casino malaysia
casino malaysia
Паём ҳамчун баёнгари манфиатҳои миллӣ ва идеяҳои созанда

wrapper

  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими муаррификунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар он дастовардҳои миллии мо таҳлилу баррасӣ гардидаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Паёмҳои Президенти кишвар ҳамеша таҳаввулоти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд. Паёмҳо ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ, мақсадҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии кишвар равона шуда, дар ҳалли мушкилоти гуногуни дохиливу берунии кишвар нақши муҳим доранд.
 Қайд кардан ба маврид аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити боз ҳам муташанниҷ гардидани вазъи сиёсию геополитикии ҷаҳони муосир, густариши терроризми байналмилалӣ ва зуҳури таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин рў, дар Паём на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, ки асоси онҳоро манфиатҳои геополитикӣ ташкил мекунад, дарҷ гардиданд.
 Президенти кишвар вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кушиш намоем. Пешвои миллат нақши сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва зиёиёнро дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои сиёсии муосир бузург медонад. Албатта, ин таъкиди Президенти кишвар ба маврид мебошад, зеро ҷаҳони муосир бархӯрду мушкилоти  пурпечутобе дорад, ки ҳар лаҳза ин бархӯрду муносибатҳо тағйирпазир буда, инсониятро пешорӯйи интихоби мушкил қарор медиҳанд. Махсусан, рақобатҳои бузурги саҳнаи сиёсати байналмилалӣ амнияту оромӣ дар ҷаҳонро халалдор намуда,  як қатор хатару таҳдидҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ монеа эҷод менамоянд. Дар ин замина, танҳо кишварҳое ваҳдати худро мустаҳкам нигоҳ медоранд, ки самти дуруст ва устувореро дар масири сиёсати дохиливу хориҷии худ интихоб кардаанд. 
  Бояд гуфт, ки Паём ифодакунандаи чор ҳадафи стратегии мамлакат - баромадан аз  бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ буда, инчунин, самтҳои асосии сиёсати давлатдории миллӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва ҳимояи манфиатҳои миллиро мавриди арзёбӣ қарор додааст.
Дарвоқеъ, Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳаётан муҳими рушди давлат буда, дар он вазифаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба тарзи дақиқ муайян гардиданд. Ногуфта намонад, ки дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, ваҳдату ягонагӣ ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд. 
Пешвои миллат дар Паём рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказиро яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
  Ҳамзамон, Пешвои миллат оид ба эътидол овардани вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намуданд.
  Бояд гуфт, ки мавқеи Президенти кишвар ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум аст. Хусусан, дар ироаи Паёми навбатиашон Ҷаноби Олӣ чунин таъкид намуданд: “Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд”. Албатта, ин пешниҳоди Президенти Тоҷикистон имрӯз ҳам ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ  хоҳад монд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилӣ, инчунин, дар Паёмҳои худ оид ба мушкилотҳои глобалии замони муосир пешниҳодҳои судмандеро баён менамоянд, ки мавриди таваҷҷуҳ ва ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.
 Махсусан, дар Паёми навбатӣ  Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст”. Сарвари давлат муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.
  Бояд гуфт, ки меҳвари суханронии Президентро дар Паём идеяҳои ваҳдату худшиносӣ, худогоҳию  ҳушёрии сиёсӣ  чун рамзи созандагӣ ташкил медиҳад. Пешвои миллат таърихи пурифтихори халқи тоҷикро  мактаби бузурги худшиносӣ номида, онро ҳамчун асос барои тарѓибу ташвиқи ғояи ватандӯстӣ дар равандҳои глобализатсионӣ донистанд.
  Ба андешаи Пешвои миллат “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.” Воқеан, рамзи бузург ва оммавият доштани Паёмҳои Президент  ваҳдату ҳамгироӣ ва  ободкориҳои миллат мебошанд, ки онро аҳли ҷомеа ҷонибдорӣ  менамоянд.
  Қайд кардан ба маврид аст, ки Паёми Пешвои миллат дар шароите ироа гардид, ки Тоҷикистон дар раванди баргузории маъракаҳои бузурги сиёсӣ қарор дорад. Баргузории интихоботи парламентӣ ва президентӣ аз ҷумлаи он мебошад. Ҳамчунин, раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мегардад. Албатта, мавқеъи фаъол доштани шаҳравандони мамлакат дар чунин ҳамоишҳои сатҳи бузург барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми сиёсию байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Тавре, ки дар Паём омадааст: ”Минбаъд низ ба мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард”.
  Воқеан ҳам Паём равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, дар амал татбиқ намудани муқаррароти он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати дохилию хориҷӣ хоҳад буд. Албатта, ба воқеият табдил ёфтани нақшаҳои бузурги дар Паём гузошташуда сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Месазад, ин ҳуҷҷати баёнгари манфиатҳои миллиро на танҳо мавриди омўзиш қарор диҳем, балки идеяҳои созандаи онро дар консепсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва рисолаҳои илмӣ таҳлилу таҳқиқ намоем.
 
Фазилат Саидова  
 
ходими илмии Шуъбаи масоили
сиёсии муносибатҳои байналмилалии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
 ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia