Skip to main content

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳамватанони гиромӣ, муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Рӯзи Ғалаба яке аз саҳифаҳои пурифтихор ва ҳамзамон пурдарди таърихи инсоният ба шумор меравад. Ин санаи муқаддас рамзи матонат, фидокорӣ, ватандӯстӣ ва иродаи шикастнопазири халқҳоест, ки баҳри ҳифзи озодӣ, адолат ва шарафи инсонӣ ҷоннисорӣ намуданд.

Бо гузашти даҳсолаҳо аҳаммияти таърихӣ ва маънавии ин рӯз боз ҳам амиқтар эҳсос гардида, мардумро ба сулҳу ваҳдат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ ҳидоят месозад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мудҳиштарин фоҷиаҳои асри XX буда, миллионҳо одамони бегуноҳро қурбон кард ва осори талхи он то имрӯз дар хотираи башарият боқӣ мондааст.

Дар ин набард фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон низ паҳлӯ ба паҳлӯи дигар халқҳои шуравӣ ҷонфидоӣ намуда, барои ҳимояи Ватан ва озодии инсоният қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Номи неку корномаи онҳо ҳамеша дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад монд.

Мардуми Тоҷикистон на танҳо дар ҷабҳа, балки дар ақибгоҳ низ намунаи олии фидокорӣ ва меҳнатдӯстиро нишон доданд. Занону пиронсолон ва ҷавонон шабонарӯзӣ заҳмат кашида, барои таъмини ғалаба тамоми неру ва имконияти худро сафарбар менамуданд. Маҳз чунин руҳияи устувор, ваҳдату ҳамбастагӣ ва муҳаббат ба Ватан омили асосии пирӯзӣ бар неруҳои аҳриманӣ гардид.

Имрӯз вазифаи муқаддаси мо пос доштани хотираи неки шаҳидон, эҳтироми собиқадорон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот мебошад. Зеро сулҳ неъмати бузург ва пояи асосии рушди давлату ҷомеа аст.

Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни сиёсиву маънавӣ рӯбарӯст, таҷрибаи таърихӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва суботи ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар фарди бедордил мебошад. Маҳз бо такя ба хиради азалӣ, фарҳанги сулҳпарварона ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавон ҷомеаи орому пешрафта бунёд намуд.

Бо ифтихор аз корномаҳои фарзандони шуҷои миллат, ҳамаи Шумо собиқадорони гиромӣ, аҳли илму маориф ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, рӯзгори осуда, саодати хонаводагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳи ҷовидона, ваҳдати пойдор ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Рӯзи Ғалаба муборак бод!

Бо камоли эҳтиром,

Директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови

АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121