casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Муқовимат бо терроризм – омили суботи ҷомеа

    Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён омад. Воқеияти сиёсии олами мутамаддин нишон дод, ки фазои сиёсии ҷаҳон доимо дар тағйирот ва ҳаракат аст. Дар натиҷаи таъсири омилҳои глобализатсионӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, дар ин раванд хеле  васеъ гардида ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Хатари масъалаҳои глобалӣ дигар на ба манфиат ва амнияти як давлат балки ба ҳамаи башарият мерасад. Манфиатҳои миллӣ ба манфиатҳои ҷаҳонӣ ва амнияти миллӣ ба амнияти сайёравӣ табдил меёбанд. Дар ин раванд давлатҳое, ки аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ қафомонда ё заиф ҳастанд, зери таъсири давлатҳое мемонанд, ки дорои ҳамаи ин қудратҳоянд. 
Терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният  боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур истифода мегардад. Муфассал ...

Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон)

 
  Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Ин нукта чун ҳарвақта дар Паёми имсола низ аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад” [3]. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ гузошта, рушди маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дониста, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо соҳаи мазкурро дастгирӣ менамояд. Муфассал ...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми зан дар ҷомеа 

   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. Дар ин самт аҳамияти хосатан муҳими амалиро масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавии занон ишғол намуд.
  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки Соли 2024 дар Тоҷикистон  «Соли маърифати ҳуқуқи» эълон  карда шавад, ҳадафи тасмими  ин масъала маърифати ҳуқуқи  эълон гардидан дар он мебошад, ки «барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ, бунёди давлати демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун» ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.    Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia