casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Табрикот ба муносибати 8-уми март – иди Модарон

   Роҳбарият ва ҳайати кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми кормандони муассисаро аз зумраи бонувони илмпарвар ба муносибати фарорасии Иди Модар - рӯзи 8-уми март табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгору хонаи обод, зиндагии бардавому пур аз шодиву нишот таманно менамояд. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хонадони ҳар яки Шумо ва тамоми занону модарони тоҷик ҳамеша ҳукфармо ва ҳаёти ҳамарӯзаатон ҳамчун гулҳои баҳори имрӯз дар Ватани маҳбубамон фарорасида доимо шукуфон бошад! Бигузор хизматҳои Шумо дар рушди илмҳои фалсафа, сиёсӣ ва ҳуқуқ мавриди арҷгузории наслҳои имрӯзу фардои миллат ва тамоми ҷаҳон бошад! Муфассал ...

Зеботарин гули дунё ту ҳастӣ Модар!

 
  Имрӯз фурсатест, ки дар оғӯши Зан-Модари меҳрубон аз гузашта ва айёми кӯдакии худ ёдовар шавем ва ба ёд орем, ки ҳеҷ осмон ба андозаи меҳрубонии Модар фарох нест ва дар фарҳанги меҳрубонӣ ҳарфе арзишмандтар аз «Модар» нест. Симои покизае, ки дар ин даврони парешон пайдо мешавад, табассуми модар аст. Модаре, ки зеботарин лаҳзаҳои умрашро барои фарзандонаш курбон мекунад. Муфассал ...

Ҷойгоҳи хоси модар дар рушди тафаккури инсон

  Модар – сарчашмаи ҳастӣ аст. Тамоми буду набуди инсон ба он вобаста аст, ки аввалин хиштҳои ҳастии инсон аз тарафи модар чи гуна гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар модар аввалин меъмори ҷисм ва қалбу рӯҳи инсон аст. Модар аввалин нафарест, ки бо тифл аз оғоз бе забону бо забон ба таври мустақим гуфтугӯ мекунад ва ба саволу ниёзҳои кудаконаи ӯ бо меҳр посух медиҳад. Ин модар аст, ки барои тифли хурд ҷаҳони бузургро мекушояд, дар замири тифл дунёи навро меофарад, ва баъдан аввалин шуда ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии инсонро парвариш ва ташаккул медихад. Дар ин маврид гуфта мешавад, ки аввалин мураббии фалсафа ҳам барои инсон модар аст. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia