casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Нақши қонунгузории миллӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки модар таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дорад (б. 1 моддаи 34). Аз ин рӯ, сиёсати ҷорӣ дар самти таҳкими оила, таъмини ҳифзи манфиатҳои модар ба қонуни асосии мамлакат асос ёфта, баҳри ташаккули ҷомеаи солим ва таҳкими арзишҳои оилавӣ равона гардидааст.
  Дар айни замон фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии вазъи моддии оилаҳо, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таваллуди кӯдакон ва ғайра нигаронида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соди 2022 чунин қайд намуданд: “Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”. Муфассал ...

Мақоми Зан - Модар дар ҷомеаи суннатии тоҷикон

  Воқеан мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар аз ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
  Дар ҷомеаҳои ориё Зан-Модар ҳамеша мақоми хосро дошта, дар баробари мард дар зиндагии ҳаррӯза фаъол буд.
  Дар дини ислом низ мақоми Зан-Модар хеле воло шинохта шуда, асосан ду ҳадис ривоят карда шудааст, ҳадиси саҳеҳ, ки дар он Паёмбар таъкид кардааст, ки «Ҳурмат кунед модаратонро, ҳурмат кунед, модаратонро, ҳурмат кунед модаратонро, баъд аз падаратонро» ва «биҳишт зери қудуми модарон аст». Ин ва дигар андеша аз мақоми баланди Модар дар ҷамоаи суннатии ниёгони мо ҳикоят доранд. Муфассал ...

Зан – Модар –маъвои зиндагист!

 Якшаба ранҷе, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

  Вожаи зан аз нигоҳи решакобӣ мазмуни зиндагиро дорад. Ин ду вожа дар раванди таърихи инсоният ҳамсангу ҳамнаво будаанд. Зан-Модар ҳамвора дар натиҷаи муборизаи мудаввом барои офариниши зиндагӣ бо дарду ранҷ ва ҳатто марг дасту панҷа нарм мекунад ва чун қоида аз болои онҳо ғолиб мебарояд. Мояи хушбахтист, ки ҳоло дар ҷомеаи мо ва давлати миллии мо баръакси баъзе аз давлатҳои ҳамсояву ҳамзабони мо ба қадру қимати зан-Модар ба хубӣ мерасанад, ҳаққи кору таҳсили духтарону занонро замонат медиҳанд ва онро ба зери суол намегузоранд.  

Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia