Skip to main content

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАМЗИ СУЛҲОФАРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН

Рӯзи 21.12. 2025 дар шаҳри Сангт-Петербург маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Сулҳи ба номи Лев Толстой” баргузор гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург барои сулҳу амният дар минтақаи Осиёи марказӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳақиқат Пешвои миллат, яке аз шахсиятҳои бузурги ҷаҳонианд, ки дар сулҳи пойдори на танҳо Тоҷикистону минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳодҳодҳи судманд намудаанд. Яке аз муҳимтарин хидматҳои Пешвои миллат дар минтақа ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки Пешвои миллат, ин масъаларо дар Паёми навбатиашон зикр намуданд: “Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.

“Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд”.

Дар баробари ин, Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ 23 сентябр соли 2024 ҳангоми суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Ин пешниҳоди Пешвои миллат низ яке аз масъалаҳои асосии сулҳи ҷаҳонӣ мебошад, зеро имрӯзҳо дар тамоми олам ҷони ҳазорҳо нафар дар хатар асту бар асари низоъҳои зиёд, миллионҳо нафар гуруснагӣ мекашанд, кӯдакон мефавтанду ба беҳдошт дастрасӣ надоранд, занон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ҳоли ташвишовар доранд.

Давлати Тоҷикистонро бо ин абармарди таърих на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё мешиносанд. Зеро Президенти кишвар пайваста дар форуму нишастҳои минтақавиву ҷаҳонӣ тавассути пешниҳоду ташаббусҳои созанда дар ҳалли масоили мубрами мардуми сайёра нақши калидӣ ифо намуда, кӯмаку ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамин ҷасорату фасоҳату хиради ин шахсият ҳастанд, ки ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон баҳри ободии насли башар пазируфта мешаванд.

Бо ҳамин азму иродаи матин Президенти Тоҷикистон дар Ҳамоиш сӯханронӣ намуда, боз якбори дигар ба мардуми олам ва алалхусус Осиё паёми сулҳу оромиро расонида, таъкид мекунанд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард.

Ин паёми сулҳу озодӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки мардумони баъзе аз манотиқи олам зери садоҳои тубу туфанг ва чанкҳои вирусмонанди ҷангӣ қарор дошта, афроди зиёде аз ҷумла пиронсолону хурдсолон зери зулму ситами тиру туфанги даҳшатафканону муҳоҷимон қарор гирифта, замину гулу булбулу обу ҳавои табиат ҳама ба хоку хун табдил шуда истодаанд.

Дар умум, Пешвои миллат намунаи олии сулҳи поёдор дар минтақа ва ҷаҳон буда, пайваста барои нигоҳ доштан ва ҳалли масъалаҳо барои сулҳ нақши бориз доранд.

Рамазониён А. Б – н.и.ф., ходими илмии Маркази синошиносӣ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123