casino malaysia
casino malaysia
Ҷаҳонбинии илмӣ таъмини рушд мебошад

wrapper

   Нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори умум (10 феврали соли 2020, соати 9.00, Маркази ҷумҳуриявии матбуот)Нишастро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон хушҳол аст. Номбурда муфассалан аз фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар соли 2019 ҳисоботи мухтасар пешниҳод намуд.

   Корманди АМИТ "Ховар" Мавҷуда Анварӣ дар ҷараёни суол-посух иштирок карда, аз ҷашни "Тиргон" пурсид. Ҳангоми баёни посух Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки тибқи маохиз Тиргон ҷашни даъвати борон аст ва ба фасли тобистон рост меояд.
   Ба суолҳои рӯзноманигор Елена Батинкова директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов ҷиҳати пешгирӣ аз раванди обшавии пиряхҳо посух дод.

3.8.jpg - 137.74 KB

    Рӯзноманигор аз ширкати "Россия - сегодня" Фахриддини Холбек суолгузорӣ намуд, ки теъдоди се-чаҳор нафар кормандони илмии АИ ҶТ ба ҷурми ҳамкорӣ доштан бо созмони террористии "Ихвон-ул-муслимин" боздошт шудаанд ва ин рухдодро хоҳиш намуд шарҳ дода шавад. Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ин мавзӯро шарҳ дода, қайд намуд, ки ҳанӯз мо аз муассисаҳои қудратии кишвар мактубе ё худ иттилооте ҷиҳати маҳкумшавии се корманди АИ ҶТ нагирифтаем. Фақат медонем, ки се нафар боздошт шудааст.
      Рӯзноманигор Зарангез Гурдакова суол кард, ки чаро илм ба таври зарурӣ таблиғ намешавад.

3.9.jpg - 199.08 KB

     Раҳимӣ иқрор намуд, ки ҷаҳонбинии илмӣ бо сабаби дилбохтагии динию мазҳабӣ кам таблиғ мешавад, чунки аксар шаҳрвандон дар банди хурофот гирифторанд. Дар чунин авзоъ мо бояд беш аз пеш ба илм ва дастовардҳои он рӯ оварем.

Бознашр: https://anrt.tj/tj/khabar-o/1344-a-onbinii-ilm-ta-mini-rushd-meboshad

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia