casino malaysia
casino malaysia
Эълони ишғоли вазифаҳои холӣ

wrapper

ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСИ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии мудирон ва кормандони илмии шуъбаҳои зерини Институт озмун эълон менамояд:
  1. Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин:
- мудири шуъба - 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи фалсафаи фарҳанг:
- мудири шуъба - 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи онтология, гнесеология ва мантиқ:
- мудири шуъба - 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ:
-мудири шуъба - 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи ҳуқуқи байналмиллалӣ:
- ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой;
 
  1. Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ:
- Ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
 
 
Талабот барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмӣ:
-барои ишғоли вазифаи мудири шуъба, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими калони илмӣ доштани дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат ё номзади илм, доктори фалсафа аз рўи ихтисос (PhD) дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
-барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
-на кам аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-доштани корҳои нашршудаи  илмӣ вобаста ба самти фаъолияти шуъба.
 
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба унвонии директори Институт;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-4 адад акси андозаи 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи диплом дар бораи таҳсилотӣ олии касбӣ;
-нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-нусхаи гувоҳномаи РИС (СИН)
 
Довталабон метавонанд ба нишонии зерин муроҷиат намоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 33, ИФСҲ АМИТ, ҳуҷраи 2.
Телефонҳо: (+992) 221-56-89, (+992) 221-77-96.
E-mail: info@ifppanrt.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рўз баъди чопи эълон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia