Skip to main content

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН!

Ҳамватанони азиз кормандон ва ҳамкорони гиромӣ!

Бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза Шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон — Меҳргон, табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо саломатӣ, бахту саодат, рӯзу рӯзгори пурнур ва барори кор таманно менамоям.

Меҳргон яке аз суннатҳои неки фарҳанги ориёист, ки реша дар таърихи ҳазорсолаи мост ва ифодагари эҳтиром ба заҳмати инсон, некӣ, меҳру муҳаббат, ва шукронаи неъматҳои табиат мебошад. Он ҷашнест, ки мардумро ба дӯстӣ, меҳрубонӣ, ҳамзистии осоишта ва қадрдонии заҳмати кишоварзону деҳқонон даъват мекунад.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои фарҳангии ниёгонамон аз нав эҳё ва зинда гардонида шуданд. Имрӯз Меҳргон ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ ва рамзи ваҳдату ҳамбастагӣ, меҳру садоқат ба Ватан таҷлил мегардад.

Ин ҷашни муборакро ҳамчун рамзи шукрона аз сулҳу субот, рӯзгори осоишта ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёрамон гиромӣ дорем ва талош намоем, ки бо меҳнату садоқати самимӣ ба рушди илм, фарҳанг ва ҷомеаи инсонгаро саҳми худро гузорем.

Бори дигар, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни Меҳргон самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осоишта, дили гарму нияти пок ва дастовардҳои тоза орзу менамоям.

Бо камоли эҳтиром, Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123