casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Паёми Президент сарчашмаи омӯзиш ва татбиқи Конститутсия

  Дар мақолаи мазкур муаллиф кушиш кардааст, ки ба таносуби  Конститутсияи ҶТ ва Паёми Президенти ҶТ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷўмҳурӣ аз назари нав эътибор дода, дар бораи бо якдигар дар пайванди амал кардани онҳо чанде андешаҳои худро баён намояд. Таҳлили якчанд Паёми Президент дар солҳои охир ба муаллифи мақола асос додааст, ки тарзи гузориш, таъинот ва мазмуни Паёмҳои мазкурро равшан намуда, алоқамандӣ ва мусоидати онро барои амалӣ намудани меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия қайд намояд. Дар ҳар як Паёми Президенти ҶТ масъалаҳои рушди фаъолияти қонунгузорӣ, асоснок танзим намудани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, такмили Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ  дар робита бо рушди ҳаёти ҷомеа ва давлат асоснок қайд карда мешаванд.  Дар асоси омўзиш ва таҳлили ҳардуи ҳуҷҷатҳои муҳимтарини сиёсӣ-ҳуқуқии мазкур дар мақола қайд ёфтааст, ки онҳо сарчашмаи пайдоиш ва мукаммалгардии якдигар мебошанд. Дар Ҷашни сисолагии Конститутсияи ҶТ ҷалб кардани эътибори махсус ба амалӣ кардани талаботи он ва таъмини рушди қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи омўзиш ва риояи қонунҳо ва соли 2024 –ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудан  аҳамияти чуқури илмию амалӣ дорад.

Муфассал ...

Таҳаммулпазирӣ ҳамчун принсипи ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ ва шахсӣ

   Дар ҳазораи сеюми таърихи милодии инсоният тараққиёти илмӣ-техникии ҷамъияти инсонӣ ҳамчунон босуръат давом дорад. Инсоният ба шарофати нерӯи бузурги ақлонӣ ва кашшофию ихтироъкорӣ тавонист табиати ваҳширо ба худ ром намуда, аз неъматҳо ва сарватҳои он ба манфиати худ истифода барад. Тасаввур кунед, ки ҳазор сол қабл ниёгони мо чӣ гуна шароити моддию маишӣ доштанд, аз кадом воситаҳои меҳнат истифода мебурданду мо насли имрӯза чӣ гуна шароити моддию маишӣ дорем ва аз кадом воситаи меҳнатӣ истифода мебарем.

Муфассал ...

Таҳдиду хатари ифротгароиву терроризм ба ҷомеаи Тоҷикистон

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Дар садсолаи нав масъалаи ифротгарои ва терроризм на танҳо мушкилии як давалти алоҳида, балки монеа ва хатар ба љомеаи љаҳонӣ ба шумор меравад. Инро метавон бо фаъолияти миқёсан васеи онҳо дар солҳои охир ва фаротар аз мансубияти миллию давлатии онҳо асоснок кард. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia