casino malaysia
casino malaysia
Таъсиргузории мактабҳои илмӣ ба рушди малакаи таҳқиқотии олимони ҷавон дар даврони Истиқлолият

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Президенти мамлакат дар вохӯрӣ бо ҷавонон аз 21 майи соли 2021, таъкид намудаанд: «дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад»[1]. Вобаста ба масъалаи нақши мактабҳои илмӣ дар рушди малакаи илмии ҷавонони кишвар якчанд мулоҳизаҳои худро мехоҳам баён созам. Қаблан зикр менамоям, ки ҳеҷ шакке нест, ки дар даҳсолаҳои сипаригаштаи даврони истиқлолият чунин мактабҳо дар илми тоҷик мавқеъ доштанд, қомат афрохтаанд ва ба рушди онҳо мусоидат карда мешавад. Бо вуҷуди ин вақте ки ба ин масъала аз нигоҳи таҳлилӣ густурдатар ва мавқеи пешрафтҳои беназири илми ҷаҳонӣ назар меандозед, пас мебинед, ки мушкилоти зиёде ҳам дар ин самти ташкили илм вуҷуд дорад. Равиши интихобнамудаи баррасии мо марбут ба илмшиносии иҷтимоӣ аст, ки тибқи он омилҳои роҳ ёфтан ба дастовардҳои илмӣ, аз ҷумла дар самти тарбияи олимони ҷавон, ба шароитҳои мушаххас вобастагӣ дошта, аз дарки муносиби талаботҳои рушди ҷомеа бармеоянд[2].
   Мактабҳои илмӣ маҳсули инкишофи тӯлонии пажуҳишӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ буда, барояшон низоми муташаккили дидгоҳу равишҳои арзёбии масъалаҳои муҳимтарину арзишмандтарин дар марҳилаи муайяни рушди таърихӣ хос аст[3;4;5;]. Дар партави маҷмуи чунин низомҳои дидгоҳӣ доираи муайяни олимон атрофи шахсиятҳои алоҳида муттаҳид мешаванд, талоши баррасии ҳадафмандонаи масъалаҳоро амалӣ месозанд ва интихобу татбиқи чунин амал барои арзёбии воқеиятҳои навзуҳур аз мавқеи мазкур имконият фароҳам меорад. Барои ба чунин сатҳи дидгоҳи системавӣ оид ба арзёбии илмии ин ва ё он масъала расидан роҳандозии кӯшишу талошҳои ҳадафмандонаи методологӣ зарур аст ва на ҳамаи ҷомеаҳои илмӣ метавонанд дар ин роҳ мувафаққият ба даст оранд. Аксарияти онҳо ё дар нимароҳ мемонанд ё мактаби илмиро иборат аз нуфуси миқдории унвондорони ин ва ё он соҳа таҳти роҳбарони илмии нафарони ҷудогона медонанд. Вале агар боз ҳам ба номгӯи мавзӯъҳои ин шогирдон назар андозед, пас ба осонӣ хоҳед дарёфт, ки мавзӯъ ва объекти пажуҳишашон ба монанди хӯшачинӣ аз мазраъаҳои зироатҳои гуногун беш нест. Феҳристи беохири мавзӯъҳои таҳқиқнамудаи ин гуна устохонаҳои олимсозӣ чунон гуногун аст, ки сарманшаъи дидгоҳи низомноки меҳвариро дар онҳо пайдо кардан амрест муҳол. Ҳолати мазкур ба монанди он аст, ки низоми ҷамъиятиро маҷбур созем, ки бидуни интихоби арзишу мафкураи меҳварӣ ҳатман атрофи нуқтаи муайян ҳаракати низомнокро анҷом диҳад. Вале чун низоми иҷтимоӣ чунин хоҳишро иҷро карда наметавонад, пас маҷбур аст, ки ҳолати якмароми статикиро интихоб намояд ва ба тадриҷ рӯ ба рукуд орад.
  Мутаассифона, чунин тамоюл солҳои охир ба фазои илми ҷомеашиносии мо низ роҳ ёфтааст ва ин боиси аз бисёр ҷиҳат кундшавии қобилияти посухгӯии он ба аксарият масъалаҳои мубрами рушди ҷомеа гардидааст. Паёмадҳои номуносиби ин раванд танҳо ба ин маҳдуд намешавад, балки барои тарбияи мутахассисони ҳирфавии пажуҳандагӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа онҳо ҳузури худро дар фазои гуфтугӯҳои ҳирфавии пажуҳандагӣ дар миқёси байналмилалӣ нигоҳ дошта наметавонанд. Камтарин олимони моро дар ин сатҳҳо иқтибос мекунанд, нашри пажуҳишҳояшон дар нашрияҳои бонуфузи берунӣ зиёд роҳ намеёбад.
  Камҳузурии мактабҳои илмии салоҳиятдор дар ҷомеа ба сифати таълифи китобҳои дарсӣ аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ низ бетаъсир намемонад. Зеро адабиёти таълимии арзишманд аз домони мактабҳои пурғунҷоиши илмие, ки қудрати таҳлили дастовардҳои пажуҳишии соҳавиро доранд, метавонад берун ояд. Имрӯз мо муаллифони китобҳои таълимие дорем, ки аз осори бунёдии муҳаққиқони намоёни илми соҳавӣ бехабаранд, вале хати истеҳсоли корхонаҳои асарсозияшон муттасил фаъол аст. Ҳатто вобаста ба соҳаҳои илмие, ки аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касе ба таҳқиқот алҳол даст назадааст, аллакай китобҳои дарсии бузургҳаҷм зери номҳои муборакашон ба табъ мерасанд. Пас аз китобҳои таълимии чунин муаллифоне дар симои роҳнавардони дар навбати худ ба роҳбаладҳо ниёзманд таълимгирандагон чӣ дониши амиқе касб мекарда бошанд. Дар сурате, ки аксар маврид  пажуҳандагони ҷавону бузургсол ҳам барои ба муҳтавои баъзе назарияҳои мураккаби илмӣ ворид шудан ба мутолиаи китобҳои таълимии аз ҷониби соҳибназарон таълифшуда рӯй меоранд.
  Тамоюлоти ташаккулёбии мактабҳои илмии мо солҳои охир аз аломату сифатҳои зикршуда чашм мепӯшанд ва афзудани шумораи шогирдонро таҳти роҳбарони алоҳидаи илмӣ исботи вуҷуди мактабҳои илмӣ ҷилва медиҳанд. Дар  асл  унвони пажуҳишҳои анҷомшуда баёнгари он аст, ки аксари онҳо бо ҳамдигар аз нигоҳи интихоби мавзуъ ва равиши пажуҳишӣ робитаи мантиқии камтаре доранд. Чунин ҳолат имконияти ҳадафмандона ҷустуҷӯ намудани роҳи ҳалли ҳирфавии масъалаҳои марбут ба ягон ҷанбаи воқеиятро интизор шудан душвор месозад.
  Агар ба таърихи илми башарӣ назар андозем пас мебинем, ки меҳвари таҳаввулоти чашмгири он ҳамеша атрофи зуҳуру ташаккули мактабҳои илмӣ давр мезанад. Бинобар ин таърихнигорони илм ҳам пайваста кӯшиш намудаанд, ки заминаи дастовардҳои бузурги илмиро дар доираи таҳлили фаъолияти ҳамин гуна мактабҳои илмӣ ҷустуҷӯ намоянд ва шарҳу тавзеҳ диҳанд[6].
Дар шароити муосир, ки рақобатҳои фанноварӣ ҳарчӣ бештар авҷ мегиранд, идоракунии илм низ санъату назокати хоси ҳирфавиро талаб мекунад ва аз бисёр ҷиҳат маҳз ҳамин гуна амалҳо боиси зуҳури мактабҳои пешрафтаи илмӣ мегардад. Зеро ниҳодишавии илм чунин санъатро ҳам тақозо ва ҳам пайваста инкишоф дода, пажуҳиши илмиро самтгир месозад. Дар илмҳои ҷамъиятии замони шӯравӣ, бахусус фалсафа, намунаҳои беҳтарин чунин мактабҳои илмӣ вобаста ба пажуҳиши таълимотҳои моддигароёнаи ниёгонамон, пажуҳиши таълимоти аҳли тасаввуф, омӯзиши хусусиятҳои ташаккули муносибатҳои ҷамъиятии сотсиалистӣ дар шароити ҷомеаи суннатӣ ва ғайра ташаккул ёфта, осори гаронбаҳои илмиро ба мерос гузоштанд, ки имрӯзҳо низ аз онҳо муҳаққиқон васеъ истифода мебаранд. Чунин мактабҳо дар соҳаҳои илмҳои таърих, иқтисод, ҳуқуқ, филология низ ба вуҷуд омада буданд.
Тамоюлоти ташаккулёбии мактабҳои илмиро дар баробари омилҳои зикршуда инчунин асосҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи мамлакатҳо низ муайян мекунанд. Барои танзим ва идоракунии раванди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ то имрӯз дар кишварамон санадҳои зерини меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ мегарданд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»(2015с)[7],  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи милии илмҳо»(2021с)[8], «Дар бораи ҳуrуrи муаллиф ва ҳуrуrҳои вобаста ба он» (1998с)[9] ва ғайра. Агар аз ин мавқеъ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, пас ба осонӣ метавон мушоҳида намуд, ки мафҳуми «мактаби илмӣ» дар онҳо мавқеи муносиби худро алҳол пайдо накардааст ва ишора ба он дар таркиби мафҳуми «коллективҳои муваққатии илмӣ» омадааст. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аслан мафҳумҳои «коллективҳои муваққатии илмӣ» ва «субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию таҳқиқотӣ»-ро бо аломатҳои онҳоро муайянкунанда ҷой додааст. Таърифи мафҳумҳои зикршуда ба таври зайл баён гардидааст:
- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, ки фаъолияти асосии онҳо ба кашфиёти илмӣ ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва (ё) илмию техникӣ равона шудааст;
- коллективи муваққатии илмӣ – иттиҳодияи ихтиёрии шахсони воқеӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалигардонии фаъолияти илмӣ бо тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномавӣ таъсис дода мешавад;
  Тибқи ин таърифдиҳиҳо таснифоти коллективҳои муваққатии илмӣ дар шакли зерин баён шудааст: «Кормандони илмӣ (муҳаққиқон), муҳандисию техникӣ ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд, инчунин олимоне, ки мустақилона фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро амалӣ менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мебошанд”.
Дар сурате, ки “мактаби илмӣ” бевосита дар таснифоти коллективҳои илмӣ мавқеи муносиби худро пайдо накардааст, пас воқеист, ки дастгирии заминаҳои ташкилию фаъолияти қонунии он, рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии ин гуна коллективҳои илмӣ ҳамчун субъектҳои мустақили фаъолияти илмӣ низ пурра муайян нашудааст. Инро дар иқтибоси зерини қисми 4 моддаи 10 Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дидан мумкин аст: “Ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ кафолат дода мешавад. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) истифодаи дастҷамъиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд”.
Ба андешаи мо мактабҳои илмӣ ҳамчун иттиҳодияҳои дастаҷамъонаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дорои баъзе аломату сифатҳое мебошанд, ки дар баробари умумият доштан бо коллективҳои дигари фаъолияти илмӣ инчунин аз онҳо фарқи зиёд доранд[10]. Аломату сифатҳои мазкури мактабҳои илмӣ ҳамчун иттиҳодияҳои дастаҷамъонаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар шакли зерин зоҳир мегарданд:
  • ҳузури шахсияти илмие, ки фаъолияташ амсоли нуқтаи меҳварӣ барои муттаҳидсозии мавқеъу дидгоҳҳои назариявӣ ва раҳнамунсозии интихоби равишҳои хоси ҷустуҷуи илмии муҳити алоҳида имконият фароҳам меорад;
  • мавҷудияти фазою муҳити муайяни назариявие, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ тавассути дастгоҳи мафҳуму истилоҳоти хос ва дидгоҳҳои вижаи назариявӣ замина мегузорад;
  • мавқеи муштараки аъзоёни умумияти дастаҷамъонаи пажуҳишӣ оид ба шаклҳои ҳаллу тавзеҳи масъалаҳои мубрами илмӣ;
  • эътирофи муҳити илмии дохилию берунӣ аз натиҷаҳои ба даст овардаи умумияти мазкури субъекти фаъолияти илмӣ, нашри густурдаи ин дастовардҳо дар нашрияҳои бонуфуз, чопи монографияҳо, китобҳои дарсӣ, татбиқи кашфиётҳо ва ғайра;
  • кӯшиши идомаи анъанаи хоси пажуҳишии умумияти мазкури таҳқиқотӣ тавассути тарбияи шогирдон, баргузории маҳфилҳои илмӣ, ширкат дар нишастҳои илмии байналмилалӣ;
  • узвият дар академияҳо, гурӯҳҳои коршиносии сатҳи эътирофшудаи илмӣ, ҳайати таҳририяи нашрияҳои бонуфуз ва муқарризии рисолаю асарҳои таҳқиқотӣ.
  Аз ин ҷиҳат метавон қазоват кард, ки мактабҳои илмӣ яке аз рукнҳои муҳими муҳитҳои илмӣ ба шумор рафта, барои ташаккули анъанаҳои беҳтарини пажуҳишӣ замина мегузоранд. Дар бораи ин масъала ҳарчанд дар хориҷ олимони зиёде изҳори назар додаанд[10], вале дар кишвари мо чунин талошҳои таҳлили илмшиносӣ камтар ба назар мерасад. Бинобар ин барои вусъат додани уфуқҳои дарку иттилооти ҷомеаи илмӣ аз ин масъала зарурияти таҳқиқоти амиқи минбаъда ва истеҳкоми асосҳои меъёрии ҳуқуқии чунин субъектони фаъолияти илмӣ муҳим аст.
   Дар хулоса мехоҳам зикр намоям, ки барои ташаккули минбаъдаи мактабҳои илмӣ ва истифодаи иқтидори зеҳнии онҳо дар самти тарбияи олимони ҷавон андешидани чорабиниҳои зерин муносиб ба назар мерасад:
  • дар қаринаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи фаъолияти илмӣ ҷой додани муқаррароти хос марбут ба мактабҳои илмӣ;
  • дар низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ пешбинӣ намудани афзалиятҳои муайян барои лоиҳаҳои аз ҷониби мактабҳои эътирофшудаи дорои анъанаҳои пажуҳишӣ;
  • дар мавриди ба узвияти АМИ ҶТ пазируфтани олимон мавриди назар қарор додани нақши онҳо дар ташаккулу рушди мактабҳои илмӣ;
  • дар мавриди баррасию додани унвону дарҷаҳои илмӣ ва ташкили гурӯҳи коршиносон ба нақши номзадҳои мавриди назар дар ташаккули анъанаҳои эътирофгаштаи пажуҳишӣ, тарбияи мутахассисон эътибори ҷиддӣ додан.
 
Усмонзода Х.У. ,
 
д.и.ф., проф., сарходими  илмии
 Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ  АМИТ
  
Адабиёти истифодашуда:
 
  1. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар,21 майи соли 2012. // Садои мардум, №68-69(4330-4331), 22 майи соли 2021
  2. Маннгейм К. Избранное произведение. – М., 2013
  3. Криворученко В. К. Научные школы — важнейший элемент науки // URL: http://www. mosgu.ru/nauchnaya/school/
  4. Устюжанина Е. В., Евсюков С. Г., Петров А. Г., Казанкин Р. В., Дмитриева М. Б. Научная школа как структурная единица научной деятельности. Препринт #WP/2011/280. — М.: ЦЭМИ РАН, 2011.
  5. Школы в науке: сборник / под ред. С. Р. Микулинского, М. Г. Ярошевского, Г. Кре­ба, Г. Штейнера. — М.: Наука, 1977.
  6. Кун Т. Структура научных революции.  — M., 1975.
  7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»(2015с)// https://tnu.tj/index.php/tj/onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-faolijati-ilm-va-sijosati-davlat-oid-ba-ilmu-tehnika/
  8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳо Тоҷикистон» (2021с)// https://www.ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/2020-02-18-17-02-25/item/1054- қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-академияи-миллии-илмҳои-тоҷикистон.html.
  9. «Дар бораи ҳуrуrи муаллиф ва ҳуrуrҳои вобаста ба он» (1998с)// http://mmk.tj/contеnt /дар-бораи-ҳуқуқи-муаллиф-ва-ҳуқуқҳои-вобаста-ба-он
  10. Грезнева О. Ю. Научные школы (педагогический аспект). - М., 2003.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia