casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт…(ибрози андеша оиди бузургии модар)

   «Мо ба азму ирода ва маъсулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо маъсул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем»  Эмомалӣ Раҳмон
   Зан-Модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замин ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар як лаҳзаи зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад.
  Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзандон мебошад, зеро роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст. Худованд ба зан -модар қудрате ато намудааст, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад. Муфассал ...

Ҷойгоҳи модар дар рушди тафаккури кудак

  Тамоми буду набуди инсон аз он вобаста аст, ки аввалин хиштҳои ҳастии инсон аз тарафи модар чи гуна гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар модар аввалин меъмори ҷисм ва қалбу рӯҳи инсон аст. Модар аввалин нафарест, ки бо тифл аз оғоз бе забону бо забон ба таври мустақим гуфтугӯ мекунад ва ба саволу ниёзҳои кудаконаи ӯ бо меҳр посух медиҳад. Ин модар аст, ки барои тифли хурд ҷаҳони бузургро мекушояд, дар замири тифл дунёи навро меофарад, ва баъдан аввалин шуда ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии инсонро парвариш ва ташаккул медихад. Дар ин маврид гуфта мешавад, ки аввалин мураббии фалсафа ҳам барои инсон модар аст. Зеро маълумоти аввалинро дар бораи ҳастии беканор ба тифл модар медиҳад. Муфассал ...

Об барои рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо

  Тоҷикистон ҳамчуни кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, махсусан масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Як қатор иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидаанд, ки обрӯю эътибори давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд гардонида, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд. Айни замон ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 амалӣ мегардад. Ҳамзамон 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” қабул намуд, ки ифтихори ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид Фонди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфтаст. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia