casino malaysia
casino malaysia
Нашрияи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ»

wrapper

   Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дар  нимсолаи аввали соли 2021    ду шумораи маҷаллаи «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон»-ро бомуваффақият  нашр намуд.
   Нашрияи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи   миллии илмҳои  Тоҷикистон» маҷаллаи академӣ буда, дар он натиҷаҳои таҳқиқоти рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ нашр мегарданд.
   Маҷалла дар Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ба қайд гирифта шудааст ва марҳила ба марҳила ба Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) дар бораи мақолаҳои нашршудаи шумораҳои маҷалла маълумот пешниҳод менамояд. Бойгонии электронии маҷалла ҳам дар сомонаи расмии маҷалла ва ҳам дар Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (Китобхонаи илмии электронӣ eLIBRARY.RU) ҷойгир карда шудааст. Маҷалла дорои рақами стандартии байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN0235-005X).
   Маҷалла айни замон сомонаи расмии худро дорад, ки дар он бойгонии маҷалла, қоидаҳои қабули мақола, тартиби тақриздиҳӣ ва дигар маълумотҳо дар бораи маҷалла ҷойгир карда шудааст: www.izvestiya.ifppanrt.tj 
   Самтҳои илмию таҳқиқотӣ ва мавзӯоти маҷалла:
   Дар соҳаи илмҳои фалсафа: онтология ва назарияи маърифат, таърихи фалсафа, фалсафаи илм ва техника, фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, фалсафа ва таърихи дин, антропологияи фалсафӣ, фалсафаи дин ва диншиносӣ.
   Дар соҳаи илмҳои сиёсӣ: назария ва фалсафаи сиёсат, таърих ва методологияи илмҳои сиёсӣ, институтҳои сиёсӣ, равандҳои сиёсӣ, технологияҳои сиёсӣ, муносибатҳои байналхалқӣ,  низоъшиносӣ. 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia