БОНУЕ ДАР ТАЛОШИ ИЛМУ ҲИКМАТ
Ин бонуи меҳнатқарин, солиёни зиёд дар риштаи фалсафаи Академияи илмҳо кор ва фаъолият менамояд, ки бо садоқат ба илму маорифи Ватан дар тарбияи ҷавонони тоҷик, махсусан самти магистрантону аспирантон саҳми зиёд гузоштааст.
Зимни фаъолияти чандинсола ва заҳматҳои зиёдаш дар байни ҳамкорон бо ахлоқи ҳамида ва ҷиддияташ сазовори эҳтиром гардидааст. Бинобар ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардидааст.
Иброҳимова Садбарг Ҳадиятулоевна номзади илмӣ фалсафа, ходими калони илмӣ, зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ дорад. Би қатори ин мақолаҳои илмӣ «Аҳамияти онтологӣ ва гносеологӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии фалсафӣ», «Баъзе масъалаҳои маърифатӣ ва ахлоқӣ дар ҷаҳони муосир», «Масъалаҳои онтологӣ ва гносеологӣ дар фалсафаи муосир», «Ахлоқ ҳамчун ҷузъи таркибии ҷаҳонбинии фалсафӣ, «Ҷойгоҳи ахлоқ дар таълимоти Абу Мансури Мотуридии Самарқандӣ». Соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Аз соли 2010 ба ҳайси котиби илмӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда, ҳамзамон дар маҷаллаи «Ахбор»-и Институт ба ҳайси масъули таҳиягар фаъолият намудааст. Соли 2011-2021 дар вазифаи мутахассис доир ба кор бо аспирантон ва унвонҷўён кору фаъолият кардааст.
Рисолаи номзадиашро 18-январи соли 2019 дар Шурои диссертатсионии ВАК-и Россия, дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Андешаҳои ахлоқӣ аз нигоҳи Абумансури Мотуридӣ” аз рўи ихтисоси 09.00.03-таърихи фалсафа дифоъ намудааст.
Муаллимаи мўҳтарам Садбарг Иброҳимоваро бо рўзи зодрўзаш табрику таҳният намуда, дар фаъолияти ояндаи илмияш муваффаққиятҳои зиёдро орзу менамоем!
