САДОҚАТУ ҶОННИСОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ КОХИ ВАҲДАТ
Ҷомеаи инсонӣ шахсиятҳоеро рўи кор овардааст, ки бо зуҳурашон дар саҳафоти таърих аз рўи рисолати худ тавассути хирад, истеъдоду салоҳияти хеш на танҳо нақши муҳим гузоштаанд, балки таҷрибашон ин намунаи пайравии дигарон хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат аз зумраи чунин шахсиятҳои таърихӣ мебошад, ки бо фаъолияти пурсамари сиёсию фарҳангии худ дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлоли саҳифаҳои нави хотирмонро кушода, бо таҷрибаи сиёсии хеш намунаи ибрати сиёсатмадорони ҷаҳон гардидааст
