casino malaysia
casino malaysia
Олими намоён ва кашшофи ҳуқуқи соҳибкорӣ

wrapper

 Чанд сол муқаддам банда бахшида ба шастсолагии дӯст ва ҳамкасби гиромӣ, Раҳимзода Маҳмад Забир ибрози андеша намуда, барояшон умри дарозу ба корҳояшон комёбиҳо таманно намуда будам, ки ҳам акнун даҳ сол сипарӣ гаштаасту эшон ба камолоти ҳафтодсолагӣ расидаанд.
Хушнуд аз онам, ки ҳамкасби азизам, олими пурмаҳсул ва ватанпарвар, кашшофи ҳуқуқи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон Маҳмадҷон Раҳимзода пайваста барои рушди илми ҳуқуқши­носиву мукаммалсозии қонунгузории кишвар саҳми арзанда ва назарраси худро хастанопазирона мегузорад.
Ҳамкасби гиромии мо дар оилаи хоксору нексиришт ва меҳнатдӯсту ватанпарвар ба воя расидааст.
Раҳимзода Маҳмад Забир соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, дар ҳамон ҷо ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва баъди азнав ташкилкунии кафедраи мазкур дар кафедраи «Ҳуқуқи меҳнатӣ ва қонунгузории хоҷагӣ» фаъолият намудааст.
Ӯ пайваста таъкид менамояд, ки “ҳусну зебоии маънавии инсон дар ҳар давру замон дар меҳнат ифода меёбад. Меҳнат шахсро ба қуллаҳои иззату ҳурмат, эҳтиром, обрӯ ва шуҳрат расонида, соҳиби касбу ихтисос ва манзалату бо қадру ҳиммат мегардонад”.
Маҳз ҳамин ғоя ва донишу дарки малакаи баланди касбиаш буд, ки Маҳмад Раҳимов соли 1985 дар Донишгоҳи давлатии Мас­кав ба номи М.В. Ломоносов рисолаи номзадиро зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор В.А. Ойгензихт дар мавзӯи «Иҷ­рои мутақобилаи уҳдадориҳои шартномавии ҳуқуқи гражданӣ дар байни корхонаҳои сотсиалистӣ» бо муваффақият дифоъ намуда, со­ҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва аз 15 июни соли 1987 сазовори унвони дотсентӣ гардидааст.
Байни ёру дӯстон ва ҳамкасбон М.Раҳимзода ҳамчун шахсияти дорои муоми­лаи хуб, маърифати баланди инсонӣ, ақлу заковат ва фитрати ко­мил муаррифӣ гардида, инсони дорои хулқу атвори накӯ, зебоипа­растӣ ва шахси усулӣ байни олимони соҳа эътибори хоссаро касб намудааст. Шахсоне, ки боре ҳам бо ӯ ҳамнишин шуда, сӯҳбате ороста бошанд, пайхас кардаанд, ки ин шахси соҳибмаърифат баҳ­ри ташаккули илми муосири ҳуқуқ дар мамлакат саҳми арзандаи худро гузоштааст ва мавқеи худро дорост.
Тӯли 50 сол аст, ки Маҳмадҷонро мешиносам ва аз овонисолҳои донишҷӯӣ бо ӯ дӯстиву ҳамкорӣ дорам, марди шариф ва олими пурмаҳсул аст. Бори нахуст шиносоии ман бо ин марди наҷиб ҳанӯз соли 1975 дар маҳфили «Сивилист»-и кафедраи ҳуқуқи гражданӣ оғоз ёфта, то ба имрӯз дӯсту ҳамнишин мебошем.
Ҳамроҳ бо ин марди накӯкор дар факултети ҳуқуқшиносии До­нишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ фаъолият намуда, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи таълимӣ аз дастгириву мадади ҳам­дигар истифода мекардем ва ҳамеша кӯшиш менамудем, ки ин бор­гоҳи илму маърифат тарбиятгари кадрҳои баландихтисос бошад.
Фаъолияти хуби омӯзгорӣ ва ташкилотчигиашро ба инобат гирифта, ӯро соли 1985 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин мекунанд ва ӯ ин вазифаи пурмасъулро то соли 1993 ба зимма дошт. Соли 1994 ба сифати мудири кафедраи «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ»-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 2000 дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқии ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ» рисолаи докториро ҳимоя намуда, сазовори унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидааст.
Соли 2010 бо фармони Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Россия сазовори унвони илмии профессор гардидааст. Соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ӯ аз зумраи он олимонест, ки солҳои тӯлонӣ барои рушди соҳаи ҳуқуқи ватанӣ, ташаккули қонунгузории миллӣ ва тарбияи шогир­дони лоиқи давру замон кӯшиш ба харҷ дода, бо сифатҳои неки ин­сонӣ ба мисли хоксориву накӯкорӣ дар байни ҷомеа соҳиби обрӯву эҳтироми хосса гардидааст.
Соли 2000 Раҳимзода М.З. бо таври худпешбарӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 9 ноҳияи А.Рӯдакӣ, интихоб шуд. Такроран соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи зикршуда интихоб гардид. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Раҳимзода М.З. ба ҳайси Раиси комиссияи Маҷлиси Намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунияти консти­тутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ, узви комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумо­нии Авру Осиё ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ фаъолият намудааст.
Маҳорати касбии ӯ ҳангоми вакили мардумӣ буда­наш баръало зоҳир гашта, бобати таҳия ва пешниҳоди қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа ҳамеша кӯшиш менамуд. Вобаста ба ин ҳамчун аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коркард ва таҳияи қисмҳои 1, 2 ва 3 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ», қонунҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дарбораи судҳои ҳакамӣ» ва ғайра саҳмгузор мебошад.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ҳангоми ва­килиаш лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои са­ҳомӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи хо­ҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми 1 Кодекси граж­дании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳоро ба Маҷлиси намоян­дагон пешниҳод намуд, ки онҳо имрӯз мавриди амал қарордошта, дар раванди ташаккули муносибатҳои иқтисоди бо­зоргонӣ дар асоси рақобати озод ҳамчун заминаи муҳими ҳуқуқӣ баромад менамоянд.
Ҳамчун вакили мардумӣ ҳамеша кӯшиш кардааст, ки манфиат­ҳои аҳолиеро, ки ба ӯ бовар карда, ба ин мансаби пурифтихор ҳи­доят намудаанд, ҳифз намуда, доимо дар ҳалли мушкилиҳои онҳо мадад расонад. Бо онҳо мунтазам суҳбату вохӯриҳо доир намуда, шарики хурсандиву хушҳолии онҳо буда, баҳри иҷрои ҳама гуна дархосту пешниҳодҳои мардум, ки ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона гардида буданд, тамоми маҳорату малакаи вакилии хешро истифода менамуд.
Минбаъд Раҳимзода М. З. бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 июни соли 2009 ба вазифаи Директори Маркази милли қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар ин вазифаи масъулиятнок  то соли 2018 фаъо­лият намуда, дар барқароршавӣ ва ташаккули ин муассисаи нав­ташкил, ки яке аз вазифаҳои асосии он такмили қонунгузории мил­лӣ, ва татбиқи самараноконаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, саҳми арзанда гузоштааст.
Дар Марказ таҳти роҳбарии бевоситаи Раҳимзода М.З. Кон­сепсия ва барномаҳои инкишофи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикис­тон, аз он ҷумла “Консепсияи дурнамои инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 қабул кардашуда, дар асоси он шаш Барномаи давлатӣ оид ба соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Дар Марказ инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, 31 октябри соли 2013 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Инчунин, таҳти сарварии ӯ ин муассисаи давлатии илмии тад­қиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар як муддати кӯтоҳ ба дасто­вардҳои муҳим ноил гардид.
Профессор Рахимзода М.З. вобаста ба муаррифии рушду так­мили қонунгузории кишвар дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Душанбе, Алмато, Тошкент, Маскав, Санкт-Петербург, Рига, Уфа, Берлин, Бремен, Токио, Танзания, Эрон, Брюсел, Ҷакарта, Сидней ва ғайраҳо ширкат намуда, суханронӣ кардааст.
Саҳми ӯ ҳамчун ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, ҳуқуқши­носӣ ботаҷрибаю кордон ва дорои малакаи баланди касбӣ дар таҳ­кими қонунияти конститутсионӣ, ташаккули низоми қонунгузории ватанӣ ва пояҳои ҳуқуқи миллӣ равшан намоён буда, саъю талош­ҳои ӯ баҳри пешрафти Ватани азизамон сазовори ҳама гуна эҳтиро­му ситоиш ва қадрдонист.
Ҳамзамон, профессор Раҳимзода М.З. узв ва аъзои як қатор Шӯроҳо фаъолият намудаанд, аз ҷумла узви Шӯрои машваратӣ-илмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шурои диссертатсионии ҳуқуқи хусусии Донишгоҳи (славиянӣ) Россия ва Тоҷикистон, узви Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ (славянӣ), узви Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҳимояи рисолаҳои доктории назди Донишгоҳи гуманитарию ҳуқуқии Қазоқистон, узви Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар соҳаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия.
Ҳамзамон, ба ҳайси муовини раиси Суди ҳакамии Маркази байналмилалии оид ба ҳалли баҳсҳои назди Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои мустақил аз соли 2005 то 2020 фаъолият кардааст. Ҳамзамон, Раҳимзода М.З. Раиси Шӯрои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқшиносӣ фаъолият намудаанд.
Бояд қайд кард, ки яке аз хислатҳои инсониву хоксорӣ ва илмдӯстии профессор Раҳимзода дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳамаи зинаҳои фаъолияти пурмасъули худ риштаи таълиму омӯзгориро канда накарда, пайваста бо донишгоҳу донишҷӯён мебошад.
Дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияии миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода М.З. самаранокона ба фаъолияти эъҷодӣ машғулшуда, зиёда аз 450 рисолаи илмӣ, китобҳои дарсию васоити таълимӣ-ме­тодӣ, тафсирҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ эъҷод намудааст. То ба имрӯз 76 асар, аз ҷумла 15 монография, 12 китоби дарсӣ, 25 таф­сири кодекс ва қонунҳо, 25 китоб ва васоити таълимӣ нашр намуда­аст. Аз ҷумла, бо қалами ӯ ва ё дар ҳаммуалифи китобҳои зерин ба нашр расидаанд:  Избранные труды по гражданскому и предпринимательскому праву (2014); Тех­никаи қонунгузорӣ. Монография (2016); Правовой статус без вести пропавщих по законодательству Республики Таджикистан. Моног­рафия. ( 2014); Афкори хирадмандона оид ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳда­дориҳои инсон. (2017); Фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон: назария ва танзими ҳуқуқӣ. Монография. (2018); Пробле­маҳои мубрами ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моног­рафия. (2019); Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ: назария ва танзи­ми ҳуқуқӣ. (2023); Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Китоби дарсӣ. (2005); Ҳуқуқи гражданӣ. Китоби дарсӣ. қ. 1. (2006); Ҳуқуқи гражданӣ қ. 2. Китоби дарсӣ. (2007); Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Китоби дарсӣ барои синфи 8. (1995, 2008, 2014, 2017-2023); Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Китоби дарсӣ ба­рои синфи 9. (2018-2023); Ҳуқуқи соҳибкории Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. (2021); Ҳуқуқи манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. (2022); ва дигар асарҳоро эъҷод намудааст, ки на танҳо дар байни ҳуқуқшиносони касбӣ, балки дар байни шахсоне, ки ба проблемаҳои мубрами хислати ҳуқуқидошта дар ҳаёт дучор меша­ванд, маъруфият пайдо кардаанд.
Бобати таҳия ва эҷоди китобу асарҳои илмӣ хусусан бо забони давлатӣ, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон камчин буданд, банда дар ҳамкорӣ бо Маҳмад Раҳимзода аввалин китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфҳои 8 ва 9-ро бо забони давлатӣ, ки барои таълиму тарбияи ҳуқуқшиносони касбӣ ва ҷавонони кишвар аҳамияти муҳим дорад, рӯи чоп оварда, мавриди истифодаи ҳамагон пешниҳод намудем.
Зимни таҳияи ин китоби дарсӣ бо дӯсти гиромӣ Маҳмадҷон соатҳои тӯлонӣ вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи мавзӯъҳо баҳсҳои доманадор ва муҳокимаву мулоҳизаҳои таърихию фалсафӣ мекардем ва кӯшиш менамудем, ки китобе таҳия гардад, ки бо дарназардошти талаботи замон оммафаҳму содда бошад. Баъди баҳсҳои тӯлонӣ оқибат ҳамфикр гардида, онро бо қалам меовардем. Маҳмадҷон ҳамеша андешаву ақидаҳои ҷолиби диққатро пешниҳод намуда, барои ҷустуҷӯи маъхазҳои муосир, ки барои таҳияи китоб зарур буданд, кӯшиш менамуд. Ин як масъулиятшиносии хосси М. Раҳимзода аст, ки ин ҷо фарзи мисол овардем.
Китоби дарсии мазкур бо таҳриру илова панҷ маротиба нашр гардида, соли 2020 сазовори ҷоизаи давлатии Абӯалӣ Ибни Сино дар соҳаи илм ва техника гардид. Имрӯз, хушбахтона қариб сӣ сол мешавад, ки ин китобҳои дарсӣ дар хизмати ҷавонони мамлакат қарор доранд.
Имрӯзҳо яке аз ҳадафи асосии Маҳмад Раҳимзода дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбияву ба воя расонидани насли ҷавонони бохираду соҳибмаърифат мебошад, ки аз илми муосири ҳуқуқ бархӯрдор бошанд, кӯшиш намуда, дар муносибат бо дастпарварони худ хеле ҳалим, хоксор ва фурӯтан мебошад. Пайдост, ки хоксорию фазилати тавозӯъпешагии ӯ ин ҳама аз маърифату идроки баланди инсо­нии мисли Маҳмад Забирович барин инсонҳо маншаъ мегирад. Барои ӯ ҳамчун муаллиму мураббӣ ҳамеша ба ҷавонон дасти ёрӣ дароз кардан ва дониши худро аз онҳо дареғ надоштан одати ҳамешагӣ ва фитрӣ мебошад. Ва имрӯз дастпарварони Маҳмадҷон дар тамоми соҳаҳои мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, чи дар мамлакат ва берун аз он кору фаъолият намуда, намунаи устоди хеш мебошанд. Бояд қайд намоем, ки Раҳимзода М. З. мактаби илмии «Таҳқиқоти проблемаҳои ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкорӣ»-ро таъсис додааст. Ва барои чунин фаъолияти густурда М.Раҳимзодаро кашшофи ҳуқуқи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ном барем, хато нахоҳем кард.
Раҳимзода М. З. таваҷҷуҳӣ зиёдро дар фаъолияти кории худ ба тайёр намудани олимони ҳуқуқшиносӣ ҷавон медиҳад. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи докторӣ ва 17 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Дар айни ҳол, Раҳимзода М. З. Узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Бюрои Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ, узви Комиссия оид ба ҷоизаи ба номи М. Осимии АМИТ, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии “Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовид­динови АМИТ. Силсилаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ”, “Қо­нунгузорӣ”, “Маҷаллаи академии ҳуқуқ”, “Ахбори Донишгоҳи давлатии бизнес, сиёсат ва ҳуқуқ”, инчунин  “Юридическая наука: история и современность” ва “Правовая экономика” Федератсияи Россия буда, дар кори онҳо ширкати фаъолона дорад.
Раҳимзода М.З. инчунин профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва Арбитри Арбитражи байналмилалии назди Палатаи савдою саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҳмад Раҳимзода барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софди­лона ва дастовардҳои илмӣ соли 1993 бо унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», соли 2004 бо «Ордени «Иттиҳод»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, соли 2011 бо Медали 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, соли 2020 сазовори ҷоизаи давлатии Абуали Ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва ифтихорномаю ме­далҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст.
Умед аз он аст, ки ин марди соҳибкасбу бофарҳанг ва соҳибмактаб минбаъд низ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ рисолатишаҳрвандии худро ба дарки масъулият дар ҷодаи такмили низомиқонунгузории ватанӣ, ташаккули илми ҳуқуқи муосир ва тарбияишогирдони соҳибтаҷрибаву донишманд идома бахшида, ҳамчунходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ ба нафъи ҷомеа ва давлатхизмат менамояд.
Бо орзуву таманниёти нек, дӯсти азизам, ки дар мақоми камолоти устодӣ ва олимӣ ҳастанд, дар татбиқи нақша ва ниятҳояш, ки ба рушди Ватани маҳбубамон ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллии он равона гардидаанд, барояшон саломатӣ, рӯзгори босаодат, умри дароз ва бозёфту парвозҳои боз ҳам баландтари илмиро орзу менамоям.
 
 
 
Маҳмудзода Маҳкам Азам,
академики АМИТ, доктори
илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон

 

Матни шарҳи шумо…

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia