casino malaysia
casino malaysia
Нақшаҳо барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистон

wrapper

(Перомони Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
 
  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии муассире анҷом доданд, ки вобаста ба мақсаднокӣ ва муҳимияти муҳтавои худ дар радифи муроҷиатҳои расмӣ ва Паёмҳои ҳамасолаи Роҳбари давлат ба мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар ҷойгоҳи хосса дорад. Дар ин суханронии Сарвари давлат масоили рушду инкишофи назарраси кишвар дар марҳилаи муайяни даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор гирифта, ояндаи наздик ва дури он боэътимод ва некбинию устуворӣ пешбинӣ гардидааст.
  Пешвои муъазами миллат дар муқаддимаи суханрониии худ, бо изҳори миннатдории самимӣ аз мардуми шарифи Тоҷикистон,  бори дигар хотирнишон намуданд, ки ҳанўз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштанд. Албатта, ин ҳолат эҳтирому садоқат ва эътимоди комили Роҳбари давлатро нисбати мардуми кишвар бозтоб менамояд, ки дар ҷодаи ваҳдату ягонагии мардум, суботи ҷомеа ва устувории давлат нақши муассир дорад. 
Роҳбари давлат дар асоси мушоҳидаҳои воқеӣ аз он, ки дар кишвар дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ ду чорабинии муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва хусусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият баргузор гардид, изҳори ифтихору қаноъатмандӣ намуда, ин падидаи некро шаҳодати вуҷуд доштани фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳисобиданд. 
  Сарвари давлат аз амалҳои тайи ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат хусусан, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар, бо нишондодани далелҳои воқеӣ ёдовар шуда, расман таъкид намуданд, ки бо вуҷуди ҳама дастовардҳои зикргардида, мо ҳанӯз дар оғози марҳалаи бисёр муҳимми рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем.
  Бо ҳамин маром Роҳбари давлат некбинона пешбинӣ намуданд, ки дар ҳафт соли оянда бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва тамоми имкониятҳо мо бояд ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардем, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшида, ба кишвари транзитӣ табдил диҳем.  
Пешваои миллат дар ин муддат нздик шудан ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва густариш додани раванди саноатикунонии босуръатро, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, шарти муҳим арзёбӣ намуданд.
  Дар ин росто, Сарвари давлат тавассути вусъат бахшидани татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нисбат ба имрӯз беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумро зарур ҳисобида, сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда бадани ҳар як фарди кишвар бо самимият эълон доштанд.
  Гузашта аз ин, дар ин суханронии худ Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар ҳафт соли оянда дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ – бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад.
Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” саҳми Тоҷикистонро дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардонида, дар кишвар барои рушди “иқтисоди сабз” заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад. 
  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари фарҳангпарвар ва пуштибон аз арзишҳои моддию маънавии инсонӣ дар ин суханронии худ, бодарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, идома додани ислоҳотро дар ин самт ва таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро, инчунин минбаъд низ баланд бардоштани мақоми омӯзгорро дар ҷомеа ба мақсад мувофиқ донистанд.
  Дар ин росто, Пешвои миллат фарҳангро ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум эълон дошта, таъкид намуданд, ки дар ҳафт соли оянда ҷиҳати рушди маънавиёти ҷомеа, забони давлатӣ, фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, барои истеъдодҳои ҷавон шароити арзанда муҳайё мешавад.
  Президенти кишвар чун дар дигар баромадҳои расмии худ дар суханронии мазкур низ, ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон махсус таваҷҷуҳ намуда, ба ин соҳа ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа доданро мувофиқи мақсад донистаанд. Дар ин ҷода, дар ҳафт соли оянда бо дастгтрии ҳамаҷониба намудани ташаббусҳои созандаи ҷавонон, ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ намудани як силсила тадбирҳои иловагиро зурур ҳисобиданд.
  Бо ин манзур, Пешвои миллат қайд намуданд, ки масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон ва дар ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ҷобаҷо намудани онҳо дар сархати фаъолияти мо қарор хоҳад дошт.
 Роҳбари Олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидани Тоҷикистонро расман қайд намуданд. Дар ин ҷода Сарвари давлат густариш додани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳои олам ва пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин, шарикони стратегӣ, тавсеаи робитаҳо бо онҳоро ҷиҳати таъмин намудани манфиатҳои миллии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва бо дарназардошти воқеиятҳои даврони муосир дар чорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аз иқдомҳои ояндаи ҳукумати кишвар муайян намуданд.
  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори бо таҷриба вазъи ҷаҳони муосирро дар заминаи далелҳои воқеӣ мушаххасан мавриди таҳлил қарор дода, иброз доштанд, ки шиддат гирифтани рақобату бархӯрдҳои тиҷоратӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, вусъат пайдо кардани терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар миқёси сайёра собит месозад, ки инсоният ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир осебпазир аст ва ба тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ ниёз дорад.
  Роҳбари Олии давлат бо масъулияти баланди ҳимоят намудан аз Конститутсия ва қонуният дар суханронии худ қайд намуданд, ки  волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба сифати вазифаи асосии давлат боқӣ мемонад.
Бодарназардошти ҳамин муҳтаво Роҳбари давлат тазакур доданд, ки амалишавии мақсадҳои стратегӣ – корҳои созандаву ободгарона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад.
 Сарвари давлат аз вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ёдрас шуда, иброз доштанд, ки ин ҳолат моро водор месозад, ки сохтор ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро такмил диҳем, заминаҳои моддиву техникии онҳоро тақвият бахшем ва омодабошии доимии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва амнияти давлату ҷомеа таъмин созем.
  Президенти мамлакат бо эътимоди комил иброз доштанд, ки нақшаҳои барои ҳафт сол пешбини намудаи Роҳбарияти Олии кишвар, ки дар ин суханронӣ ҳувайдо гардид, барои рушди устувори бемайлони Тоҷикистони азизамон заминаи мустаҳакам мегузоранд.
Бо изҳори қадршиносӣ ва ибрози ахди ҷавонмардӣ Пешвои муаззами миллат хулоса намуданд. ки имрӯз низ бо эътимоди қавӣ рисолати худро дар мансаби Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда танҳо бо пуштибонӣ ва такя ба халқи азиз идома медиҳанд ва тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшанд.
  Бо чунин мақсадҳои наҷибу созанда, рўҳияи баланди ватандустӣ   ва эътимоду боварии шикастнопазир Пешвои муаззами миллат суханронии пурмуҳтавои худро бо мароми «Тоҷикистон, ба пеш! Ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт» ҳусни анҷом бахшиданд, ки ин матлаб барои ҳар фарди баномуси меҳан шиори аввалин хоҳад буд.
 
Сангов Тоҷиддин
ходими илмии ИФСҲ  АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia