Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз,
Сокинони сарбаланди пойтахт!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсозест, ки 6 ноябри соли 1994 аз ҷониби мардуми хирадсолори тоҷик бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Қабули Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, роҳи ояндаи кишвари соҳибистиқлолу демократии моро муайян намуд.
