур раҳнамун бисозанд. Дар ҳақиқат Пешвои миллат тавонистанд, халқи тоҷикро сарҷамъ ва дар зери як дирафш муттаҳид бинмоянд. Бояд таззакур дод, ки соҳибистиқлол шудани кишвари Тоҷикистон ва интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвар як марҳили нави бурдбориву муваффақиятҳо ва марҳилаи ободонии кишвар баъди ҳазор соли парокандагиву ҷудоии миллати тоҷик дар арсаи давлатдории тоҷикон буд.

  Аз замони интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби роҳбари давлат зина ба зина ва марҳила ба марҳила Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуд. Хизматҳои ин абармарди сиёсатро метавон ба хатҳои зарҳалин дар китоби таърих навишт ва ин хизматҳо арзандаи таҳсин аст, ки алабтта, ба ҳар шахс насиб намегардад, ки давлату миллати хешро дар ҳоли нестшавӣ буд ҳифзу сарҷамъ ва сулҳу осоиштагиро барқарор кунад.

  Мардуми кишвар хуб огоҳанд, ки чи рӯзҳоро паси сар карда буданд ва таърих исботгари он аст, ки дар солҳои аввали  соҳибистиқлолӣ кишвар дар чӣ ҳолат қарор дошт ва имрӯз дар чӣ ҳолат аст. Бояд ҳамаи ин накукориҳо, хирадмандиҳо, талошҳои Пешвои миллатамонро ҳар як сокини кишвар бидонаду ба қадри ин заҳматҳо бирасад. Чунки тамоми ин заҳматҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат барои шукуфоиву ободии Тоҷикистони азиз мебошад.

  Албатта, миллати тоҷик ба бузургиву ҷонфидоиҳои Пешвои худ эҳтироми хосаро қоил ҳастанд ва аз ин рӯ, дар сафҳаи тақвим як рӯзи хосро ихтисос додаанд ба “Рӯзи президент”, ки ин ҳама шаҳодат бар он медиҳад, ки миллати тоҷик Пешвои миллатро дӯст медоранду ба қадраш мерасанд. Ҳамчунин, 16-уми ноябр барои ҳар сокини кишвар рӯзи вижаеву ифтихормандест ва аз имрӯз миллат бо камоли шодмонӣ истиқбол менамояд.

  Тамоми сокинони кишвари азизро ба “Рӯзи президент” муборакбод мегӯям ва зинда бод дӯстиву сулҳу амонӣ!

Садаф ҶАНГИБЕКОВА,

Магистранти соли аввали

Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia