Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт,
Бо эҳтирому самимият фарорасии Иди Қурбонро, ки аз ҷумлаи арзишмандтарин суннатҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ба ҳамаи шумоён табрик менамоям.
Иди Қурбон таҷассумгари фазилатҳои инсонӣ, аз қабили меҳру шафқат, ҳамдигарфаҳмӣ, саховатмандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ мебошад.
Моҳияти асилу инсонпарваронаи ин иди саид мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳидоят менамояд.
