casino malaysia
casino malaysia
Паёми шодбошӣ ба муносибати 70-умин солгарди зодрӯзи устод Саидумар Адинаевич Раҷабов!

wrapper

   Роҳбарият  ва ҳайати ходимони илмӣ, кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ  мудири Шуъбаи ҳуқуқи  байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор устод Раҷабов Саидумар Адинаевичро бо ҷашни фархунда – 70-умин солгарди зодрӯзашон табрику таҳният намуда, ба ӯ саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиҳои нави илмию эҷодиро орзуманд аст.
  Раҷабов Саидумар Адинаевич 1 сентябри соли 1951 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
  Соли 1966 мактаби миёнаро хатм карда, соли 1972 шӯъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Запорожйеи Украинаро бо баҳои аъло хатм кардааст.
  Солҳои 1973-1974. дар қисми ҳарбии 91026 округи ҳарбии Карпати ИҶШС дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1974-1977 муаллими забони англисӣ дар мактаби миёна буд.
  Солҳои 1977-1998 дар ниҳодҳои амнияти давлатии ИҶШС ва ҶТ кор кардааст. Рутбаи ҳарбӣ - полковники эҳтиётӣ.
  Солҳои 1987-1990 дар аспирантураи рӯзонаи Мактаби олии КАД ИҶШС дар Маскав таҳсил карда, моҳи апрели соли 1991 рисолаи номзадии илмҳои ҳуқуқро ҳимоя кардааст. 1992-1998 муовини аввали ректор оид ба корҳои таълимӣ ва асосгузори Мактаби олии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
  Аз сентябри 1998 то декабри 2003 ба ҳайси мудири кафедраи забони англисии Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон кор кардааст.
  Соли 2002 унвони илмии дотсентро гирифт. Аз январи 2004 то майи 2005 - Роҳбари лоиҳаи Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳ дар Тоҷикистон (UNTOP).
  Аз моҳи июни соли 2005 то охири соли 2006 ӯ ҳамоҳангсози миллии барномаи TEMPUS оид ба дастгирии ислоҳот дар системаи таҳсилоти олии касбии Дирексияи генералӣ оид ба маориф ва фарҳанги Комиссияи Аврупо буд.
  Аз моҳи апрели соли 2006 то ҳоло мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.
 Соли 2008 дар Тоҷикистон аввалин шуда рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқ аз рӯи ихтисоси 12.00.10 – “Ҳуқуқи байналмилалӣ. Ҳуқуқи аврупоӣ” дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (Москва) ҳимоя кардааст.      Профессори кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи муқоисавии ДСРТ. Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, 32 монография, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, луғатҳо.
 Таҳқиқотҳои илмии С.А. Раҷабов ҳафт самтро дар бар мегирад: 1) Проблемаҳои актуалии ҳуқуқи байналмилалии муосир; 2) Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ; 3) Низоъшиносӣ; 4) Омили исломӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ; 5) Масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ; 6) Проблемаҳои ҳуқуқии байналмилалии об ва экология; 6) Забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ.
Профессор С.А. Раҷабов дар омода намудани кардҳои илмӣ нақши босазо дорад. Зери роҳбарии ӯ Абилов С.А., Ҷабборов Ф.Н., Назаров Д.Қ. рисолаҳои номзадии худро бомуваффиқият ҳимоя намуданд, унвонҷӯён Раҳмонзода Ш.Қ. ва Маҳмадова Н.А. дар арафаи ҳимоя қарор доранд, Ҳољибоев А., Мирзоева Н.С., Шодибекова Ш., Љўрабоев Ҳ.М. бошанд, рисолаҳои илмӣ таҳия намуда истодаанд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia