ЧАНД СУХАН ПЕРОМУНИ МАЗМУНИ ФАЛСАФИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДӮСТӢ
Фалсафаи ваҳдати миллӣ бар ғояҳои ҳувияти миллӣ ва ҳадафи ягонаи миллӣ асос ёфта, барои таъмини ҳамбастагӣ ва ягонагии байни гурӯҳҳои мухталифи дохили миллат мусоидат мекунад. Он аксар вақт ҷидду ҷаҳди бошууронаро барои бартараф намудани тафовутҳои таърихӣ, мустаҳкам намудани ҳисси мансубияти миллӣ ва ба манфиати миллат муқаррар намудани максадҳои умумиро дарбар мегирад. Ваҳдати миллӣ ба раванди истиқрори ҳувият ва ҳамбастагии умумӣ дар байни мардум дар дохили як миллат, аксар вақт тавассути истифодаи муштараки забони миллӣ ва сохторҳои фарҳангӣ ишора мекунад.
