casino malaysia
casino malaysia
Мактуби иттилоотӣ

wrapper

  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки  рӯзи 26 апрели соли 2022 бахшида ба 25 – солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва неруи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
  • Самтҳои асосии рушди сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Ҳуқуқи иҷтимоӣ – асоси рушди сиёсати иҷтимоии давлат
  • Неруи инсонӣ: мафҳум, нишониҳандаҳо ва тамоюли рушди он
  • Рушди неруи инсонӣҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Нақши таҳсилот дар ташаккули нерӯи инсонӣ
  • Омилҳои рушд ва татбиқи неруи инсонӣ дарТоҷикистон
  • Омилҳои ҳуқуқии рушди неруи инсонӣ дарТоҷикистон
  • Рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он дарТоҷикистон
  • Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани фақри шадид
  • Масъалаҳои рушди синфи миёна дар Тоҷикистон
  • Таъмини тандурустии аҳолӣ ҳамчун омили рушди неруи инсонӣ
  • Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷамъият
  • Нобаробарии гендерӣ – монеаи рушди неруи инсонӣ
  • Сармояи иҷтимоӣ ва неруи инсонӣ ва ғайра.
Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
Макони баргузории конференсия: Толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи илмӣ чоп мешавад. Ҳангоми омода намоии матни мақолаҳои илмӣ бояд талаботҳои зерин риоя карда шаванд:
  • саҳифаи А4, ҳошияҳо аз  тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;
  • таҳриргарҳои MSWORD 2003-2007, ҳарфҳои шакли Times New Roman, Times New Roman Тj, ҳаҷми ҳарфҳо 14 кегл;
  • фосилаи байни сатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
  • рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
  • ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд;
  • ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 10 саҳифа зиёд бошад;
  • Ҳамаи маърӯзаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ, ва англисӣ бошанд.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба самтҳои муайяншуда ном ва матни маърӯзаҳоро то 15 апрели соли 2022 ба суроғаи мо ирсол намоед:
  • Суроғаи мо: 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ (Шоисматуллоев Ш. ва Зиёӣ Х.)
  • Телефон барои тамос: (+992) 93-508-68-78.
  • E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Мактуби иттилоотӣ Паёми табрикотӣ »

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia