Skip to main content
Табрикот

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ 08.09.2025

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.

Табрикот

Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромиқадр ва муҳаққиқони муҳтарам!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихори баланд, ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари озодӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад, самимона табрик менамоям!

Санаи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз муқаддастарин ва сарнавиштсозтарин ҷашнҳои миллии мо, дар тақвими давлатдорӣ мақоме арзишманд дорад.

Табрикот

Раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза Шумо Буризода Эмомалӣ усоди азизро ба муносибати қадрдонии меҳнати софдилона ва сазовор гардиданатон ба мук

Раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза Шумо Буризода Эмомалӣ усоди азизро ба муносибати қадрдонии меҳнати софдилона ва сазовор гардиданатон ба мукофоти давлатии "Корманди шоиста" табрик мегӯяд.

Ин дастовард нишонаи арзандаи заҳматҳои пайваста, масъулиятшиносӣ ва садоқати Шумо ба арзишҳои миллӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Табрикот

Устодону кормандон ҳайати магистрантон ва докторантону унвонҷӯёни азиз!

Ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтирому мамнуният ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки ҳамасола бо Дарси сулҳ оғоз меёбад, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон дар ҷодаи пурифтихори илму дониш музаффариятҳои пайдарпай ва пешрафту муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Чун анъана ҳамасола Рӯзи дониш дар кишвар ҳамчун рамзи садоқату муҳаббат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба илму донишу хирад ва омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То

Табрикот

ҶОИЗА МУБОРАК!

Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Саидзода Фазилат Саидамир, номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии шӯъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институтро ба муносибати сазовор гардидан ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои ҷавонон дар соҳаи илм, техника ва инноватсия самимона табрик менамояд.

Ин дастоварди шоиста натиҷаи заҳматҳои пайваста, таҳқиқоти арзишманд ва саҳми назарраси Шумо дар рушди илму маърифат дар Тоҷикистони а

Табрикот

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Сокинони шарафманди пойтахт!

Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ аз бузургтарин дастовардҳои давлатдории навини мо маҳсуб меёбад, ки ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ 27-уми июн бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мешавад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони ватандӯсти кишварамонро самимона табрик менамоям!

Табрикот

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Кормандони муҳтарам ва ҳамватанони азиз!

Бо камоли шодмонӣ фарорасии иди саиди Қурбонро, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусалмони мо мебошад, воқеан бар маромҳои инсондӯстиву мурувват ва ваҳдату меҳрубонӣ бунёд ёфтааст, бароятон табрику таҳният мегӯям.

Иди Қурбон барои мардуми шарафманди мо иди садоқат, имон, шафқат ва саховатмандӣ мебошад. Дар ин рӯз кулли мусулмонони кишвар ва дунё ғизо ва туҳфаҳоро бо фақирону ниёзмандон тақсим намуда, моҳияти ҳамбастагӣ ва кӯмаки башардӯстонаро таъқид месозанд.

Табрикот

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 22.05.2025

Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар!

Соҳибони фардои Ватан!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол санаи 23-юми май дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи муқаддаси ватансозиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем.

Subscribe to Табрикот
23121