casino malaysia
casino malaysia
Идеологияи сиёсӣ (дастури таълимию илмӣ)

wrapper

  Дастури таълимию илмии мазкур ба омўзиши масъалаи идеология ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятию сиёсӣ бахшида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки идеология неруи қудратмандест, ки ба ҷомеа таъсири назаррас дошта, метавонад ҷиҳати ба ҳам омадани қувваҳои гуногун ва сафарбарии онҳо баҳри ба даст овардани мақсадҳои дар пеш гузошташуда, нақши босазо дошта бошад. Шинохти моҳияти идеологияҳои классикӣ, омўзиши роҳҳои ташаккулёбӣ ва мақсаду вазифаҳои онҳо дар шароити пуртаззоди имрўза аҳамияти муҳимми илмию назариявӣ дорад.

  Дастури мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи Консепсияи "Амнияти идеологӣ ҳамчун омили таҳкими амнияти миллӣ дар Тоҷикистон”, ки аз Фонди президентӣ оид ба таҳқиқотҳои бунёдӣ маблағгузорӣ мешавад, пешниҳод мегардад.

  Дастури таълимию илмии мазкур барои донишҷўёни зинаи бакалавр, магистрантҳо, аспирантҳо ва дигар нафароне, ки ба масъалаҳои сиёсатшиносӣ, сотсиология ва идеологияи сиёсӣ таваҷҷўҳ доранд, тавсия дода мешавад.

  Мураттибон:
Муҳаммад Абдураҳмон - доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви пайвастаи АМИТ;
Мағфират Хидирзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор
 
Муҳаррири масъул:
Ибодов М. - доктори илмҳои фалсафа, профессор
 
Муқаризон:
Мирзоев Г. - доктори илмҳои фалсафа
Миралиён К. - доктори илмҳои сиёсӣ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia