casino malaysia
casino malaysia
Асосҳои ахлоқӣ-маънавии фалсафаи сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон

wrapper

Соиб, насиҳатест зи соҳибдилон маро,
То сулҳ мумкин аст, макун ихтиёри баҳс.
Соиб
 
   Сулҳ вожаест, ки дорои маъниву мӯҳтавои воло, арзишу аҳамияти баланди маънавӣ, некбинона ва зиндагисозанда мебошад, яъне фалсафаи аҷибе ва ба худ хосе дорад.
   Сулҳ – ин оромию осудагӣ, саодату хушбахтӣ, ҳаёти босубот, маънавиёту рӯҳи солим, аллаи модарону хандаи хушбахтонаи тифлон, садои меҳнати дуредгару оҳангарон дар шомгоҳон, зебоии ба ваҷдоварандаи  табиати Ватан,  шеърхонии хонандагон дар дабистонҳо, хабари таваллуди тифл, ки ҳамагӣ инсони нуктасанҷу солимақлро барои фаъолияти пурсамар дилгарм намуда, ба пешрафт ва рушду нумуъ раҳнамун месозад.
  Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу мусолиматро азизу муътабар дониста, арҷ мегузорад. Бинобар ин, барои ҳифзу эмин нигаҳ доштани он агар лозим шавад, ҷонфидоӣ мекунад. Чунки муҳаббати зиёде, ки ба кишвари худ дорад, ҳатто  лаҳзае пас аз чашм пӯшидан ҳамаи он неъматҳоро пеши рӯ меорад, аз қабили зебоии ба ваҷдоварандаи  табиати Ватан, куҳҳои сарбафалаккашида, теппаҳои қабои сабзу рангоранг бабаркарда, дарёҳои нилгун, Вахшу Искандаркӯли боҳашамат, чаҳ-чаҳи кабкони даштӣ, табиати мулоиму нарми ба саломатии инсон мувофиқи Тоҷикистон, шабҳои ороми шабчароғ, хиёбону гулгаштҳои зебо, оромии хотиру руҳу равони сокинон, ҳаракату давуғеҷи осудаҳолонаи наврасон дар кӯчаҳои  пойтахти кишвар - Душанбешаҳр, омодагии занону бонувони тоҷик ба ҷашнҳои  Сада, Меҳргону Наврӯз  ба ҳар яки мо масъулияти баланди муҳофизат аз ин неъматҳоро пеш мегузорад. 
  Ҳамаи ин латофату зебоиҳо ва нафосату шаҳомат дарак аз фарҳанги ғании аҷдодони кӯҳани мо медиҳад ва боиси ифтихори миллии мост, ки фарҳанги ниёгонамон  инсонро ҳамагӣ аз некуиву некухисолӣ  тарбият мекунад. Авесто, бо тамоми ҳашаматаш аз се асли ахлоқӣ: пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек, ки ҳамагӣ некию некманиширо парвариш мекунанд, иборат аст.
Абармардони осмони сухану ҳикмат ва ирфону фалсафаи Хуросону Мовароуннаҳр, ба мисоли Ҳофизи Шерозӣ дар ситоиши сулҳу инсонпарварӣ ва таҳаммулпазирӣ суханҳои волое ба мо ба ёдгор мондааст:
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду байт аст,
 Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
  Барои баҳои сулҳу осоиштагиро дарк кардану шинохтан мебояд, ки ба саҳифаҳои таърих рӯ орем. Таърих ба инсоният сабақҳои зиёде додааст. Беадолатиҳои инсонҳо дар тӯли таърих бешумор буданд. Тафриқаҳои мазҳабию динӣ, ирқиву нажодӣ, нафрату бадбинӣ ва худхоҳию худкомагиро ба ҳадди ифрот расонида, омилҳои асосии ҷангу хунрезию даҳшат ва забткориҳою ғасби кишварҳо шуданд. Шӯру валвалаҳое, ки байни падару писарони ҳукмрон дар шоҳигариҳо ба амал меомад, аз чакидаҳои  Ҳофизи лисонулғайб садо медоданд:
Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Духтаронро ҳама ҷангасту ҷидол бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
   Аз саҳифаҳои гузаштаи таърих бармеояд, ки аз  қарордоди сулҳ даст кашидан – заминаи шикасти абарқудратҳо, амирон ва подшоҳону ҳокимон мегашт. Маълум аст, ки надоштани қудрати сулҳу мусолимат ва таҳаммулу бардошти рақибони фарҳангию сиёсӣ ин берун аз тавони ҳукмрононе буд, ки нобихрадию кундфаҳмӣ асоси фаъолияти сиёсияшон буда, аз надоштани фарҳанги баланду таҷрибаи сиёсии онҳо дарак медод. Инчунин, авомили манфие чун  нафрату адоват ба инсонҳои дигар табақа, надоштани таҳаммул ба ғайри фарҳанги худ, миллату мазҳабҳои гуногун, плюрализм ва манфиатҳои худро аз манфиати онҳо боло шуморидан боис мегардиданд, ки байни инсонҳо мухолифату зиддиятҳои шадид ба вуҷуд оянд. Надоштани қудрати сулҳу мусолимат ин надоштани таҷрибаи сиёсӣ ва нобихрадии ҳокимон буд.
  Баръакс, дар он сиёсатмадориҳое, ки ҷой ва мақоми «сулҳ» ҳамчун вожаи бунёдсозӣ ва  «сулҳ» ҳамчун категория ва истилоҳи таҳкими муносибатҳои дипломатӣ ва сиёсӣ дар мавридҳои зарурӣ ба амал меомаданд, аз зиракии сиёсии абарқудратҳо ва фазилати баланди фарҳангии онҳо гувоҳӣ медод. Ба мисол,  шоҳ Акбар сулҳи куллро манбаъ ва заминаи сиёсии қатъи ҷанг ва пешгирии таназзулу харобиҳо пеш гирифта буд: «Сулҳи кулл, ислоҳоти сиёсии давраи ҳукмронии Акбар дар Ҳиндустон буд. Низоъҳои мазҳабии шиаву суннӣ ва мусулмонону ҳиндуён, ки дар давраи ҳукмронии темуриён дар Ҳиндустон ба вуҷуд омада буданд, дар аҳди Акбар боз ҳам шиддат гирифтанд. Бо мақсади муътадил намудани вазъият ва пешгирии инқирози ҳокимияти темуриён дар Ҳиндустон донишмандон ва масъулони дарбор масъалаи ислоҳотро ба миён гузоштанд. Аз руйи тавсияи онон Акбар дар мамлакат ислоҳоти молӣ, сиёсӣ ва динӣ гузаронид, пас аз ин подшоҳро ба ҳамаи дин ва маслакҳои мамлакати Ҳиндустон бетараф қарор дода, Сулҳи кулл эълон намуданд... Пас аз эълони Сулҳи кулли давлат ба ҳамаи диндорон сарфи назар аз мазҳабашон муносибати якхела мекардагӣ шуд »[1].
  Муаррихи забардасти тоҷик Бобоҷон Ғафуров муносибатҳои дипломатии баъзе ҳукуматдоронро қайд намуда, дар “Тоҷикон” овардааст: “Муносибати дипломатии байни Шайбониён ва Темуриёни Ҳинд бомуваффақият инкишоф меёфт. Шайбониён, ки Бобурро аз Осиёи Миёна ронда буданд, дере нагузашта пас аз қисмати зиёди Ҳиндустонро фатҳ карданаш кӯшиш намуданд, ки муносибати худро бо ӯ муътадил гардонанд. Дар солҳои охири ҳукмронии Кучкунчихон ба назди Бобур сафорати босалобате фиристода шуд. Сафирон на фақат аз тарафи сарсулола, балки аз тарафи баъзе султонҳои хонадони шайбонӣ ҳам буданд. Бобур сафиронро ба хубӣ пазироӣ намуд ва ҳангоми рухсат ба онҳо туҳфаҳои бисёре дод. Ин сафорат фақат маънии ба расмият шинохтанро надошт. Шайбониён, ки пай дар пай ба Хуросон ҳуҷум мекарданд, ба таъмини амнияти ақибгоҳи худ манфиатдор буданд. Муносибатҳои дипломатӣ дар байни ду ҳукмрони барҷаста – султони шайбонӣ Абдуллохони II  ва подшоҳи Ҳиндустон Акбар муваффақиятомез буд”[2].
  Ҳокимоне, ки сиёсати баланди дипломатиро ҳадафи стратегии худ қарор дода буданд, пеши роҳи ҷангу хунрезиҳоро мегирифтанд. Масалан, пайванди дӯстию хешӣ як василае буд барои расидан ба сулҳу мусолимат.     Зимни ин андеша Фирдавсии бузург бисёр ҳакимона ва мутафаккирона фармудааст:
Далере, ки нандешад аз пилу шер,
Ту девона хонаш, махонаш далер.
  Аз ин рӯ, таърих ба мо сабақу таҷрибаҳои ҳукмронии амирону шоҳони хирадманду зиракро ҳамчун дарси ибрат дар саҳафоти худ бозгузошта, ки тавонем аз муваффақияту  норасоиҳои онҳо барои худ чизҳои наверо кашф намоем ва биомӯзем.
 Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарҳанги волои сиёсӣ, хираду фазилатҳои инсонӣ ва оптимизми баланди худ тавонистанд, ки Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокатбор наҷот диҳанд.
 Заҳмату кӯшишҳои Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои роҳбарияшон боиси таҳсину ифтихори ҳар як фарди тоҷик мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти тозаинтихоб барои бо қудратҳои оппозитсионӣ вохӯрдану бо онҳо сулҳу мусолимат намудан бе кафолати ҳаёт ба марзи Афғонистон сафар карданд.
  Дар ҳақиқат  Эмомалӣ Раҳмон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ арзанда ва сазовор мебошанд. Чунки барои ба даст овардани он тамоми малакаву донишу  хиради азалии худро дареғ надоштанд.
 Сухани дардноки Пешвои миллат, ки гуфта буданд: то охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам, гувоҳи ин иддаост. Ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ба мардуми эҳтиёҷманд, ҷаҳду талошҳои ӯ барои беҳтар шудани сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии ҳаёт ба ҳамагон маълум аст. Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон бо гуманизму инсонпарвариҳои бесобиқа ҳамчун роҳбари раиятпарвар доимо ғами халқро мехӯранд ва дар ҳар як гузориши худ сухани ифтитоҳии хешро бо калимаи сулҳ анҷом дода, саъйю талоши худро дар бунёди ҷомеаи беҳтарин барои кулли мардумон ба харҷ додаанд.
  Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон  шахсияти ятимпарвар ва дастгири оҷизону дардмандон аст, дуои  падару модар ва кӯҳансолонро арҷ мегузорад, чун доимо дуои онҳо вирди забонашон ҳаст. Дар бештари вохӯриҳо бо ятимону маъюбон ва пирону кӯҳансолон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, ҳангоми дидани Пешвои миллат ба гиря меоянд, ки ин аз самимияти ғамхории Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.
           Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, сатҳи иҷтимоию иқтисодии онҳоро баланд мебардоранд. Зан-модарро шарафманд гардонида, ба мақомҳои баланди иҷтимоиву сиёсӣ расонидаанд.
          Лозим ба ёдоварист, ки сулҳу мусолимате, ки ба миллати мо тавассути заҳматҳои абармарди тоҷик, Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, натиҷаҳои зеринро ба бор оварданд:
  • Тоҷикистон чун кишвари сулҳпарвар дар саҳафоти таърих дарҷ гардид;
  • Таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дастуру ҳуҷҷати муҳиме шуд барои сиёсатмадорони олам;
  • Дар тамоми қишрҳои хоҷагии халқи кишвар пешрафтҳои назаррас ба вуҷуд омаданд;
  • Роҳҳо ва долонҳои нави нақлиётӣ, ки моро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард, бунёд гардид;
  • Бунёди НОБи Роғун ба саноатикунонии кишвар  вусъат бахшид;
  • Илму маориф ба пешрафтҳои зиёд ноил гардидааст;
  • Тоҷикистон дар садади кишварҳои амн қарор гирифт;
  • Тоҷикистон бо кулии ҳамсоякишварҳо хусусан Ӯзбекистон муносибати беҳтарини дӯстонаро ба даст овард;
  • Тоҷикистон бо якчанд ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти истифодабарии оқилаи об на танҳо бо мамлакатҳои зиёде ҳамкорӣ намуд, балки минтақаҳои зиёди сайёраро аз мӯҳтоҷии об наҷот дода, дар ҳалли проблемаҳои зиёди экологӣ нақш гузошт.
.
                                                            Саидҷафарова П. Ш.
номзади илмҳои фалсафа,
ходими калони илмии
Институти фалсафа,
сиёсатшиноси ва ҳуқуқи 
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
Адабиёт:
1.Хушқадамов Д; Сулҳи кул; Энсиклопедияи советии тоҷик, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, Душанбе, 1981, 634 с., Саҳ.166.
2.Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон.Душанбе. Қисми 2., Нашриёти “Ирфон”. 1998., С. 33., 412 саҳ.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia