Шуъбаи сотсиология ва шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ рӯзи 17 майи соли 2024 конференсияи
байналмиллалии илмӣ- амалиро дар мавзуи «Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ» баргузор менамояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
- Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон;
- Назария ва методологияи омӯзиши институти оила дар шароити муосир;
- Нақши оила дар пешравии ҷомеа;
- Заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди оила дар шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дурнамои институти оила ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Оила - асоси ташаккулёбии сармояи иҷтимоӣ дар Тоҷикистони муосир
- Тағйирёбии институти оила дар ҷомаи муосир;
- Нақши оила дар ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон;
- Нақши институти оила дар рушди сармояи инсонӣ;
- Асосҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии масъалаҳои оилаҳои муосир дар Тоҷикистон;
- Оила ва масъалаи муҳоҷирати меҳнати дар Точикистон: мушкилот ва дурнамо;
- Стратегияи миллӣ-давлатии Тоҷикистон оид ба оила.
Талаботи пешниҳоди маърузаҳо дар шакли мақола
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи - 14;
- сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят, баробаркунии матн аз тарафи рост;
- сатри дуюм - номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм - матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ - 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд;
- ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулҳо бояд дар таҳриргарӣ «Формула» сохта шаванд).
- ҳамаи маърӯзаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ, ва англисӣ бошанд.
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 1 майи соли 2024 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзӯъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда нашудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводҳое, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то санаи 10 майи соли 2024 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шаванд.
Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, шуъбаи сотсиология. Тел.: 93 508 68 78
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.