САДОҚАТУ ҶОННИСОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ КОХИ ВАҲДАТ
Ҷомеаи инсонӣ шахсиятҳоеро рўи кор овардааст, ки бо зуҳурашон дар саҳафоти таърих аз рўи рисолати худ тавассути хирад, истеъдоду салоҳияти хеш на танҳо нақши муҳим гузоштаанд, балки таҷрибашон ин намунаи пайравии дигарон хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат аз зумраи чунин шахсиятҳои таърихӣ мебошад, ки бо фаъолияти пурсамари сиёсию фарҳангии худ дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлоли саҳифаҳои нави хотирмонро кушода, бо таҷрибаи сиёсии хеш намунаи ибрати сиёсатмадорони ҷаҳон гардидааст.
Оғози корнамоии Пешвои миллат
Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи пурталотуму пурмоҷарои сиёсӣ ва мушкили иҷтимоӣ фаъолияти худро оғоз намуд. Ў фаъолияти роҳбарии сиёсиро аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки дар санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, шурўъ намуд. Дар ин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Таърих собит намуд, ин интихоб дар Иҷлосияи воқеан тақдирсоз будааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти тозаинтихоби Иҷлосияи 16-ум барои барқарор намудани Ҳукумати қонунӣ як қатор санадҳои ҳуқуқиро рўи кор оварданд, ки тавассути ин аснод кишварро аз бўҳрони иқтисодию сиёсӣ ва равонию маънавӣ бароварданд. Ҳамчунин, ин иҷлосия дар фаъолияти минбаъдаи сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим гузошт. Дар ин иҷлосия Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон гардид.
Шиори Эмомалӣ Раҳмон - «То охирин гурезаи тоҷикро барнагардонам, ором нахоҳам буд» дар ибтидои фаъолияти сарварӣ
Яке аз мушкилоти ҷиддии солҳои аввали давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ин масъалаи баргардонидани гурезаҳо аз марзи Афғонистон буд. Вобаста ба вазъияти муташанниҷи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва оғози бесарусомониҳо дар баъзе минтақаҳо зиндагии мардум умуман ғайриимкон гардид. Аз ин рў, пас аз харобазор шудани макони зиндагиашон, бархе аз сокинон аз ватани бобоии худ фирор намуданд. Албатта маълум аст, ки дар ғурбат дур аз Ватан фирориёни тоҷик азобу шиканҷаҳои зиёде кашиданд…
Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон рисолати роҳбарӣ ва қарзи инсонии худро дар он донист, ки ҳамаи гурезагони ҳамватани худро бояд ҳатман ба зодгоҳи бумии худ баргардонад. Ў бо шиори «То охирин гурезаи тоҷикро барнагардонам, ором нахоҳам буд», фаъолияти сарварии худро оғоз намуда, бо саъйю кўшиш ва заҳматҳои зиёде тамоми фирориёни тоҷикро ба ватани аҷдодиашон баргардонида, онҳоро бо лавозимоти рўзғор таъмин намуд.
Вазъияти мушкили соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии хоҷагии халқ дар Тоҷикистони тозаистиқлол
Ин марҳала дар ҳақиқат барои зиндагии мардуми тоҷик тоқатнофарсо ва номусоид буд. Вазъияти мушкили фаъолияти корхонаҳои маҳаллию деҳот, мушкилоти бе назму низомии таҳсилоти донишҷўёну хонандагони мактаб ва хароб гардидани тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта буд. Вазъияти сангини ҳаёти мардуми оддӣ то ба дараҷае расида буд, ки муҳимтарин дастрасӣ ба анвои зиндагӣ ва рўзғор барои онҳо имконнопазир гардида буд. Хосатан, баста шудани роҳҳои коммуникатсионӣ байни вилоятҳо то ба пойтахти ҷумҳурӣ низ далолат аз он мекунад, ки қаҳтию гуруснагӣ ҳамаро дунболагир шуд. Дар натиҷа, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ аз сабаби норасоии озуқаворӣ ва нокифоя будани воситаҳои рўзғор, бо пайдошавии бемории вабо одамонро ба даҳшат оварда буд. Аз рўи омор миқдори муайяни фавти одамон ба қайд гирифта шуда буд.
Барномаи стратегии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат – чор ҳадафи стратегӣ дар роҳи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ
Барои Тоҷикистони тозаистиқлолро аз мушкилоти сиёсию иқтисодӣ баровардан, ҳалли проблемаҳои зиёди иҷтимоии миллат, пурқувват намудани пояҳои Ҳукумат, Пешвои миллат барномаи стратегии сиёсати хирадмандонаи худ - чор ҳадафи стратегиро баррасӣ намуд:
1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ;
2. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ;
3. Таъмини амнияти озуқаворӣ;
4. Саноатикунонии босуръати кишвар.
Барномаи стратегии Пешвои миллат дар бораи илм ва маорифи мамлакат, қонунҳо дар бораи пешрафти сатҳи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои роҳбарии хеш ба масъалаи илм ва маориф, ки ин масъаларо «муҳимтарин масъалаи иҷтимоӣ» мешуморад, диққати зиёд медиҳад. Ў барои пешрафти илм ва маорифи мамлакат, ки омили муҳими рушду нумуи фарҳанги тоҷик ва тарбияи дурусти насли наврас, ҷавонон ва ҷомеаи тоҷик мебошад, саъйю талошҳои ҳамаҷониба менамояд. Чуноне ки Пешвои миллат овардааст: «Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолият илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад. Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст».
Бинобар ин, Президенти кишвар аз ибтидои роҳбарияшон барномаи стратегӣ - дар бораи илм ва маорифи мамлакат, як қатор асноду қонунҳо дар бораи пешрафти сатҳи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ гардонид. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон низ таъкид карданд, ки «Дар тўли се даҳсола ба илму маориф таваҷҷуҳ медиҳанд. Чунки ояндаи саодати ҷомеа аз илму маърифат вобаста аст».
Рушду пешрафти сатҳи иҷтимоии омўзгорони мамлакат мавриди таваҷҷўҳи давлат буда, маоши хизматии онҳо ҳамасола аз ҷониби сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ афзун мегардад.
Дар ин радиф, Қонуни Президенти кишвар, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омўзгор ба тасвиб расид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани шукўҳу эътибори омўзгорон, ба низом даровардани вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо нақши созгор мебозад.
Сиёсати «дарҳои кушод» - заминаи беҳтарини табодули фарҳангҳо ва пешрафти самтҳои фарҳангӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат
Аз рўи барномаи стратегии Пешвои миллат масъалаи сиёсати «дарҳои кушод» - ин нишони фарҳанги баланди дипломатӣ, муносибати хирадмандонаю дурандешона бо ҳамсоядавлатҳо, таҳаммулпазирӣ ва ҳуманизм буда, инчунин заминаи беҳтарини табодули фарҳангҳо, муносибат бо шарикони рушд ва пешрафти бисёрҷонибаи самтҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат мегардад.
Эҳёи хотираи таърихӣ ва зинда нигоҳдоштани тамаддуни ниёгони тоҷику форс
Сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳадди дурусту муназзамест, ки пайванди ниёгон ва робитаи наслҳоро таъмин намуда, эҳёи хотираи таърихӣ ва зинда нигоҳдоштани тамаддуни ниёгон, дар мисоли бузургдошти чеҳраҳое чун Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноӣ, Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом-ал-Бухорӣ, Носири Хусрав, Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров шаҳодат медиҳад.
Инчунин, пос доштан ва эҳёи фарҳанги моддиву маънавӣ, аз қабили ҷашнгирии мавзеъ ва маконҳои таърихӣ, чун 2500-солагии Ҳулбук, 5500-солагии Саразми бостонӣ, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 2500-солагии Истаравшан ва 2500-солагии Тахти Сангин аз иқдомҳое ба шумор мераванд, ки боиси рўйи кор баровардан ва ошкор сохтани мавзею шаҳрҳои дар тўли таърих ба фаромўшӣ рафта мебошад.
Пешвои миллат доимо дар ироаи гузоришҳои худ аз осори бою ғании классикон, ситораҳои тобноки илму адаб ва фарҳанги тоҷику форс панду ҳикматҳо ва мисолҳои мўъҷазе оварда, бо эҳтироми хосе ба онҳо чунин арҷ мегузорад: «Сабақҳои ибратомўзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорўямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд. Омўхтани рўйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.
Маҳз ба ҳамин хотир, ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кўлоб, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ - Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қабодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хучандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшиданд. Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷўҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст».
Мувофиқи қавли Пешвои миллат, маънавиёти ниёгони мардуми тоҷик, хотираи таърихӣ омили муҳимтарини ҳувиятсози миллӣ мебошад, ки дар побарҷо ва устувор нигаҳдории осори ниёгон, пайванди наслҳо ва эҳёи тамаддуни миллати тоҷик нақши муассир мебозад.
Махсусан, иқдомоти хирадмандонаи Пешвои миллат дар бобати нашр намудани китоби муқаддаси «Қуръон», «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик тақдим намудани ин китобҳо, далели ҳувияти воло ва арҷгузории Пешвои миллат ба муқаддасоту маънавиёти ниёгон ва хизмат ба ин миллату ватан мебошад.
Эҳсоси ҳуввияту ватандўстию Пешвои миллат
Эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ҳувияти волои Пешвои миллат ин намуна ба пайравӣ аст. Президенти кишвар доимо аз симоҳои таърихии миллати тоҷик, чун Куруши Кабир, Муқаннаъ, Спитамен, Деваштич ва Темурмалику Восеъ бо ифтихори махсус таъкид мекунанд.
Аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсоси баланди ҳуввияту ватандўстӣ бармеояд: «Ин Ватани биҳиштосоро дўст доред, онро чун амонати аҷдодамон бехиёнат ҳимоя кунед! Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо - фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сўйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд».
Пешниҳодҳои мушаххаси Пешвои миллат
Пешниҳодҳои мушаххаси Пешвои миллат дар сатҳи глобалӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими экологии сатҳи ҷаҳонӣ, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи байналмилалӣ дар самтҳои гуногуни содироту воридот ва дарёфтани шарикони рушд аҳамияти бесобиқа доранд.
Хулоса
Бо ҳамин минвол, ҳамаи саъйю талошҳо, заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ натиҷаҳои беҳтаринро ба бор оварданд.
Новобаста ба тамоми мушкилоту монеаҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сарвари давлат аз рўи хиради азалӣ ва дурбинии стратегӣ барои таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи неъматҳои Истиқлолият бо сарсупурдагию муҳаббат ба ин миллату ватан овардааст: «Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувийят ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. (саҳ.3)
Ба ғайр аз ин, миллати тоҷик аз рўи амалишавии чор ҳадафи стратегӣ дар соҳаҳои фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиёти кишвар чунин дастовардҳои арзишманд нойил гардиданд:
- Нахустин бор таҳия шудани асъори миллии тоҷикон ва бо номи бузургмардони фарҳанги тоҷик вобаста шудани онҳо: Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Нусратуллоҳ Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мирзо Турсунзода.
- Пешниҳодҳои Пешвои миллат доир ба Наврўз дар сатҳи ҷаҳонӣ;
- Эъмори нақбҳо ва роҳҳои автомобилӣ дар Тоҷикистон;
- Эъмори хати поезд байни ноҳияю шаҳрҳо;
- Пешниҳодҳои чандинкаратаи Пешвои миллат доир ба мушкилоти ҷаҳонии об;
- Пешниҳодҳои Пешвои миллат доир ба проблемаи пиряхҳо.
Саидҷафарова П.Ш., Сайфуллаев Н.М., Шамолов А.А., Усмонова З.М.,Бандалиева Ш.Н., Иброҳимова С.Ҳ.– шуъбаи онтология,
гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
