casino malaysia
casino malaysia
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқи принсипҳои адолати иҷтимоӣ дар давлати иҷтимоӣ

wrapper

 Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла  сабт гардидааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки стратегияи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро муайян мекунад, дар баробари масъалаҳои муҳим ба ғанишавии сифати давлати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст.
 Дар Паёми Пешвои миллат бо далелҳои қавӣ нишон дода шудааст, ки дар марҳилаи кунунии рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои таъмини ҳамаҷонибаи ҳаёту фаъолияти шоистаи аҳли ҷомеа заминаю имкониятҳои зарурӣ фароҳам сохта шудааст. Паёми навбатии Пешвои миллат бори дигар мардуми кишварро мутмаин мегардонад, ки ҳадафи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини некўаҳволии мардуми кишвар равона карда шудааст, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрўз захираю имкониятҳои зарурӣ дорад ва метавонад барои саодати ҷомеа масъулияти муайяни иҷтимоиро ба дўши худ гирад. Сардори давлат дар ин бобат чунин иброз карданд: «Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд». Нерў ва захираҳои воқеиро ба асос гирифта, Пешвои миллат Ҳукуматро вазифадор намуданд, ки «дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд».
  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои татбиқи принсипҳои адолати иҷтимоӣ фароҳам овардани шароити хуби зиндагии шаҳрвандон, амалисозии қобилияту истеъдоди намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, баробарии имкониятҳои шаҳрвандон, таъмини сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоии онҳо чораҳои мушаххас меандешад.  Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ ва адолатпеша дар давоми 7 соли охир барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа корҳои назаррасро анҷом додааст ва минбаъд низ ин кори хайрро давом хоҳад дод. Чунончи, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.
  Зери  сарпарастии давлати иҷтимоии мо 700 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон қарор доранд. Муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон низ аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд.  Дар давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо ва дар соли 2019 аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо кардани беш аз 102 миллион сомонӣ кумакпулиҳо барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз он далолат мекунад, ки гуманизм ва адолати иҷтимоӣ принсипҳои муҳимтарин ва ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошанд.
  Расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷмандро Пешвои миллат кори хайр ва ибратомўз арзёбӣ намуда,  даъват намуданд, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша дар чунин амалҳои хайру савоб шарики фаъоли сохторҳои давлатӣ бошанд. Давлат пайваста тадбирҳо меандешад, ки маблағҳои буҷетӣ самараноку суроғавӣ истифода гардида, табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз онҳо бархурдор бошанд.
  Чуноне, ки Сарвари давлат қайд намуданд, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби буҷети давлат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.
  Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда мешавад.       
  Амалӣ гардидани чунин иқдоми нек имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.
  Бо пешниҳоди Пешвои миллат, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар, аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда мешаванд. Инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.
  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои сиёсати иҷтимоии давлат барои солҳои минбаъда асоснок карда шуда, амалӣ сохтани тадбирҳои аниқ бешбинӣ гардидааст. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба ҳидоятҳои Президенти мамлакат пайравӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи Пешвои миллат фаъолияти худро пурсамар хоҳад кард.  
 
 
 
Назар Муъмин Абдуҷалол
 
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови
Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia